Тибқи иттилои идораи бозрасии давлатии автомобилӣ, дар даҳ моҳи солӣ ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 1200 садама рух додааст, ки бар асари онҳо 298 нафар фавтида, беш аз 1300 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Дар ин муддат 250 нафар дар пайи садамаи нақлиётӣ дар шӯъбаи ҷарроҳии таъҷилии Маркази миллии тиббии ҷумҳурӣ бистарӣ шудаанд.
Дар Душанбе беш аз даҳ роҳи зеризаминӣ мавҷуд аст, ки аксарият дар ҳолати хуб қарор доранд. Аммо дар бисёр ҳолатҳо роҳгузарон аз онҳо сарфи назар мекунанд. Аксари онҳо бо убур кардани шоҳроҳҳо дар марказ ва канораҳои пойтахт ҷони худро ба хатар мегузоранд.
Қонуни маъмурии Тоҷикистон ҷаримаи вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳро барои пиёдагардон 17, 5 сомонӣ муайян кардааст. Аз аввали сол то ба имрӯз ҳудуди 26,5 ҳазор пиёдагард ва велосипедрон муҷозот шудаанд.
Гуфта мешавад, ки шаҳрвандон умдатан дар ҷараёни рейдҳои умумӣ муҷозот мешаванд, вале рӯзҳои маъмулӣ пулис бақонуншикании онҳо чашм мепӯшад.