Як ҷавони афғон аз сӯи гурӯҳҳои даҳшатафкан шустушӯи мағзӣ мешавад ва ӯро барои интиҳор омода месозанд,то яке аз кормандони баландмақоми давлатиро аз байн бибарад. Аммо дар ниҳоят ин ҷавон аз иҷрои супориш даст мекашад ва аз ҷониби зархаридон кушта мешавад.
Маҳз ҳамин мавзӯъро коргардони ҷавони афғон Басир Сангӣ барои филмаш «One- way» ё «Ҷодаи яктарафа» интихоб кардааст, ки ин филми кутоҳи ҳунарӣ дар ҷашнвораи байналмилалии «Дидор-2010» дар Душанбе соҳиб ҷоиза гардид.
Басир Сангӣ мегӯяд, ин филм баёнгари вазъи феълии Афғонистон аст, ки садҳо нафарони бегуноҳ дар ин кишвар дар пайи ҳамлаҳои интиҳорӣ кушта мешаванд. Дидани ин вазъ, ба гуфтаи мусоҳиби мо, натавонист ӯро дар канор гузорад. «Ҷодаи яктарафа» - нахустин филми офаридаи Басир Сангӣ аст.
Ин филмсози ҷавон дар шароити кунунӣ дар Афғонистон таҳияи филмро кори мушкил унвон мекунад. Зеро, мегӯяд Басир, филмҳои афғонӣ дар дохил ва хориҷи ин кишавар бинанда надорад. Ва аз ин лиҳоз ҳеҷ нафаре ҳозир нест, ки рӯи ин филмҳо сармоягузорӣ кунад.
Аммо ба ҳар сурат дар баробари Басир дар ҷашнвораи имсолаи «Дидор» як филми дигаре ҳам аз Афғонистон пешниҳод шуда буд, ки низ коргадонаш ҷавон аст. Басир умедвор аст, ки дар чанд соли дигар бо кумаки филмсозони ҷавон Афғонистон рушд хоҳад кард .
Ширкаткунандагони ҷавони синамобазм
Дар ҷашнвораи синамо, ки имсол дар кохи «Зебуниссо» дар Душанбе баргузор шуд, наздики 60 филми ҳунариву мустанад аз 12 кишвар ширкат доштанд. Ҳарчанд ин ҷашнвора барои чаҳорум бор доир мегардад, аммо ба гуфтаи мунақиддони кино, вижагии «Дидор-2010» ин аст, ки бештар кори филмсозони ҷавон ба озмун пешниҳод шуданд.
Аз ҷумла аз Тоҷикистон низ дар баробари филмҳои дигар филми «Бигзор ин ҳама хоб бошад»-и коргардони ҷавон Далер Раҳматов намоиш дода шуд ва соҳиби ҷоизаи вижа гардид.
Дар ин бастагӣ Бахтиёр Қаҳҳоров, филмсози тоҷик, мегӯяд,бартарии коргардонҳои ҷавон дар ин аст, ки онҳо барои офаридани филм иродаи қавӣ доранд ва ҳам рақобат пазиранд. Ӯ афзуд, дастрас будани дастгоҳ ва васоили синамоӣ дар чанд соли ахир боиси он шудааст, ки сохтани филм аз сӯи ҷавонон зиёд шавад.
Гуфта мешавад, ҳамасола дар кишвар ҳудуди 20 филм таҳия ва сабт мешавад, вале дар ин миён дарёфти филми ҳирфаиву филмсозони боистеъдод хеле мушкил аст. Дӯстдорони синамо мегӯянд, мантиқан дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ бояд филмҳое намоиш дода шаванд, ки воқеан арзанда ва сифати баланд дошта бошанд.
Бархе аз тамошобинони ҷавони “Дидор-2010” мегӯянд, онҳо аз ин ҷашнвора умедҳои бештаре доштанд. Аммо дар ниҳоят шоҳиди он шудаанд, ки филмҳои пастсифат ба синамобазми имсола роҳ ёфтаанд.
Бо ин ҳама худи филмсозони ҷавон мегӯянд, ҷашновари “Дидор” воситаест, ки онҳоро ба ҳам меорад ва барои табодули афкору роҳандозии ҳамкориҳои оянда кӯмак мекунад.