Ҳайъати Тоҷикистон иборат аз намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии кишвар барои боздид аз яке аз маъруфтарин намоишгоҳҳои ҷаҳонии нассоҷӣ – Интертекстайл Шонгҳой-2010 озими шаҳри Шонгҳой шудаанд.
Ин сафар дар чаҳорчӯбаи барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» сурат мегирад. Барномаи мазкур аз ҷониби Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) амалӣ ва аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад.
Саидмӯъмин Камолов, раҳбари дафтари МБТ дар Тоҷикистон, мегӯяд: «Ҳадафи аслии ин сафар омӯзиш ва хариди намудҳои лозимаи матоъ ва дигар маводи хоми нассоҷӣ мебошад. Ҳамчунин, ин сафар барои намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон имкон фароҳам меорад, то талаботи бозори ҷаҳониии маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагиро биомӯзанд ва бо тамоюлҳои замонавии ин бозор шинос бишаванд, бо тавлидкунандагони дигар кишварҳо дидорҳо баргузор намуда, робитаҳои тиҷоратӣ барқарор намоянд».
Абдулфаттоҳ Шафиев, яке аз масъулони Лоиҳаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон», ба радиои Озодӣ гуфт, шонздаҳумин намоишгоҳи байнулмилалии матоъ ва тавлидоти нассоҷӣ – Интертекстайл Шонҳой-2010 давоми чаҳор рӯз аз 19-ум то 22-юми октябри соли равон дар шаҳри Шонҳойи Чин баргузор мешавад. Дар ҳоли ҳозир, Чин бузургтарин истеҳсолкунандаву содиркунандаи либос ва маҳсулоти дигари нассоҷӣ дар ҷаҳон мебошад.
Бузургтарин ҳамоиши нассоҷон
Намоишгоҳи Интертекстайл Шонҳой-2010 бузургтарин ҳамоиши тавлидкунандагони маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ аз саросари дунё ба ҳисоб меравад ва тақрибан 2500 ширкат аз Чин, Ҳиндустон, Индонезия, Олмон, Итолиё, Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ, Таиланд, Туркия, Тайван – дар маҷмӯъ, аз 20 кишвар, бо шумули брэндҳои маъруфи ҷаҳонӣ ва иттиҳодияҳо, дар ин намоишгоҳ маҳсулоти худро ба харидорони эҳтимолии худ пешниҳод хоҳанд кард.
Дилшод Расулов, сардори раёсати саноати сабуки Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон, ки дар ин сафар ҳайъати Тоҷикистонро ҳамроҳӣ мекунад, мегӯяд: «Ин нахустин сафари чунин ҳайъате аз Тоҷикистон ба намоишгоҳи мазкур мебошад ва ин сафар ба намояндагони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии кишвар имкони хубе фароҳам меорад, то бо истеҳсолкунандагони матоъ ва дигар ашёи хоми нассоҷӣ ва дӯзандагӣ шахсан вохӯрда, бо онҳо имконоти ҳамкориҳои тиҷоратиро баррасӣ намоянд».
Дар ин намоишгоҳ ҳайъати Тоҷикистонро гурӯҳи мутахассисони МБТ роҳбаладӣ мекунад. Дар он ширкатҳои маъруф маҳсулоти худро, сар карда аз намудҳои гаронбаҳои матоъ ба мисли кашмирӣ ва абрешим, то ба матоъҳои пахтагин ва аз ҷинс, маҳсулоти лозима барои нассоҷӣ монанди нах ва ришта, аксессуарҳо ба монанди навъҳои гуногуни тугмаву занҷирак ва ғайраро ба маърази тамошо мегузоранд.