Ҳизбҳои ғолиби Қирғизистон ба Маскав рафтанд

Раҳбарони дастикам се ҳизби сиёсии Қирғизистон, ки дар интихоботи порламонии рӯзи якшанбе аксари ороро ба даст оҳварданд, дар Маскав қарор доранд. Онҳо Алмазбек Атамбаев-раиси Ҳизби Сотсиал-Демократ, Феликс Қулов-раиси Ҳизби Ор-Номус ва Омурбек Бабанов-раиси Ҳизби ҷумҳурихоҳ мебошанд. Бино ба маълумоти таъйиднашуда, Миктибек Абдилдаев-ҳамраиси Ҳизби Ата-Ҷурт низ дар Маскав қарор дорад. Ҳамаи инҳизбҳо бештар аз 5 дарсади ороро ба даст овардаанд ва интизор меравад, ки онҳо ҳукумати эътилофӣ ташкил диҳанд.