Дар чаҳорумин ҷашнвораи байнулмилалии «Дидор — 2010» дар шаҳри Душанбе, 10 филм вориди сабқат шудаанд, ки маҳсули дасти синамогарони Эрон, Афғонистон, Қазоқистон, Русия, Гурҷистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошанд.
"Дидор" байналмиллалӣ шудааст
Сафари Ҳақдод, раиси ҷашнвора ё синамобазми байнулмилалии «Дидор» мегӯяд, ҷашнвора ба ҷашнвора эътибори «Дидор» боло меравад ва ҳоло он воқеан байнулмилалӣ шудааст:
«Аз доваронамон пурсидем, ки «як ҷашнвора то куҷо метавонад даъвои байнулмилалӣ буданро дошта бошад?» Гуфтанд, ки дар сабқат 10 филм бошад, кофӣ аст. «Дидор» байнулмилалӣ шуд. Мо 10 филм дорем»
Оқои Ҳақдод мегӯяд, як вижагии «Дидор-2010» ин аст, ки ин дафъа аз Литва низ филме бо номи «Гирдоб» ба намоиш гузошта мешавад.
Саъдулло Раҳимов, аз синамогарони тоҷик мегӯяд, дар ҷашнвора бештар филмҳои кишварҳои форсзабон — Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон ширкати бештар доранд, аммо аз Қафқозу Русия ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ҳам дар сабқат ва ҳам мушорикат мекунанд.
Оқои Раҳимов афзуд: «Бозёфти асосӣ муайян кардани тамоюли синамои имрӯзаи ҷаҳон аст. Баъд аз занозаниҳои детектививу ҷангу ҷанҷолу шикастҳо, синамои имрӯза боз бармегардад ба қаҳрамони оддӣ. Қаҳрамони оддие, ки мансаб надорад, зӯре барои нишон додан надорад, хеле оддӣ аст»
Оқои Раҳимов аз як филми гурҷӣ ба номи «Соҳили дигар» ёдовар шуд, ки қаҳрамонаш як инсони оддӣ аст ва гӯё ба тамошобин мегӯяд, ба ҷуз мансабдорону қаҳрамонҳои ҷангу каратедонону дигар қаҳрамонҳои филмҳо, ӯ ҳам ҳаст, ӯро ҳам бояд бишнаванду бинанд.
Ҳузури пурранги филмҳои форсӣ
Сафари Ҳақдод мегӯяд, як қисмати ҷашнвора ба филмҳои мустанади марбут ба Теҳрон, пойтахти Эрон ҳастанд ва коргардонҳои эронӣ дар онҳо, ин шаҳри калидии ватанашонро ба бинандагон муаррифӣ мекунанд. Ҳамчунин як гӯшаи синамобазм ба Афғонистон рабт дорад, ки чанд филми кӯтоҳи достонӣ ва «Ситораи сарбоз», филми марҳум Кристофер де Понфили, коргардони Фаронса дар бораи Аҳмадшоҳи Масъудро дарбар мегирад.
Ба гуфтаи оқои Ҳақдод, аз Тоҷикистон чор филми мустанади коргардони тоҷики муқими Маскав Марям Юсуфова ва ду филм - «Тото» -и Искандар Усмонов ва «Бигзор ин ҳама хоб бошад» - и Далер Раҳматов ба намоиш гузошта шудаанд.
Ҷавоншер Ҳайдарӣ, коргардони афғон, муаллифи филми «Аҳмад Зоҳир — алмоси Шарқ» мегӯяд, қарор буд ин ҷашнвора дар Кобул баргузор шавад, аммо ба далоили амниятӣ дастандаркорон аз ин иқдом даст кашиданд: «Ҳоло ду филми Афғонистон дар сабқат ширкат мекунад. Умедворем, ки баранда мешавем. Хуб боз хоҳем дид, ки чӣ мешавад»
Мавлуда Раҳматова, як тамошобини «Дидор-2010» мегӯяд, ба синамо аз оғоз шавқ дорад ва ин ҷашнвораи байнмилилалиро аз соли 2004 ба ин сӯ пайгирӣ мекунад. Вай гуфт, сол ба сол сифати синамобазм тағйир меёбад ва имсол вижагии хосеро, ки мушоҳида кардааст, тамошобинон будаанд:
«Зиёд хуш шудам аз он, ки атфол ва мактаббачаҳои маҳаллаҳои атрофи кохи Зебуннисо бидуни ягон огаҳӣ ба ҷашнвора меоянд. Онҳо ҳам филмҳои озмунӣ ва ҳам хориҷ аз озмунро дарк мекунанд. Эҳсос мекунанд, ки дар бораи чӣ ҳаст. Дуруст мефаҳманд ва вокуниш нишон медиҳанд»
Садои кӯдакон
Сафари Ҳақдод ҳам мегӯяд, аз ширкати бачаҳо хеле хушаш омадааст, зеро онҳо бо ҳузури худ ба кори доварон халал ворид накардаанд ва ҳамчунин шикояти доваронро нашунидааст.
Як кӯдаки 7 сола, ки Равшан ном дорад гуфт, тамошои филмҳоро дӯст медорад:
«Намефаҳмам, ки чӣ мегузарад. Аммо он ҷо одамони ким чӣ хел аҷоиб ҳастанд. Ин ҷо ранги филмҳои хонамон занозан надорад»
Синамобазми «Дидор-2010» 6 ҷоиза дорад, ки бузургтаринаш 3 ҳазор доллари амрикоӣ қимат дорад. Ин ҷашнвора, ки бо мусоидати молии Бунёди Сорос ва Дафтари ҳамкориҳои Шветсария дар Тоҷикистон баргузор мешавад ва ягона тадобири фарҳангӣ дар соҳаи синамо дар Тоҷикистон аст, ки ба гуфти дастандаркорон, филмсозони тоҷикро барои ҷаҳонӣ шудан таҳрик медиҳад.