Матбуоти ғарбӣ навиштааст, ки нирӯҳои эътилофии таҳти раҳбарии НАТО талош доранд, барои барқарории иртиботи миёни ҳукумати Афғонистон ва раҳбарияти Толибон мусоидат карда, вуруди амну бехатари онҳо ба Кобул бо ҳадафи ширкат дар музокироти сулҳ шароит фароҳам оваранд.
Рӯзи панҷшанбе чанд нашрия бо такя ба манбае дар мақомоти НАТО, ки нахостааст номаш бурда шавад, навиштанд, ин гуфтугӯҳо ҳанӯз дар марҳилаи аввалия қарор дошта, аз онҳо ҳанӯз намешавад ба унвони музокираҳои комил ёд кард.
Дар гузашта ҳам НАТО ва ҳам ИМА пуштибонии худро аз талошҳои дастёбӣ ба сулҳ бо Толибон, ки аз ҷониби ҳукумати раисиҷумҳурӣ Ҳомиди Карзай анҷом шудааст, баён кардаанд.
Мақоми НАТО гуфтааст, ки “мо барои барқарории тамоси миёни ҳукумати Карзай ва Толибон дар сатҳҳои мухталиф миёнҷигӣ кардаем”. Аммо ин мақоми НАТО аз додани тафсилоти бештар худдорӣ кард.
Музокираи махфӣ бо Толибон
Ин манбаъ гуфтааст, ки то ҳол як чунин музокирае бидуни огаҳии нирӯҳои эътилофӣ ё ISAF миёни намояндаҳои ҳукумат ва Толибон дар шароити махфӣ дар як маҳалли амни Кобул аммо хатарнок барои шӯришиён баргузор шудааст. Вай афзуд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз боздошт ё кушта шудани музокиракунандаҳои Толибон нирӯҳои ISAF бояд дар ҷараёни ин музокираҳо бошанд.
Дар ҳамин ҳол, Ройтерс мегӯяд, ки Толибон расман вуҷуди музокираҳову гуфтугӯҳоро рад кардаанд. Забеҳулло Муҷоҳид ҳамаи ин изҳоротро таблиғоти давлатӣ номидааст.
Вале аз нигоҳи мақомоти Афғонистон, ки хеле сахт будани музокираҳо бо Толибонро эътироф мекунанд, боз ҳам гуфтугӯҳо яке аз созандатарин роҳҳалҳои хатми хушунатҳо дар Афғонистон мемонад, ба вижа дар пешорӯи оғози берункашии нирӯҳои ИМА аз ин кишвар. Барак Обама, президенти Амрико гуфтааст, ки аз моҳи июли соли 2011 100 ҳазор нирӯи ин кишвар ба берун шудан аз Афғонистон шурӯъ хоҳанд кард.
Толибон хаста шудаанд
Таҳлилгарони сиёсӣ дар Афғонистон мегӯянд, баъди нӯҳ соли ҷангҳо на танҳо ҳукумату артиш ва нирӯҳои хориҷӣ, балки худи Толибон ҳам хаста шудаанд. Исмоили Қосимёр дар ин бора дар сӯҳбат бо радиои Афғонистони Озод гуфт:
“Охир Толибон афғонҳои мо ҳастанд, бачаҳои ҳамин ватан ҳастанд. Ҳоло ба ҳар далеле, ки бошад, яъне масъалаи фақр, ихтилофи фикрӣ ё ҳатто ихтилофи ақидатӣ, яъне бо назардошти бардошти хосе, ки онҳо аз шариат доранд, ба фикри ман, инҳо озурда шуданд. Фикр намекунам, ки инҳо розӣ бошанд, ки ҳамеша ин тавр дар ҷанг зиндагӣ кунанд”.
Дар айни замон оқои Қосимёр гуфт, ки мутмаин аст, нирӯҳои хориҷӣ бояд танҳо дар сурати эҷоди сулҳи пойдору босубот дар Афғонистон хоки ин кишварро тарк кунанд. Вай мегӯяд, нирӯҳои хориҷӣ ҳам мехоҳанд “бозгашти обрӯмандонае” дошта бошанду мутмаин бошанд, ки мардуми Афғонистон дигар метавонанд зиндагии оддиву бидуни хушунатро ба роҳ мемонанд.
Бархе дигар таҳлилгарон, ки нақши фаъоли ҳарду ҷониб – ҳам ҳукумат ва ҳам нирӯҳои норозӣ аз давлати Афғонистонро дар таъмини сулҳи ин кишвар зарур медонанд, мегӯянд, пеш аз ҳама “сулҳ бояд ба ҳайси як масъалаи миллӣ” арзёбӣ шавад.
Роҳи созиш бо Толибон
Коршиноси умури сиёсӣ Исмоили Акбар мегӯяд, талошҳои гузашта барои барпо кардани музокироти сулҳ бо Толибон аз он хотир шикаст хӯрданд, ки дар миёни афроди ҳукуматӣ “иродаи содиқ барои сулҳ” мавҷуд набуд. Илова ба ин, гуфт ӯ, бояд дар назар гирифт, ки ба Толибон сулҳ таҳмил нахоҳад шуд ва хостҳои онҳо ҳам бояд шунида шавад:
“Хоҳише, ки аз Толибон дорем, ин аст, ки роҳи ҳалли сиёсӣ ҳатто барои тақозоҳои онҳо беҳтар аст ва ҷанг дар шароити феълии дунё ва шароити хосаи Афғонистон бисёр як падидаи музир аст”.
Ҳафтаи гузашта фармондеҳи аршади нирӯҳои Амрико генерал Дэвид Петреус дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Афғонистон гуфт, ки чанде пеш раҳбарони баландмақоми Толибон бо ҳукумати ин кишвар дар тамос шуда гуфтугӯҳоро шурӯъ карданд. Вай гуфт, дар шароити хастагиву ноумедии афзоянда аз идомаи хушунатҳо дар миёни ҳам амрикоиҳо ва ҳам афғонҳо, баъзе аломатҳо аз дигар шудани вазъ тадриҷан ба чашм мехӯрад.