Саҳнаҳои риққатангези берункашидани ангиштканҳо аз қаъри 700-метрии зaмин дар шимоли Чилӣ рӯзи чоршанбе тамоми хабарҳои муҳими дунёро пахш кард. Дар Аврупову Осиё ва Амрико мардум соатҳо поёни бомуваффақияти қиссаи 33 ангиштканро мушоҳида мекарданд, ки қариб 70 рӯз идома идома дошт ва умедоворӣ ба зинда мондани онҳоро ба сифр баробар карда буд.
Ҳама шоҳид буданд, ки баробари аз дохили дастгоҳи вижа ё лифт берун шудани ангишканҳо ҳамсару фарзандонашон ба оғушӯ шодбоши онҳо шитофтанд. Ба монанди кӯҳканкҳо, дар ин рӯз раиси ҷумҳурии Чилӣ Себастиян Пинера низ қаҳрамони рӯз буд ва ҳамроҳ бо ҳамсараш дар маҳалли амалиёти наҷот қарор дошт.
Дар ҳоле, ки ҳузури раиси ҷумҳур дар маҳалли ҳодиса як иқдом ё манёври сиёсӣ унвон шудааст, боз ҳам мардуми Чилӣ аз раҳбари худ қаноатманд буданд. Флоренсио Авалос, аввалин коргар, ки аз қаъри замин берун шуд бо сипос ба раҳбар ва мардуми ин кишвар гуфт, ки кӯҳканҳо пуштибонии онҳоро ҳамеша эҳсос мекарданд. Худи раисиҷумҳур изҳор дошт, ки дарси фоҷеъаи кӯҳканҳо ҳеҷ гоҳ фаромуш нахоҳад шуд:
“Он тавре ки зилзилаи моҳи феврал нишон дод, кӯҳканҳо ҳамингуна муттаҳидии Чилиро шоҳид шуданд. Мо ҳам ҳаминро собит кардем, ки дар баробари мусибату нохушиҳо ба иҷрои корҳои бузурге қодир ҳастем. Дар ҳолатҳои бадтарин равонӣ кишвари мо боз ҳам бузургии худро ба намоиш мегузорад”.
Таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳон ба фоҷеаи кӯҳканҳо
Саҳнаи наҷоти кӯҳканҳо аз тариқи шабакаҳои телевизионии ҷаҳон ва моҳвораҳо пахш шуд ва шаҳрвандони Тоҷикистон низ аз тамошои ин лаҳзаҳо бенасиб намонданд. Ҳунарпеша ва филмсози маъруфи тоҷик Барзу Абдураззоқов саҳнаи аз қаъри замин беруномадани кӯҳканҳоро ҳамроҳи модараш ашк дар чашм аз шабакаи байналмилалии “Евронйюс” тамошо кард.
Ӯ меӯяд: "Ҳарчанд дидани ин саҳнаҳо даҳшатовар буд, вале ман ҳасад мебарам, ҳасад аз он ки президент дар наздашон, барои он ки тамоми Чилӣ муттаҳид шудааст, ин 33 нафар ҳеҷ гоҳ бадбахт нестанд. Ман ин ҳарфҳоро мегӯяму боз ашк мерезам, барои он ки агар 33 тоҷик ба ин ҳол меафтод, шояд дар наздашон ягон кас намебуд”.
Оқои Абдураззоқов афзуд, аз рӯзҳои аввали вуқӯи ин ҳодиса дидааст, ки мардуми Чилӣ ҳамроҳ бо ҳукумати ин кишвар барои наҷоти ангиштканҳо “дуо мекарданду намоз мегузоштанд ва ба худо муноҷот мекарданд. Афсус, ки ин гуна якдилӣ дар Тоҷикистон нест- гуфт ҳунарманди шинохта.
"Ман ҳеҷ гоҳ ба умеди ҳукумат набудам"
Як ҷавони тоҷик гуфт, ҳар вақте мешунавад, ки ҳукумати кишварҳои мисли Амрико, Олмон, Фаронса, Исроил, Австралия ва дигарҳо ҳамеша барои дифоъи шаҳрвандони худ садо баланд мекунанд, аз мақомоти кишвари худ ноумед мешавад. Раҳматулло Назаров, ҷавони тоҷик қариб се сол бо иттиҳоми қочоқи нашъа дар зиндони Русия ба сар бурда ниҳоят бегуноҳ будани худро исбот кардааст. Ӯ мегӯяд? ба ғайр аз волидонаш касе ба ӯ онҳо дасти ёрӣ дароз накард. "Ман дар роҳи талош барои берун рафтан аз зиндон ҳеҷ гоҳ ба умеди ҳукумати Тоҷикистон набудам" - мегӯяд Раҳматулло.
“Тоҷикон як мақоли хубе доранд, ки мегӯяд: “Аз худ мондӣ - аз ҳама мондӣ”. Ягон кас ба ту кӯмак намекунад. Як воқеаи сахти дигаре аз сари мо гузашт. Писари амакам дар Русия бандагӣ кард. Мо рафта ба сафорати Тоҷикистон муроҷиат кардем, ба мо гуфтанд, ки танҳо 200 рубл дода метавонанду халос. Ягон таксӣ бо ин 200 рубл барои интиқоли майит то аэропорт розӣ намешавад”.
Дар ҳоле, ки шаҳрвандони Тоҷикистон заъфи молии ҳукумати кишварро эътироф мекунанд, аммо мегӯянд дар бисёр ҳолатҳо бештар ба пуштибонии маънавию сиёсии ҳукумат ниёз доранд.
Бархе мусоҳибони мо мегӯянд, ҳукумати кишвар гоҳо барои ҷилавгирӣ аз пахши хабарҳои нооромкунанда ё дур кардани таваҷҷуҳи мардум аз фоҷеъае амсоли ҳамлаи масаллаҳона ба корвони аскарони ҳукумат, аз баррассии мавзуъ комилан лаб фурӯ мебандад. Шабакаҳои телевизионӣ низ ба хотири тасдиқи оромии вазъ барномаҳои тафреҳӣ пахш мекунанд.
Садоқат ба миллат ё ба раҳбар?
Ба гуфтаи хабарнигори тоҷик Абдуазими Абдуваҳҳоб, мақомоти Тоҷикистон ба ҷои ҳалли иштибоҳоти худ бо матбуот даст ба гиребон мешаванд ва гуноҳро бар души расонаҳо бор мекунанд.
“Онҳо масъулиятшинос нестанд, танҳо дар назди президент масъулият ҳис мекунанд. Дар назди мардум ва дар назди онҳое, ки ба онҳо нигоҳ мекунанд, масъулият ҳис намекунанд. Танҳо садоқат ба раҳбар доранд ва коре мекунанд, ки ба раҳбар ва аз худ болоҳошон мақбул бошад”.
Аммо Парвиз Бобоев як сокини дигари Тоҷикистон гуфт ба ин ақида, ки ҳукумати кишвар аз шаҳвандон пуштибонӣ намекунад, розӣ нест. Ӯ гуфт аз рӯйдодҳои дохилу хориҷи Тоҷикистон бохабар аст ва медонад, ки ҳукумат ба зардидаҳои офати табии кӯмак мерасонад ва аз ҳоли онҳо бохабар мешавад.
Аз сӯи дигар Оқои Бобоев эътироф кард, ки дар ҳалли мушкили худ, берун аз ватан ба умеди мақомоти Тоҷикистон намешавад.
Гурӯҳе аз шаҳрвандон, махсусан муҳоҷирони корӣ, ки пайваста дар Русия мавриди ҳамлаи сартарошидаҳо ё миллатгароёни рус қарор мегиранд, талошҳои мақомотро дар роҳи пуштибонӣ аз шаҳрвандон нокофӣ мешуморанд. Онҳо аз чанд куштори пурсарусадои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ёдовар мешаванд, ки ҳукумати Тоҷикистон аз онҳо ҷиддан пайгирӣ накард ва "ҳақро ба ҳақдор нарасонд".