Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар гузориши тозанашри худ мавқеи занонро дар ҷомеаи 134 кишвар аз назари имкониятҳои иқтисодӣ, савод, беҳдошт ва ҷойгоҳи сиёсӣ арзёбӣ кардааст. Тоҷикистон дар гузориши имсолаи ин созмон дар мавқеи 89-ум ҷойгир шудааст.
Саъдия Зоҳидӣ, яке аз муаллифони ин гузориш мегӯяд, Тоҷикистон, ки аз соли 2007 инҷониб дар таҳқиқоти Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ ширкат мекунад, дар ин муддат ба пешравиҳои андаке даст ёфтааст.
Тоҷикистон дорои нишондодҳои баланд нест
Сабаби аслии ин, ки Тоҷикистон дар миёни кишварҳои дорои нишондодҳои баланд қарор надорад дар ин аст, ки вазъи занҳо дар Тоҷикистон аз лиҳози таҳсил, беҳдошт ва шароити зист чандон хуб нест.
Саъдия Зоҳидӣ мегӯяд : “Тоҷикистон дар миёни он кишварҳое зикр мешавад, ки занҳояш назар ба мардон умри кӯтоҳтар мебинанд. Синни миёнаи дарозумрии занону мардон дар Тоҷикистон мутаносибан 57 ва 58 сол муқаррар шудааст. Дар ҳоле, ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон баръакс занҳо назар ба мардҳо умри дарозтар мебинанд. Дар масъалаи саводнокӣ нишондодҳои ин кишвар баланд аст, қариб 100 дар сади мардону занон босаводанд. Вале вақте шумо фаротар нигоҳ карда ба таҳсили духтарҳо дар мактаби миёнаву олӣ баҳо медиҳед, мебинед, ки вазъ дигар мешавад. Дар синфҳои ибтидоии мактаби миёна маъмулан 95 % духтарҳо ва 99 % писарҳо, дар мактаби миёна 77 % духтарҳо ва 88 % писарҳо ва дар мактаби олӣ 11 % духтарҳо ва 29 % писарҳо таҳсил мекунанд”.
Омори расмӣ мегӯяд, ки назар ба даврони шӯравӣ, шумори занҳои соҳиби маълумоти олӣ ҳоло чор баробар камтар шудаанд.
Хонум Зоҳидӣ афзуд, дар масъалаи ширкати занон дар ҳаёти иқтисодии кишвар, нишондодҳои Тоҷикистон нисбат ба дигар бахшҳо баландтар буда, ин кишвар мақоми 40-умро касб кардааст.
Ҳузури занон дар сиёсат низ камранг аст
Ба гуфтаи хонум Зоҳидӣ, ин ҷо 60 дар сади занҳо ва 81 дар сади мардҳо машғули кор ҳастанд. Дар масъалаи салоҳиятҳои сиёсии занҳо бошад, ҳузури 20-дарсади занҳо дар маҷлиси намояндагон бисёр кам аст.
Инчунин, шумори кам, яъне танҳо 6 дар сади занҳо дар мақомҳои баланди вазоратхонаҳои ин кишвар қарор доранд ва аз ин рӯ, нуфузи сиёсии онҳо хеле ночиз аст.
Маркази таҳлилии “Шарқ” мегӯяд, занҳо дар Тоҷикистон танҳо 50-60 дар сади даромади мардонро ба даст меоранд. Созмони ҷаҳонии кор муқаррар кардааст, ки дар Тоҷикистон 52 дар сади кормандони бахши маориф, 64 дар сади бахши беҳдошт ва 60 дар сади кормандони риштаи кишоварзиро занҳо ташкил медиҳанд.
Назар ба мушоҳидаҳо, аз сӯе агар худи занҳо бештар пешаҳои камдаромади мисли ҳамшираи шафқат, омӯзгорӣ ё котибагиву тарҷумонӣ ё фарроширо интихоб кунанд, аз сӯи дигар, дар ҳолатҳои хеле зиёд мавридҳои табъизи ҷинсӣ монеи пешрафтӣ онҳо мешавад.
Ҳузури "фаъол" дар бахши кишоварзӣ
Аксар таҳлилгарон мегӯянд, дар ҷомеаҳои мардсолор ҳангоми тақсими кору вазифа, кордиҳанда бештар ба номзади мард бештар такя мекунад, чун фикр мекунад, ки зан тавони бардошти ҳама шароити корро нахоҳад дошт.
Зан бештар ба оилаву фарзанд пойбанд буда пештар аз мард ба ҳалли мушкилоти хонаводаии худ банд мешаванд, ки ин чиз ба кордиҳандаҳои бисёр хуш намеояд. Аз ин хотир, даромади пулии занҳову мардҳо барои як намуди кор фарқ мекунад.
Саодат Олимова, масъули маркази назарсанҷии “Шарқ” мегӯяд, аксар занҳои Тоҷикистон бо кори кишоварзӣ машғул ҳастанд.
“20 дар сади даромади умумии хонаводаҳо дар Тоҷикистон аз корҳои кишоварзӣ ба даст меояд ва дар ин ришта асосан занҳо машғул ҳастанд. Аммо ин корҳо даромади пулӣ надорад, ҳосили ин корро бо чашми оддӣ дидан ғайри имкон аст. Яъне ҳеҷ кас ҳисоб намекунад, ки помидору кабудии зан ҷамъоварда чанд пул мешавад. Ҳеҷ кас ҳисоб намекунад, ки нархи нигоҳубини кӯдаку волидони пираш, қимати бузу гӯсфандчаронӣ чанд аст. Аз ин рӯ, ҳосили кори зан бо пул баён карда намешавад”.
Хонум Олимова афзуд, дар муқоиса, даромади мардон, ки одатан бо пул арзёбӣ мешавад, мавқеи онҳоро ҳам дар хонавода ва ҷомеа якбора болотар карда, фаъолияти онҳо аҳамияти иҷтимоӣ касб мекунад.
Нигаронӣ аз дур мондани духтарон аз таҳсил
Ҷомеашинос Марям Давлатова мегӯяд, дар оянда вазъ метавонад аз имрӯз ҳам бадтар шавад чун шумори ҳар чӣ бештари духтарҳо то рафт аз таҳсил дур мешаванд ва ин чиз ҷиддан монеи рушди ҷомеа хоҳад шуд. Яке аз сабабҳо хурофотӣ шудани ҷомеа аст.
Вай гуфт: “Ман зидди Ислом нестам. Аммо исломгароии ҷомеа ба як шакли хурофотӣ ҷараён мегирад. Худи фарҳанги исломӣ ба ҷомеа чандон роҳ наёфта истодааст, балки дар ҷомеа бо номи фарҳанг ҳамон хурофоти исломӣ ҷо шудааст, ки занонро аз кори ҷамъиятӣ, аз фаъолият, аз таҳсил дур мекунад ва мардум кӯшиш мекунанд, ки атрофи занони худ, хоҳ хоҳаронашон бошанд, хоҳ модаронашон, хоҳ фарзандонашон ва хоҳ занҳояшон – деворҳо бунёд кунанд”.
Вай дар идомаи суханаш афзуд, ки фарогир ва хеле амиқ будани решаҳои ин ҳама мушкилот боиси камасар шудани талошҳои созмонҳои мудофеи ҳуқуқи занон шудааст.
Марям Давлатов гуфт, яке аз барҷастатарин пешрафтҳо дар ҳаёти занони тоҷик ба майдон омадани созмонҳои ҷамъиятӣ мебошад, ки роҳи бисёр занҳои соҳибистеъдод ва аммо бекорро дар ҷодаи ҳуқуқ, ҳунар, варзиш ва дигар бахшҳо ҳамвор кард.
Машварати Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ ба ҳукумати Тоҷикистон ин аст, ки барои беҳтар шудани мавқеи занҳо дар ин ҷомеа қонунгузории кишварро дар заминаи баробарҳуқуқмии занҳову мардҳо беҳтар риоя карда, таҷрибаи кишварҳои муваффақро дар заминаи ҷилавгирӣ аз табъизи занҳо мавриди омӯзиш қарор диҳад.