Талошҳо барои бозсозии шаҳри Кобул

Бар асари ҷангҳои тӯлонӣ шаҳри куҳани Кобул осори зиёди таърихии худро аз даст дод. Вале бархе созмонҳои имдодрасон талош доранд симои пешинаи ин шаҳри бостониро барқарор кунанд. Дар маҳаллаи Муродохонии шаҳри Кобул талошҳо барои бунёди донишгоҳи ҳунар ҷараён дорад, ки имкони ифтитоҳи мактабҳои зиёди расму наққошӣ, заргарӣ, чӯбтарошӣ ва дигарҳоро фароҳам меорад.
Муаллиф: Чарлз Рекнегел

Ҳоло барои як сокини кӯҳансоли Кобул сахт аст, ки симои пешини пойтахти Афғонистонро дуруст ба ёд оварад: ҷангҳои тӯлонӣ маконҳои зиёди Кобулро хароб карда сохтмонҳои зебову боназокати чӯбиву хиштии ин куҳаншаҳр аз ёдҳо рафтааст.

Харобаҳои Муродхонӣ

Вале дар баъзе нуқоти қисмати қадимаву қашшоқи Кобул, дар пушти боқимондаҳои сохтмонҳои даврони шӯравӣ маҳаллае аён аст, ки бо исми Муродхонӣ маъруф аст. Мегӯянд, аксар сохтмонҳои ин маҳал бо хишти хом сохта шуда ҳоло қобили барқарор шудан нестанд. Бархе харобаҳои беодами ин маҳал ба бозорҷойҳо табдил шуда ҳавлиҳои дигарро мардум чун партовгоҳ истифода мекунанд.

Вале чаҳор сол инҷониб Муродхонӣ бо кӯмаки маблағгузорони хориҷӣ рӯ ба барқароршавӣ овардааст. Ин маҳалла тоза ба як ганҷинаи нодири таърихӣ табдил мешавад.

Рори Браун, як масъули ин тарҳ мегӯяд, танҳо кори аз партовгоҳ тоза кардани ин маҳалла як кори бузурге буд, ки анҷом шуд.

“Аз соли 2006 мо тақрибан 20 ҳазор метри кубӣ партовҳоро аз хиёбону ҳавлиҳо, аз маконҳои харобшудаи сотхтмонҳо дар Муродхонӣ берун кардем. Дар натиҷа, баландии хиёбонҳо 2 метр кӯтоҳтар шуд”.

Кумаки шоҳзодаи Уэлс

Пружаи мазкур бахше аз барномаи мавсум ба Фирӯзкӯҳ аст, ки қимати умумиаш 25 миллион доллар буда аз ҷониби ду шахсияти маъруфи бритониёӣ маблағгузорӣ мешавад. Яке шоҳзодаи Уэлс ва дигарӣ - муассиси барномаи Фирӯзкӯҳ Рорӣ Стюарт мебошад. Баъди суқути Толибон ӯ ба Афғонистон рафта бо чашми худ арзишҳои меъмориву фарҳангии Кобулро арзёбӣ кардааст.

Дар миёни сохтмонҳое, ки дар чаҳорчӯби тарҳи мазкур дубора барқарор мешаванд, Қасри товус ном бурда мешавад, ки аз номи наққошии девори чӯбии ин бино гирифта шудааст. Мегӯянд, мисли дигар сохтмонҳои маҳаллаи Муродхонӣ Қасри товус ҳам дар солҳои 1920 аз ҷониби сарватмандони ин маҳал бунёд шудааст.

Зимнан, бояд таъкид кард, ки худи ин маҳалла дар ҳамсоягии қасри шоҳ ҷойгир аст, ки дар замони Аҳмадшоҳи Дурронӣ бунёд шуда буд. Ҳадаф аз барқарории Муродхонӣ аз як сӯ аз нобудӣ нигоҳ доштани он ва аз сӯи дигар, бунёди хобгоҳе барои донишҷӯёни Донишгоҳи ҳунар ва меъмории Афғонистон будааст. 15 сохтмони ин маҳалла ба синфхонаҳои ин мактаби ҳунар табдил шуда донишҷӯёнро бо таҳсил фаро хоҳанд гирифт.

Марказҳои ҳунарӣ барои донишҷӯён

Умеди муаллифони пружа ин аст, ки ба донишҷӯён роҳи нави таъмини зиндагӣ тавассути фурӯши осори ҳунарии худ ва дарёфти маблағро омӯхта ҳамчунин ин маҳалро бо барқ ва обу корез таъмин кунанд. Тарҳи дигар бунёди маркази занон дар ин маҳал мебошад. Дар сурати пурра амал кардани ҳамаи ин сохторҳо сокинони ин атроф бо кор таъмин хоҳанд шуд, мегӯянд масъулин. Аммо ҳоло мактаби сафолсозии Муродхонӣ пурра амал мекунад.

Абдулматин, устоди ин мактаб, ки худ ин муассисаро соли гузашта хатм кардааст, мегӯяд, душвортарин бахши кори онҳо омӯхтани тарзи қадимаи ранг кардани сафол будааст.

Усто гуфт, ки ба иловаи кори ин донишгоҳ ҳамчунин бо кулолгарӣ машғул буда даромади хонаводаи худро аз ҳамин ҳисоб таъмин мекунад. Вай мегӯяд, баробар бо ҳунари кулолгарӣ шогирдонаш дарси таъриху фарҳанги миллии афғонӣ, дарси тарроҳӣ, тиҷорат ва забони англисиро меомӯзанд.

Бозгашти ҳунармандон ба ватан

Ҳоло дар ин мактаб 120 донишҷӯ дар риштаҳои сафолсозӣ, чӯбтарошӣ, заргарӣ ва наққошӣ дарс мехонанд. Ҳоҷӣ Аслам раҳбари мактаби заргарии ин донишгоҳ аст. Худи ӯ, ки аз хонаводаи заргарҳои авлодӣ мебошад, мегӯяд, бахши калони зиндагии худро дар муҳоҷирати Покистону Эрон ба сар бурдааст.

Ҳоҷӣ Аслам афзуд, ки ҳоло корди заргарҳои Кобул ба қавле болои равған буда онҳо дар кори эҷоди гӯшвору дастпона, бозубанду гарданбандҳо ҳам аз шеваи қадима ва ҳам замонавӣ истифода мекунанд. Вай мегӯяд, бисёр умед дорад, ки донишҷӯёни вай зиндагии беҳтаре хоҳанд дошт.