Ҷоизаи иқтисодии Нобел барои соли 2010-умро ду иқтисоддони амрикоӣ ва як донишманди бритониёии қибрисиюласл бо худ бурданд. Кумитаи эътои ҷоизаҳои Нобел гуфт, Питер Даймонд, Дейл Мортенсен ва Кристофер Писсаридес ба хотири ташреҳи асароти танзиму сиёсатҳои иқтисодӣ ба бозори кор, аз ҷумла ба мизони бекориву маош сазовори ин ҷоизаи баланд шудаанд.
Фарҳангистони улуми подшоҳии Шветсия, масъули эътои ҷозиаи иқтисодии Нобел гуфт, ин 3 донишманд дар таҳлили бозори кор ва омилҳои таъсиргузор ба вазъи нишондиҳандаҳои аслии ин бозор муваффақ шудаанд.
Ба назари маҳофил, эътои ҷоизаи иқтисодии Нобел ба се муҳаққиқи масоили бекорӣ бахусус дар шароити имрӯз, ки бӯҳрони саросарии молӣ боиси дигарбора дар мадди аввал қарор гирифтани мушкилоти бекорӣ ва бӯҳрони бозори кор шудааст, хеле рамзӣ ба назар мерасад.
Муҳаққиқони бозори кор
Бертил Ҳолмлунд, мудири кумитаи эътои ҷоизаҳои иқтисодии Нобел дар шарҳи далоили пирӯзии ин 3 донишманд гуфт:
“Таҳқиқоти онҳо аз ҷумла як назарияи фарогириӣ бекорӣ ва тавозуни бекориро бармало мекунад. Ва дар ин назария, ташвиқ ба ҷустуҷӯи ҷойи кор ва ҷалби нирӯи корӣ нишондиҳандаҳои аслии бекорӣ ва боқӣ падидаҳои бозори кор маҳсуб мешаванд.”
Кристофер Писсаридес 62 сол дошта, профессори Мактаби иқтисодии Лодон, аз мӯътабартарин макотиби иқтисодии муосир аст. Дейл Мортенсени 71-сола даро Донишгоҳи шимолуғарбӣ дар Эванстон, аёлати Иллинойси Амрико низ соҳиби курсии профессорист.
Барандаи севвуми ҷоизаи имсолаи Нобел Питер Даймонд 70 сол дорад ва дар донишкадаи фанновариҳои аёлати Массачуссется машғули таҳқиқи масоили амнияти иҷтимоӣ, нафақа ва молиёт будааст.
Обама барандаи Нобелро ба кор даъват кард
Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама Питер Даймондро ҳатто ба узвияти Шӯрои ҳуккоми Бонки федеролии Амрико пешбарӣ кардааст.
Аммо аъзои Сенат то рафтан ба корзори интихоботи миёндавраии Конгресс натавонистанд дар амри тасвиби номзадии ӯ дастёб шаванд.
Бертил Ҳолмлунд, мудири кумитаи эътои ҷоизаҳои иқтисодии Нобел мегӯяд:
“Назарияи Даймонд, Мортенсен ва Писсаридес ба як василаи аслии таҳлилҳои макроиқтисодии бозори кор табдил ёфтааст. Аз ҷумла ба ин далел, ки ба манзури расидагӣ ба масоили мухталиф қобили истифода мебошад. Вале доманаи истифодаи ин назария аз марзи танҳо бозори кор берун меравад. Ин назария барои омӯзиши масоили иқтисоди монетариву иқтисоди ҷамъиятӣ, масоили молӣ ва ҳам барои иқтисодиёти хонаводагиву хонадорӣ низ истифода мешавад."
Муътабартарин ҷоизаи ҷаҳонӣ
Ҷоизаи иқтисодии Нобел расман Ҷоизаи Сверигс Риксбанк барои улуми иқтисодӣ ба ёди Алдред Нобел ном дошта, соли 1968, яъне 93 сол қабл аз таъсиси нахустин ҷоизаҳои Нобел, таъсис ёфтааст.
Ин ҷоиза бо дигар ҷоизаҳое, ки кашшофи динамит Алдфред Нобел соли 1895 таъсис дода буд ва ин маҷмӯъа феълан 4 ҷоизаи Нобел дар улуми физикаву химия, тиббу адабиёт ва ҳам ҷоизаи сулҳи Нобелро дар бар мегирад, рабти мустақиме надорад.
Аммо бо ҳар вуҷуд, бо 10 миллион доллар крони Шветсия, ё худ чизе дар ҳудуди 1,5 миллион доллар маблағаш аз мӯътабартарин ҷоизаҳои иқтисодии дунёи имрӯз шинохта мешавад.