Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҷангиёни кушташуда дар водии Рашт ғолибан аз аҳли ин минтақа нестанд. Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, ҳеҷ кадом аз панҷ нафареро, ки ҷасадҳои онҳо барои шиносоӣ дар саҳни бемористони шаҳраки Ғарм гузошта шуда буд, мардуми маҳал нашинохтаанд.
Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: "Шахсияташон ҳам маълум нашудааст. Гумон меравад, ки инҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва минтақа нестанд. Эҳтимол дорад, ки дар миёни ин гурӯҳҳои ҷиноятпеша афроди хориҷӣ ҳастанд».
Дар ҳамин ҳол шоҳидон мегӯянд, ки аз якеи онҳо шиносномаи русӣ пайдо шудааст, ки гӯё ба Рамил Ҳамзияев, шаҳрванди тотортабори Русия тааллуқ доштааст.
Худдории сафорат аз шарҳи ҳодиса
Бо ин ҳол сафорати Русия дар Душанбе то ҳол ба хабарҳои нашршуда дар бораи эҳтимоли кушта шудани дастикам як шаҳрванди Русия дар даргириҳои ахирои водии Рашт вокунише нишон надодааст. Алексей Степанов, сухангӯи сафорати Русия дар Душанбе аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ намуд ва гуфт, онро бо роҳбарияти сафорат матраҳ хоҳад кард.
Аммо коршиносон мегӯянд, ошкор шудани ҳуввияти яке аз афроди мусаллаҳ иддаои мақомоти Душанбе дар бораи ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ дар сафи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар водии Раштро тақвият медиҳад.
Дар ҳамин ҳол расонаҳо дар бораи вуруди ҷангиёни хориҷӣ ба Тоҷикистон ахбори зиддунақиз нашр мекунанд. Қаблан як расонаи амрикоӣ аз қавли ҳаракати Толибон навишт, ки гӯё ҷангиёни ӯзбаку тоҷики марбут ба Ҳаракати исломии Ӯзбакистон аз Афғонистон ба шарқи Тоҷикистон гузаштаанд.
Як расонаи интернетии Қирғизистон ҳамин тавр аз боздошти ду қирғиз дар шаҳраки Ҳисори Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ба навиштаи ин нашрия, аз Қирғизистон вориди Тоҷикистон шуда, дар даргириҳои ахир дар водии Рашт ширкат кардаанд. Маркази матбуотии вазорати корҳои дохила ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ин иттилоъро таъйид ё такзиб накарданд.
Шаҳрвандони Русия дар гурӯҳҳои мусаллаҳ
Аммо овозаҳо дар бораи аз қаламрави Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид шудани гурӯҳи бузурги ҷангиёне, ки дар беназмиҳои Ӯшу Ҷалолобод даст доштаанд, чандест давр мезанад. Дар рӯзҳои нооромиҳои тобистони соли гузашта дар Тавилдара низ дар бораи кушта ё боздошт шудани чанд шаҳрванди Русия хабарҳо нашр шуда буд ва 5 тан аз 23 маҳбусе ҳам, ки шаби 23 август аз боздоштгоҳи кумитаи амният фирор карданд, низ атбоъи Русия буданд.
Аммо ин шаҳрвандони дар Тавилдараи кушта ё боздоштшудаи Русия аз куҷо ва чи гуна вориди Тоҷикистон шудаанд, суолест, ки бепосух мондааст.
Қаблан дар бораи ҳузури шаҳрвандони умдатан қафқозитабори Русия дар созмонҳои тундраве, назири Ҳаракати исломии Ӯзбакистон низ сӯҳбат зиёд буд.
Дар ҳамин ҳол, ҳузури ҷангиёни хориҷӣ дар ноамниҳои шарқи Тоҷикистон суоли зиёдро ба бор овардааст, аз ҷумла чаро ҳукумати Тоҷикистон дар оғоз собиқ фармондеҳони ИНОТ — Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Аловуддин Давлатовро ҳадаф қарор дод, дар ҳоле ки онҳо мегуфтанд, бо ҳукумат мушкил надоранд? Ва суоли дигар ҳам ин аст, ки ҷангиёни хориҷӣ дар Тоҷикистон чӣ ҳадаф доранд ва ҳукумат бо кӣ бояд музокирот кунад?
«Нерӯи севвум» дар Тоҷикистон
Мақомоти амниятӣ фармондеҳони собиқи ИНОТ-ро ҳамдасти гурӯҳҳои мусаллаҳи хориҷӣ унвон карданд. Аммо коршиносон мегӯянд, ба душман табдил додан ва водор кардани онҳо барои пайвастан бо ҷангиёни хориҷӣ иштибоҳи ҳукумат будааст.
Абдуқаюм Қосимов, коршинос дар умури амниятӣ мегӯяд, мардуми водии Рашт худ хостори амну осоиш аст ва ин як «нерӯи саввум» аст, ки дар норомиҳои Тоҷикистон манфиатдор аст:
«Нерӯи саввум» ҳамоне аст, ки дар даврони ҷанг дар ҳолати пеш омадани сулҳ як гурӯҳро бар зидди гурӯҳи дигар мешӯронд. Агар оштӣ мекарданд, як тарафро мекушт ва боз чанг мешуд. Ҳоло мушаххас гуфта наметавонем, ки инҳоро ба сари мо кӣ равон кардааст. Аммо ягон давлате ҳаст, ки дар норомиҳои Тоҷикистон манфиатдор аст».
Дар ҳамин ҳол, Исмоил Талбаков, намояндаи парлумони Тоҷикистон мегӯяд, зуҳури хориҷиҳо дар Рашт дар ҷомеа руҳияҳои норизоиятиро ташдид бахшидааст:
«Ин нафрати мардумро бедор кардааст. Ҳатто ҳангоми мулоқот ҷавонон аз мо хостанд, ки заминасозӣ кунем, то онҳо ба ҷанг раванд. Хашму ғазаб аз он ҳисоб ҳам зиёд шудааст, ки мурдаҳоро оварда истодаанд. Мегӯянд, ки чӣ хел мешавад, як афғон, як доғистонӣ, як покистонӣ омада, Тоҷикистони моро ноамн мекунад?»
Аммо бархе таҳлилгарон мегӯянд, мақомот бо таъкид ба ҳузури ҷангиёни хориҷӣ ва маҳз бо чунин афрод вориди задухӯрд шудани нерӯҳои давлатӣ дар водии Рашт талош доранд, ҳимояти бештари ҷомеаро аз амалкардҳои низомии худ дар ин минтақа ба даст биёранд. Дар ҳоле ки асноде, ки ҳузури чунин афродро дар шарқи Тоҷикистон собит кунад, чандон зиёду боварибахш ба назар намерасад, мегӯянд ин таҳлилгарон.
Шокирҷон Ҳакимов, коршинос дар умури сиёсӣ дар ин робита мегӯяд: “Мақомоти амниятии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби баъзе сохторҳои махсуси ИДМ ва Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой афкори ҷамъиятии байнулмилалиро ба вуҷуд орад, то ки дар доираи амалӣ намудани баъзе барномаҳо оид ба мубориза бо терроризми байнулмилаӣ ва экстремизм будани шаҳрвандони хориҷӣ ва заминаи динӣ доштани он таваҷҷӯҳи мардумро ҷалб кунад, вале чанд рӯз гузашт то ҳол даъвоҳои ҳукумат собит нашуда, балки шубҳаовар менамояд».
Бо ин ҳол, як манбаъ дар мақомоти амниятии Тоҷикистон гуфт, ки теъдоди гурӯҳи даргир бо нерӯҳои ҳукуматӣ дар дараи Камароб аз 60 нафар беш нест. Вай гуфт, ин гурӯҳ ҳоло дар муҳосира қарор дорад.
Қаблан аҳзоби мухолифи ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод карда буданд, ки ҳукумат бо ҷангиён сари мизи музокирот нишинанд.
Дар бораи имкони музокирот ва ба мусолиҳа кашидани гурӯҳҳои Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Аловуддин Давлатов, ки ҳоло низ мухолифи ҳукумат қарор гирифтаанд, манобеъи ҳукуматӣ сӯҳбат накарданд.
Дар ҳамин ҳол шоҳидон мегӯянд, ки аз якеи онҳо шиносномаи русӣ пайдо шудааст, ки гӯё ба Рамил Ҳамзияев, шаҳрванди тотортабори Русия тааллуқ доштааст.
Худдории сафорат аз шарҳи ҳодиса
Бо ин ҳол сафорати Русия дар Душанбе то ҳол ба хабарҳои нашршуда дар бораи эҳтимоли кушта шудани дастикам як шаҳрванди Русия дар даргириҳои ахирои водии Рашт вокунише нишон надодааст. Алексей Степанов, сухангӯи сафорати Русия дар Душанбе аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ намуд ва гуфт, онро бо роҳбарияти сафорат матраҳ хоҳад кард.
Аммо коршиносон мегӯянд, ошкор шудани ҳуввияти яке аз афроди мусаллаҳ иддаои мақомоти Душанбе дар бораи ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ дар сафи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар водии Раштро тақвият медиҳад.
Дар ҳамин ҳол расонаҳо дар бораи вуруди ҷангиёни хориҷӣ ба Тоҷикистон ахбори зиддунақиз нашр мекунанд. Қаблан як расонаи амрикоӣ аз қавли ҳаракати Толибон навишт, ки гӯё ҷангиёни ӯзбаку тоҷики марбут ба Ҳаракати исломии Ӯзбакистон аз Афғонистон ба шарқи Тоҷикистон гузаштаанд.
Як расонаи интернетии Қирғизистон ҳамин тавр аз боздошти ду қирғиз дар шаҳраки Ҳисори Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ба навиштаи ин нашрия, аз Қирғизистон вориди Тоҷикистон шуда, дар даргириҳои ахир дар водии Рашт ширкат кардаанд. Маркази матбуотии вазорати корҳои дохила ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ин иттилоъро таъйид ё такзиб накарданд.
Шаҳрвандони Русия дар гурӯҳҳои мусаллаҳ
Аммо овозаҳо дар бораи аз қаламрави Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид шудани гурӯҳи бузурги ҷангиёне, ки дар беназмиҳои Ӯшу Ҷалолобод даст доштаанд, чандест давр мезанад. Дар рӯзҳои нооромиҳои тобистони соли гузашта дар Тавилдара низ дар бораи кушта ё боздошт шудани чанд шаҳрванди Русия хабарҳо нашр шуда буд ва 5 тан аз 23 маҳбусе ҳам, ки шаби 23 август аз боздоштгоҳи кумитаи амният фирор карданд, низ атбоъи Русия буданд.
Аммо ин шаҳрвандони дар Тавилдараи кушта ё боздоштшудаи Русия аз куҷо ва чи гуна вориди Тоҷикистон шудаанд, суолест, ки бепосух мондааст.
Қаблан дар бораи ҳузури шаҳрвандони умдатан қафқозитабори Русия дар созмонҳои тундраве, назири Ҳаракати исломии Ӯзбакистон низ сӯҳбат зиёд буд.
Дар ҳамин ҳол, ҳузури ҷангиёни хориҷӣ дар ноамниҳои шарқи Тоҷикистон суоли зиёдро ба бор овардааст, аз ҷумла чаро ҳукумати Тоҷикистон дар оғоз собиқ фармондеҳони ИНОТ — Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Аловуддин Давлатовро ҳадаф қарор дод, дар ҳоле ки онҳо мегуфтанд, бо ҳукумат мушкил надоранд? Ва суоли дигар ҳам ин аст, ки ҷангиёни хориҷӣ дар Тоҷикистон чӣ ҳадаф доранд ва ҳукумат бо кӣ бояд музокирот кунад?
«Нерӯи севвум» дар Тоҷикистон
Мақомоти амниятӣ фармондеҳони собиқи ИНОТ-ро ҳамдасти гурӯҳҳои мусаллаҳи хориҷӣ унвон карданд. Аммо коршиносон мегӯянд, ба душман табдил додан ва водор кардани онҳо барои пайвастан бо ҷангиёни хориҷӣ иштибоҳи ҳукумат будааст.
Абдуқаюм Қосимов, коршинос дар умури амниятӣ мегӯяд, мардуми водии Рашт худ хостори амну осоиш аст ва ин як «нерӯи саввум» аст, ки дар норомиҳои Тоҷикистон манфиатдор аст:
«Нерӯи саввум» ҳамоне аст, ки дар даврони ҷанг дар ҳолати пеш омадани сулҳ як гурӯҳро бар зидди гурӯҳи дигар мешӯронд. Агар оштӣ мекарданд, як тарафро мекушт ва боз чанг мешуд. Ҳоло мушаххас гуфта наметавонем, ки инҳоро ба сари мо кӣ равон кардааст. Аммо ягон давлате ҳаст, ки дар норомиҳои Тоҷикистон манфиатдор аст».
Дар ҳамин ҳол, Исмоил Талбаков, намояндаи парлумони Тоҷикистон мегӯяд, зуҳури хориҷиҳо дар Рашт дар ҷомеа руҳияҳои норизоиятиро ташдид бахшидааст:
«Ин нафрати мардумро бедор кардааст. Ҳатто ҳангоми мулоқот ҷавонон аз мо хостанд, ки заминасозӣ кунем, то онҳо ба ҷанг раванд. Хашму ғазаб аз он ҳисоб ҳам зиёд шудааст, ки мурдаҳоро оварда истодаанд. Мегӯянд, ки чӣ хел мешавад, як афғон, як доғистонӣ, як покистонӣ омада, Тоҷикистони моро ноамн мекунад?»
Шокирҷон Ҳакимов, коршинос дар умури сиёсӣ, ба ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ дар миёни гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Камароб бо шубҳа менигарад
Шубҳаи коршиносонАммо бархе таҳлилгарон мегӯянд, мақомот бо таъкид ба ҳузури ҷангиёни хориҷӣ ва маҳз бо чунин афрод вориди задухӯрд шудани нерӯҳои давлатӣ дар водии Рашт талош доранд, ҳимояти бештари ҷомеаро аз амалкардҳои низомии худ дар ин минтақа ба даст биёранд. Дар ҳоле ки асноде, ки ҳузури чунин афродро дар шарқи Тоҷикистон собит кунад, чандон зиёду боварибахш ба назар намерасад, мегӯянд ин таҳлилгарон.