Волии Қундуз ва 14 нафари дигар дар масҷид кушта шуданд

Пулис мегӯяд, имрӯз Муҳаммад Умар-волии вилояти Қундуз ва 14 нафари дигар ҳангоми адои намоз дар яке аз масҷидҳои Толеқон-маркази вилояти Тахори ҳамсоя кушта шудаанд. Бино ба гузоришҳо, 20 нафари дигар дар ин инфиҷор ҷароҳат бардоштаанд. Пулис мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд афроди номаълум дар масҷид бам гузоштаанд. Абдулҷабор Тақво-волии вилояти Тахор гуфт, ин бам шояд бар зидди Муҳаммад Умар гузошта шуда буд, зеро вай аз Тахор буд ва мунтазам намозҳои рӯзи ҷумъаро дар Толеқон-маркази вилояти Тахор мегузошт. Муҳаммад Умар дар гузашта аз ду сӯиқасд ҷон ба саломат бурда буд, аз ҷумла аз инфиҷори баме дар роҳ, ки ду моҳи қабл рух дода буд.