Президент раҳбари нави "Шарқи озод"-ро таъин кард

Манзурхон Додохонов, раиси Маҷмааи рӯзномаву маҷаллаҳои назди дастгоҳи раисҷумҳур бо амри президент Раҳмон аз мақом барканор шуд. Оқои Додохоновро дар ин мақом, собиқ мушовири котиби Шӯрои амнияти кишвар Ёқуб Исмоилов иваз кард.
Маркази матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон ин хабарро таъйид кард, вале дар бораи сабаби барканории раиси Маҷмааи рӯзномаву маҷаллаҳо, маъруф ба ГЖК иттилоъ надод.

Манзурхон Додохонов аз соли 1996 то ба имрӯз раҳбарии Маҷмааи рӯзномаву маҷаллаҳои назди дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон, ягона маркази саноативу нашаротии табъу нашр ва чопи маҷаллаву рӯзномаҳо бар дӯш дошт. «Шарқи озод», қисмати таркибии маҷмаа, бузургтарин чопхонаи кишвар ба шумор меравад, ки аз зарфияти чопи фаврии теъдоди бузурги рӯзномаву маҷалла ва китоб бархурдор аст.

Барканории ғайриинтизори раҳбари Маҷмаа дар шабу рӯзи нооромиҳо дар шарқи кишвар, даъвои матбуоти мустақил бо мақомоти вазорати дифоъ ва ба сари кор овардани нафаре аз Шӯрои амният гумонҳоеро ба бор овард, ки шояд ҳукумат мехоҳад назорат бар ин корхонаи бисёр муҳимро афзоиш диҳад.

Вобастагии нашрияҳо аз "Шарқи озод"

Аз сӯи дигар худи рӯзноманигорон, ки бақои нашрияҳои онҳо аз бисёр ҷиҳат ба сиёсати беғаразона дар ин мауассиса бастагӣ дорад, мегӯянд, ҷаноби Додохонов як иҷрогар буд ва дар қабули қарорҳои муассир нақш надошт.

Қироншоҳ Шарифзода, раҳбари созмони “Журналист», мегӯяд: «Ин гуна роҳбар пеш аз ба иқдоме даст задан ба боло нигоҳ мекунад, ки боло чӣ мегуфта бошад. Баъзан ба омоле даст мезанад, ки ба хоҳиши мақоми болоӣ мувофиқ аст, аммо ба қонунгузориҳои ҷорӣ мувофиқат намекунад».

Исми Манзурхон Додохонов ҳамчун як мақоме, ки дар соли 2003 ба ба манъи чопи ҳафтаномаҳои «Рӯзи нав» ва «Одаму олам» дар «Шарқи озод» дастур додааст, дар қатори исмҳои дигар маҳдудкунандаҳои озодии матбуот номбар мешуд. Ба назари коршиносон, дар солҳои ахир ҳукумат борҳо ин ниҳодро барои фишор ба матбуот истифода кардааст. Осонтарин баҳонаҳое, ки нашриёт барои даст кашидан аз чопи нашрияҳо пеш меорад, набуди коғазу ранг ва хароб шудани дастгоҳҳои чопӣ аст.

Тақвияти рақобати чопхонаҳо

Дар ҳоли ҳозир, дар чопхонаи «Шарқи озод» ба истиснои рӯзномаву ҳафтаномаҳои давлатӣ, ҳафтаномаҳои «Азия-плюс», «Бизнес и политика» ва дигар нашрияҳои камтеъдод ба нашр мерасанд. Нашрияҳое, ки бо теъдоди бештар чоп мешаванд, умдатан аз чопхонаҳои «Оила-принт», «Интишор» ва «Мушфиқӣ» истифода мекунанд.

Ҷумъа Толибов, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Пайкон» мегӯяд, тайи солҳои ахир ҳаққи чоп дар «Шарқи озод» дар қиёс бо чопхонаҳои хусусӣ баландтар шудааст ва ӯ аслан аз оғоз фикр чоп кардани нашрияаш дар ин ҷоро надошт. Вай афзуд, аз лиҳози кайфияти чоп низ «Шарқи озод» қафо мондааст.

Аммо раҳбари нави Маҷмааи табу нашр Ёқуб Исмоилов, ки фаъолиятро бо нерӯи тоза шурӯъ кардааст, мегӯяд барои боло бурдани сатҳи таҷҳизот ва табъу нашр иқдом хоҳд кард:

«Мақсад ҳам ҳамин аст, ки баъзе мушкилоти вобаста ба таҷҳизот ва масоили молиявиро қабл аз ҳама бартараф кунем. Як ҳамаро биомӯзем, пас хулоса мекунем, ки чӣ кор кунем. Мақсад пеш аз ҳама ободист».


"Шарқи озод" - фишанги мақомот?

Аз ҳоло пешгӯи кардан душвор аст, ки ин муассиса дар зери дасти раҳбари нав ба чӣ пешравиҳо даст хоҳад ёфт. Аммо ба гуфтаи коршиносон ин нукта, ки давлат соҳиби нашриёт аст, ҳамеша мояи нигаронии нашрияҳост.

Ҷумъаи Толиб мегӯяд: «Якбора барканор кардани раҳбари «Шарқи озод» ва ба ҷои ӯ аз Шӯрои амният овардани нафари нав шояд ба он хотир бошад, ки ҳукумат боз назорат аз рӯи нашрияҳои мустақилро ташдид бахшад ва ҳар гуна садҳои сунъӣ эҷод кунад, то ба чопи онҳо монеъ шавад».

Ахиран ду ҳафтаномаи мустақил - «Фараж» ва «Истиқлол», ки дар чопхонаҳои хусусӣ нашр мешуданд, аз нашр бозмонданд. Чопи «Фараж» баъд аз он бозмонд, ки матлаби интиқодие дар бораи амалиёти вазорати дифоъи Тоҷикистон дар водии Рашт ба нашр расонд. Аммо чопхонаи «Оила-принт» изҳор дошт, ки далели даст кашиданаш аз чопи «Фараж» сирф фаннӣ аст.

Коршиносон мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд тағйири сохтори раҳбарии «Шарқи озод» барои баргардонидани нашри расонаҳои мустақил ба ин чопхона будааст, ба шарте ки, меафзоянд онҳо, то он замон ягон нашрияи мустақил боқӣ монад.