Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, дар мулоқот бо мардуми Қароқалпоқистон ба муносибати иҷрои барномаи ҷамъоварии пахта, тарҳи нерӯгоҳи Роғунро монеаи аслӣ барои обёрии заминҳои кишоварзӣ дар қаламрави Узбакистон унвон кард.
Вай хитоб ба аҳолии Қароқалпоқистон гуфт, «мо ва шахсан президент панҷ сол боз алайҳи ин тарҳи аҳмақона мубориза мебарем». Раисиҷумҳури Узбакистон аз фоҷеаи нерӯгоҳи Саяно–Шушенски Русия ёдовар шуд ва гуфт, соли гузашта бар асари садама дар ин нерӯгоҳ 75 нафар кушта шуд. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи Ислом Каримов, тарроҳи лоиҳаи Саяно–Шушенск ва ҳам Роғун дар 40 соли пеш як нафар буд ва он замон касе тарҳи Роғунро мавриди ташхис қарор надод.
Ҳамакнун, ба таъкиди раисиҷумҳури Узбакистон, бунёди Роғун бо зарфияти 3600 мегаватт ва он ҳам бо 350 метр баландии сарбанд ё плотина хатари ҷиддии зистмуҳитӣ дошта, ба шодоб гардондани заминҳо ва ба хусус ба зиндагии сокинони соҳили Амударё таҳдид мекунад:
«Агар сарбанди Роғун ба 350 метр бардошта шавад, дар он сурат, барои аз об пур кардани он 8 сол лозим аст. Чӣ мо бояд 8 сол мунтазир бошем, то дар сарбанд об ҷамъ шавад? Пас тақдири сокинони Қароқалпоқистон ва Хоразм, ки дар соҳили рӯдхонаи Амударё зиндагӣ мекунанд, чӣ хоҳад шуд ва онҳо аз куҷо об менӯшанд? Ин вазъ боиси комилан аз байн рафтани низоми обёрии заминҳо дар ин минтақа хоҳад шуд».
Нигарониҳо аз сарнавишти Арал
Ислом Каримов аз он низ изҳори нигаронӣ кард, ки ҳарчанд пайомадҳои лоиҳаи Роғун ба тақдири ояндаи баҳри Аралро дигарон медонанд, аммо танҳо Узбакистон алайҳи ин лоиҳа мубориза ва мухолифат мекунад. Вай хушкидани баҳри Арал ва мушкилоти зистмуҳитию иқтисодии мардуми Қароқалпоқистонро ба камбуди маҷрои оби рӯдхонаи Сир ҳам марбут донист ва гуфт:
«Ҳоло аз рӯдхонаи Сир ба баҳри Арал об ҷорӣ намешавад ва фақат рӯдхонаи Омӯ таъминкунандаи аслии оби ин баҳр аст. Бо таваҷҷӯҳ ба идомаи хушкшавии баҳри Арал, бояд ҷараёни оби дарёи Омӯро ҳифз кард. Мо бо қотеъият талаб мекунем, то як грамм обро кам накунанд».
Ин дар ҳолест, ки ба таъкиди раҳбари Узбакистон, кишвараш дар ҳоли ҳозир 4 миллиону 300 ҳазор гектар замини обӣ дорад ва агар мушкили об вуҷуд намедошт, метавонист қаламрави заминҳои обиашро ба 10 миллион гектар расонад.
Вокуниши Душанбе
Аммо Ёқуб Саидзод, раиси кумитаи аграрӣ ва экологияи парлумони Тоҷикистон, ин иддаои раисиҷумҳури Узбакистонро, ки дар сурати бунёди нерӯгоҳи Роғун кишварҳои поёноб беоб хоҳанд монд, бепоя хонд. Ӯ гуфт, Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ маҷрои об ба кишварҳои ҳамсояро маҳдуд накардааст ва баръакс дар сурати зарурӣ онҳоро аз меъёр бештар бо об таъмин мекунад.
Ҷаноби Саидзод мушкили баҳри Аралро натиҷаи сиёсати нодурусти Узбакистон ва Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ меномад.
Холназари Муҳаббат, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, барои пур кардани обанбори Роғун бо об на 8 сол, балки 17 сол зарур аст ва дар ин муддат барои пур кардани обанбор танҳо 5 дарсади оби рӯдхонаи Вахш истифода хоҳад шуд, ки ба маҷрои дарё ва обёрии заминҳои Узбакистон таъсире нахоҳад гузошт. Ин дар ҳолест, ки дар солҳои хушксолӣ то 20 дарсади оби дарёи Вахш хушк мешавад, меафзояд ӯ.
Ин бори аввал нест, ки Ислом Каримов мухолифаташ ба тарҳи Роғунро эълом мекунад. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон низ ба қавле «по дар як мӯза» таъкид мекунанд, ки истифода аз захоири об, ки дар ин кишвар вуҷуд дорад, барои бароварда кардани ниёзи энержӣ ва пешрафти иқтисодӣ, ҳаққи ин кишвар аст ва нерӯгоҳи Роғунро ба ҳар қимат хоҳад сохт.
Дар моҳи январи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон як маъракаи густарда барои ҷамъоварии сармояи лозим барои сохтмони ин нирӯгоҳро шурӯъ кард ва тайи 3 моҳи ин маърака аз мардум барои Роғун зери 190 миллион доллар ҷамъ овард. Аммо маъракаи фурӯши саҳмияҳоии Роғун дар моҳи апрел бо тақозои созмонҳову кишварҳои кӯмакрасони Тоҷикистон то замони анҷоми ташхисифанниву иқтисодӣ ва зистмуҳитии тарҳи нирӯгоҳ мутаваққиф шуд. Анҷоми ин ташхисро Бонки ҷаҳонӣ бар ӯҳда гирифтааст.
Суханронии Ислом Каримовро метавонад аз ин навори видеоӣ тамошо кунед.