Барномаи нави Душанбе ва Кобул алайҳи терроризм

Залмай Расул ва Ҳамрохон Зарифӣ, вазирони умури хориҷии Афғонистон ва Тоҷикистон

Залмай Расул, вазири хориҷаи Афғонистон гуфт, баррасии вазъи амниятӣ дар минтақа мавзӯъи калидии сӯҳбаташ бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон будааст.
Оғои Расул, ки баъд аз мулоқот бо Эмомалии Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷамъи хабарнигорон сӯҳбат мекард, афзуд, кишвараш дар хатти аввали ҷанг бо терроризм қарор дорад ва мубориза бо ин хатар бидуни мушорикати кишварҳои минтақа имкон надорад:

«Яке аз сӯҳбатҳоям имрӯз ҷаноби раисҷумҳур ин буд, ки мо чӣ тавр метавонем ҳамкории минтақаиро ба савияе расонем, то терроризм дигар барои ду кишвар ва тамоми минтақа хатар набошад».

Сафари вазири хориҷаи Афғонистон дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳукумати Тоҷикистон амалиёти густарда алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар шарқи кишварро шурӯъ кардааст.

Хатари Ҳаракати исломии Узбакистон


Ҳамзамон ҳаракати Толибон ба расонаҳои ғарбӣ эътироф кардааст, ки тайи соли равон ҳудуди 200 узви Ҳаракати исломии Ӯзбакистон тариқи қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон гузаштаанд ва Толибон бо онҳо тамос доранд. Эътирофи Толибон шойияҳо дар бораи ҳузури аъзои гурӯҳҳои террористӣ дар шарқи Тоҷикистон тақвият дод.

Аммо чанд вақт боз дар зеҳни ҷомеаи Тоҷикиситон суоле чарх мезанад, ки оё чӣ тавр террористҳо тавонистаанд аз марзи Афғонистон убур кунанд ва ба шарқи Тоҷикистон ворид шаванд. Ин ҳам дар ҳоле ки марзҳои шимолии он таҳти назорати нерӯҳои амниятии Афқонистон ва низ нерӯҳои байнулмилалӣ қарор доранд?

Вазири хориҷаи Афғонистон дар посух ба ин суол гуфт, онҳое, ки аз қаламрави кишвараш гузаштаанд, на фақат марзи Тоҷикистону Афғонистон, балки марзҳои дигарро низ убур кардаанд. Вай афзуд, Тоҷикистону Афғонистон барои мубориза бо онҳо барномаҳоеро рӯи даст гирифтаанд:

«Барнома вуҷуд дорад. Кор рӯи онҳо давом дорад. Яке аз далоили муҳими сафари мо ба Душанбе ҳам ин буд, ки чӣ тавр ин барномаҳоро амалӣ кунем».

Тоҷикҳо дар сафҳои Ал-Қоида

Вазир дар бораи ҷузъиёти ин барномаҳо сӯҳбат накард. Аммо қаблан иддае аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ва Ал-қоида боздошт ва зиндонӣ шуда буданд.

Моҳи августи соли равон дар ҳудуди вилояти Қундуз се табааи Тоҷикистон боздошт шуд. Моҳи июн як нафар бо исми Илёс Каримовро дар шаҳри Кобул дастгир карда буданд. Ҳамчунин мақомоти амниятии Афғонистон аз ҳузури ҳудуди 40 тоҷик дар ҳайати Ҳаракати исломии Тоҷикистон хабар дода буданд, ки аз Покистон омада, дар вилояти шимолии Бағлон фаъолият доранд.

Чанд рӯз пеш телевизиони давлатии Тоҷикистон бо пахши як филми мустанад, таҳти унвони "Масири гумроҳон" иддао кард, ки наздики ба 80 шаҳрванди кишвар ба Ҳаракти Исломии Узбакистон гаравидаанд.

Мушкилоти ҳифзи марзи тӯлонӣ


Дар ҳамин ҳол, коршиносон бар зарфиятҳои нокофии Афғонистон дар идораи марзҳояш ишора мекунанд.

Қосими Бекмуҳаммад, коршинос дар умури минтақа мегӯяд, аз лиҳози ҷуғрофӣ ин кишвар дар манотиқи кӯҳистонӣ марзҳои душворгузар дорад ва вазъи иқтисодиву молии ин кишвар, ки нерӯҳояш дар ҷанубу шарқи марказ вориди даргириҳо бо Толибонанд, имкон намедиҳад, ки нерӯҳои марзбонии қавӣ дошта бошад:

«Беш аз он ки мавзӯъ ба Афғонистон рабт дошта бошад, ба тавонмандии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон марбут хоҳад буд. Ин Тоҷикистон бояд бошад, ки дар муқобили вуруди ҳар гуна гурӯҳҳо аз қаламрави Афғонистон қобилияти дифоии худро нишон диҳад ва нагузорад амнияту суботи кишвар аз тарафи чунин гурӯҳҳо халалдор бишавад».


Нақши Тоҷикистон дар суботи Афғонистон

Мақомоти Афғонистон, Тоҷикистонро аз ҳамсояҳои саҳмдор дар сулҳу субот ва рушди иқтисодии Афғонистон ном мебаранд.

Залмай Расул, вазири хориҷаи Афғонистон бо ишора ба ноамниҳои ахир ва хатари афзояндаи созмонҳои террористӣ дар минтақа гуфт, ин мушкили танҳо як ду кишвар нест, балки бояд бо мушорикати самимонаи кишварҳои минтақа рафъ шавад.