Бузургтарин ҷарима дар таърих -- 5 миллиард евро

Додгоҳи Фаронса корманди пешини бонки "Сосейте Ҷенерал"-ро барои тақаллуби азим, ки ин бонкро ба нобудӣ кашонд, ба се соли ҳабс ва пардохти қариб 5 миллиард евро ҷарима маҳкум кард. Ин маблағест, ки бонк мегӯяд, дар натиҷаи хилофкориҳои Ҷером Кервиел аз даст додааст. Ҷероми 33-сола дар додгоҳ гуфт, то замоне ки тарҳҳои хатарноки ӯ ба бонк даромад меоварданд, раҳбарият мухолифате надошт. Аммо маъмурияти бонк ин иттиҳомро рад мекунад. Моҷарои мазкур ҳоло ҳамчун сароғози бӯҳрони молиявии ҷаҳон ҳамчун натиҷаи муомилаҳои бузург ва хатарноки бонкҳо тафсир мешавад.