Решаи тарс дар куҷост?

Эҳтимол дар Тоҷикистон нафареро пайдо кардан душвор бошад, ки дилпурона бигӯяд: «Ман аз касе ва чизе наметарсам!» Мардум маъмулан ба ин гуна иддаъо нобоварона лабханд мезананд ва мегӯянд "ӯ воҳима мекунад".
Равоншиносон вуҷуди тарсро дар замири инсон як ҳодисаи табиӣ медонанд ва мегӯянд, зиндагии инсон аз рӯзи таваллуд то дами марг тарсу нигарониҳоеро бо худ дорад, ки дар вобастагӣ ба ҳолати равонӣ гоҳ шиддат мегиранд ва гоҳи дигар коҳиш меёбанд. Хоҳ тарси табиӣ бошад, хоҳ таҳмилӣ.

Ҳамин тавр, тарс аз сояҳо, кобус, аз деву парӣ аз гирдбоду торикӣ эҳсосҳоеянд, ки баъзе инсонҳо воҳимаи онҳоро то охири умр бо худ мебаранд.

Масалан кӯдак аз соате, ки модарро мешиносад, ҳамеша даст дар гиребони ӯ дорад ва метарсад, ки мабодо модарро гум накунад. Ё агар модар боре ба бача "хоб рав, ки ҷӯгӣ мебарат" гуфта бошад, кӯдак ин тарсро бо шабаҳи лулӣ, ки дар халтааш кӯдак мебарад, солҳо дар худ ҷой медиҳад.

Ба гуфтаи равоншиносон тарсу ваҳм вобаста ба сину соли инсон тагйир меёбад, шаклу муҳтавояшро дигар мекунад, нонамоёнтар мешавад ва агар муқовимати инсон дар баробари он камранг бошад, инсонро тарсу мекунад.

Аммо ин тарс дар зиндагии одамон ва ҷомеа чӣ таъсир гузоштааст. Нашри шумораи навбатии маҷаллаи “Як рӯз бо шумо”таҳқиқи ҳамин мавзуст:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Тарс