Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳури собиқи Покистон мегӯяд, ки ҳизби Лигаи мусалмонҳои кулли Покистонро “ба хотири ҷорӣ намудани фарҳанги нави демокративу сиёсӣ” таъсис кардааст. Ӯ умед дорад, ки тавассути пирӯзии ҳизбаш дубора ба қудрат бирасд.
Раҳбари пешини Покистон. ки айни ҳол дар Лондон ба сар мебарад, дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ, гуфт, ӯ дар арафаи интихоботи сартосарии Покистон дар соли 2013 ба Исломобод бармегардад.
Аз нигоҳи Мушарраф, дар вазъи феълии Покистон рӯи саҳнаи сиёсӣ омадани ҳизби ӯ як амри ногузир аст, зеро “миёни нерӯҳои сиёсии Покистон ҳизберо намебинад, ки тавони раҳоии кишвар аз торикии феълиро дошта бошад”.
Бозгаште, ки интизораш набуданд
Парвиз Мушарраф ба майдони сиёсии Покистон соли 1999 баъди он ворид шуд, ки низомиёни содиқ ба ӯ дар вокуниш ба тасмими нахуствазир Навоз Шариф барои аз мақом барканор кардани Мушарраф даст ба кудато заданд. Навоз Шариф мехост, ки Мушаррафро ба хотири шурӯъи даргириҳо бо Ҳинд барои минтақаи Кашмир муҷозот кунад. Баъд аз кудатои бидуни хунрезӣ Парвиз Мушарраф тайи нӯҳ сол раҳбари ин кишвари дорои силоҳи ҳастаӣ буд. Мунаққидонаш ӯро дар саркӯбсозии демократия, таъқиби рақибони сиёсӣ, афзоиши таборгароӣ ва фасод муттаҳам мекунанд.
Мухолифини Мушарраф бошанд мегӯянд, ки пас аз шурӯъи ҷанг бо терроризми таҳти фармони Амрико ӯ кишварро ба як хатти тулонии ҷабҳа табдил кард. Ҳамзамон, ба гуфтаи рақибон, Мушарраф дар забон ҳамдили Вошингтон буд ва аммо дар асл ба мусаллаҳони “Ал-Қоида”-ву “Толибон” иҷоза дод, ки дар манотиқи қабоилнишини марз бо Афғонистон панаҳ бубаранд. Ин манотиқ, аз нигоҳи онҳо, то ҳанӯз барои амнияти минтақаиву байнулмилалӣ хатари ҷиддӣ доранд.
Ватан, маро бубахш...
Акнун, бо гузашти солҳо ва дар арафаи бозгашт ба Исломобод, Мушарраф ба раҳи тайкарда менигарад ва бархе аз иштибоҳҳои худро иқрор мекунад. Рӯзи 1 октябр, зимни муаррифии ҳизби Лигаи мусалмонҳои кулли Покистон, ӯ гуфт, ки воқеъан ҳам баъзе аз тасмимҳояш паёмадҳои манфии сиёсӣ доштанд ва ҳам ба ҳаёти сиёсии кишвар ва ҳам ба нуфузи худи ӯ латма заданд. “Бо истифода аз имкони фароҳамшуда, ман мехоҳам сидқан аз кишвар узр бихоҳам”, изҳор намуд раҳбари пешини Покистон.
Парвиз Мушарраф ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ барои баъзе гомҳояш маъзарат хостааст, ки дар ҷомеъа мушкил эҷод карданд ва дар ниҳояти амр, сабаби аз мақоми раисиҷумҳур барканор шуданаш гаштанд. Мушарраф тасмим барои аз мақом барканор кардани раиси Додгоҳи Олии кишвар, ҷорӣ намудани вазъи фавқулодда ва чанд муддат ишғол намудани ду мақом – раисиҷумҳур ва фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳро аз иштибоҳҳои ҷиддии худ номид.
Ӯ афзуд, ки “онҳо шояд қонунӣ, шояд конститутсионӣ буданд, аммо боиси харҷу марҷ шуданд ва ба давлат таъсири манфӣ гузоштанд ва маҳз барои онҳо ман узрхоҳӣ кардаам”.
Мушарраф: Мо гиреҳи мушкилотро мекушоем
Айни ҳол Покистоне, ки Парвиз Мушарраф баъд аз ду ё се соли дигар мехоҳад ба он ҷо баргардад, аз паёмадҳои обхезии мудҳиши тобистони соли равон ранҷ мекашад. Муносибати Исломобод бо НАТО баъд аз талафот миёни мардуми осоишта бар асари зарбаҳои мушакии чархболҳо ва ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ба сардӣ гароидааст. Манотиқии кӯҳии ҳаммарз бо Афғонистон пинҳонгоҳи гурӯҳҳои террористиву ифротгаро боқӣ мемонад. Вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ба бӯҳрони амиқ мувоҷеҳ шудааст.
Мушарраф мегӯяд, ки ӯ барномаи ҳалли ин мушкилотро таҳия кардааст ва Покистон “тавони бидуни кӯмаки дигарон дар ду пой рост истоданро дорад”.
Раҳбари пешини Покистон мегӯяд, ки ӯ мехоҳад алайҳи “бесаводӣ, фақр ва ақибмондагӣ” ҷиҳод эълон кунад. Ӯ ба зарурати талошҳои ҳукумат дар роҳи фароҳам сохтани имкони дастрасӣ ба таҳсил ва зарурати соҳиби касбҳои техникӣ гаштани ҷавонон таъкид мекунад.
Ҳарчанд дар ойинномаи Ҳизби Мушарраф гуфта шудааст, ки ягон қонун дар Покистон набояд муғайир бо Қуръони маҷид бошад, сиёсатмадор мегӯяд, бо он ақидаи маъмул, ки зан набояд соҳиби маълумот бошад, комилан розӣ нест.
Айбро бояд дар Афғонистон ҷӯст ва на дар Покистон
Парвиз Мушарраф дар робита ба ҳузури гурӯҳҳои террористиву ифротгаро дар кишвар мегӯяд, мушкил на Покистон, балки дар Афғонистони ҳамсоя аст, ки ҳукуматаш барои мубориза бо ин гурӯҳҳо аз гомҳои кофӣ кор намегирад.
Ба гуфтаи ӯ, ин гурӯҳҳо “метавонанд вориди Покистон шаванд, дар Покистон онҳо пинҳонгоҳу пуштибонҳо доранд. “Толибон” дар кӯҳистони Покистон мустақаранд ва аммо нерӯи асосии онҳо дар Афғонистон аст. Ҳамин тариқ, тасаввуроти нодурусте ҳосил мешавад, ки гӯё мушкил дар Покистон аст. Агар шумо дар Афғонистон пирӯз шавед, дар Покистон ҳам пирӯз хоҳед шуд ва аммо агар дар Покистон пирӯз шудед, гумон намекунам, ки дар Афғонистон ҳам дастболо шавед”.
Ҳампаймонҳои пешин аз Мушарраф канорагирӣ мекунанд
Таъсиси ҳизби нави сиёсӣ аз сӯи Парвиз Мушарраф дар Покистон вокунишҳои зидуннақизро ба бор овардааст. Бисёриҳо мутмаинанд, ки ӯ дар интихоботи озоду одилона пирӯз нахоҳад шуд. Коршиносон бо ишора ба он далел, ки бештари сиёсатмадорони Покистон, аз ҷумла, ҳампаймонҳои собиқи Мушарраф, аз вуруд ба ҳизби нави ӯ сарпечӣ мекунанд, имкони ба ҳизби тавонои сиёсӣ табдил шудани Лигаи мусалмонҳои кулли Покистонро зери шубҳа мебаранд.
Аз сӯи дигар, ба нуфтаи онҳо, ҳама аҳзоби бузурги Покистон барои ба саҳнаи сиёсат баргаштани сарвари пешини кишвар шадидан мухолифат хоҳанд кард. Ба назар мерасад, ки Мушарраф ин ҳамаро хуб дарк мекунад ва мегӯяд, ки аз ин баъд ӯ фақат ба мардуми Покистон умед мебандад ва мутмаин аст, ки аз пуштибонии онҳо бархурдор хоҳад шуд.