Солрӯзи коргардони маъруфи тоҷик

Борис Кимёгаров, акс аз хазина

Ҳафтаи ҷорӣ Борис Кимёгаров, коргардони маъруфи тоҷик агар умр вафо мекард, 90-сола мешуд. Мероси эҷодии Кимёгаров хеле ғаниву пурмазмун аст. Силсилафилмҳои ӯ аз рӯи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ - “Рустаму Сӯҳроб”, “Достони Сиёвуш”, “Достони Рустам”, “Коваи оҳангар”, намоишномаҳои дигари ӯ ба мисли “Сарнавишти шоир”, “Ҳасани аробакаш”, “Дохунда”, “Одам пӯсташро иваз мекунад” ва дигарҳо барои ҳамеша дар фонди тиллоии кинои тоҷик боқӣ хоҳанд монд.
Лилия Кимёгарова, танҳо фарзанди филмсози маъруфи Тоҷикистон, мегӯяд, зодрӯзи падарро дар хонаи худ дар Тел-Авив бо духтараш Анна сари як табақ оши палов таҷлил карданд. Ӯ мегӯяд, падар дар ин рӯз ҳам аз рӯи пардаи бузурги аксе ба рӯяш табассум мекард. Борис Кимёгаров, аз саромадони кинои миллии Тоҷикистон соли 1920 дар Самарқанд таваллуд шуда соли 1979 дар Душанбе дар синни 58-солагӣ даргузаштааст. Мунаққидони синамо ба филмҳои офаридаи ӯ ҳамеша баҳои баланд додаанд. Лилия Кимёгарова мегӯяд:

“Вай зиндагии хеле аҷоиб аммо айни замон хеле мушкили эҷодиро пушти сар кард. Вай як одами сарсупурда ва шефтаи кор буд. Вай одамонро хеле дӯст медошт”.


Шоҳкориҳо бо достонҳои "Шоҳнома"

Лилия Кимёгарова, фарзанди Борис Кимёгаров, мегӯяд, падараш барои силсилафилмҳои "Шоҳнома" заҳмати зиёде кашида буд
Вай мегӯяд, падараш барои эҷоди достонҳои “Шоҳнома” хеле зиёд заҳмат кашида бо адибони маъруф - Сотим Улуғзодаву Мирзо Турсунзода аз наздик ҳамкорӣ мекард. Пеш аз шурӯи кор дар Маскав бо як адабиётшиноси эронӣ барои ошноӣ бо матни асили ин шоҳкории Фирдавсӣ мулоқотҳо кардааст.

“Ҳарчанд вай чанд филме ба мавзӯъҳои замонавӣ бардошта буд, аммо дарк мекард, ки гуфтани ҳақиқат ва баёни ҳадафҳо тавассути сюжаи таърихӣ ё куҳан беҳтар даст медиҳад. Вай кӯшиш мекард тавассути руҷӯи таърихӣ дар бораи масъалаҳои хеле вазнину муҳими мисли равобити падару писар, масъалҳои ҷангу сулҳ, ҳукумат ва ҳукуматдорӣ гап занад”.

Хонум Лилия, ки худ бо ихтисоси режиссерӣ дар Тоҷикфилм кор кардаст, мегӯяд бо нигоҳ ба вазъи имрӯзаи синамои русӣ ва ҷаҳонӣ бештар дарк мекунад, ки падари ӯ як ҳунарвари бузург буд, ки назокати сиёсиву эҷодии даврро хуб дарк мекард ва кӯшиш мекард бо беҳтарин роҳ эҷод кунад. Ба филмҳои худ, мегӯяд ӯ, Борис Кимёгаров беҳтарин ҳунарпешаҳои тоҷик, мисли Ҳошим Гадоев, Марям ва Сайрам Исоеваҳо, Маҳмудҷон Воҳидов ва дигаронро ҷалб мекард:

“Афсӯс, ки ин ҳунарпешаҳоро танҳо дар Тоҷикистон мешинохтанд, аммо ба шарофати филмҳои падарам исми онҳоро дар бисёр кишварҳои ҷаҳон шинохтанд”.

Дар ҷустуҷӯи Рустаму Таҳмина


Вале масъалаи ҷалби ками ҳунарпешаҳои милливу даъвати актерҳои ҷумҳуриҳои дигари шӯравӣ барои иҷрои нақши қаҳрамонҳои маъруфи Рустаму Таҳмина ва дигарҳо боиси танқидҳое аз ҷониби бархе гурӯҳҳои ҳунарӣ дар Тоҷикистон шудааст. Мунаққидон ҳамчунин ба забони русӣ бардошта шудани ин филмҳоро таъкид карда мегуфтанд, синамои аҳди шӯравии “Тоҷикфилм” танҳо ба ном тоҷикӣ буд. Дар посух ба ин нигарониҳо муҳаррири киностудияи тоҷик дар солҳои 1960-ум Любов Қиёмова, ки зимнан ҳоло 90 сол дорад ва аз ҳамсояву дӯстони наздики Борис Кимёгаров маҳсуб мешавад, чунин посух дод:

“Интихоби актерҳои беруна ба баъзе филмҳо аз он сабаб рӯй медод, ки чунин ҳунарпешаҳои муносиб шояд дар дохили Тоҷикистон набуданд. Ӯ касеро, ки тавонад мисли Бимбулат Ватаеви осетин нақши Рустам ва баъд Ҳасани Аробакашро иҷро кунад, дар Тоҷикистон пайдо карда натавонист. Ӯ бо ҳунарпешаҳои гуногунмиллат ҳамкорӣ кардаст, чунки интернатсионалист буд. Дар бораи забони филмҳо бояд гуфт, аз сабаби он ки ҳама филмҳои ӯ дар Мосфилм таҳриру садогузорӣ шудаанд, вай филмҳоро ба русӣ наворбардорӣ мекард”.

Як идда коргардону ҳунарпешаҳои маъруфи он замон бо нигоҳи интиқодӣ мегӯянд, солҳои 1960 то 1980 дар Тоҷикфилм роҳи бархе синамогарони боистеъдоди тоҷик барои филмбардорӣ хеле душвор буд. Онҳое, ки мехостанд бо забони тоҷикӣ филм эҷод кунанд, ҳамчунин бо мушкилоти маъмуриву молӣ рӯбарӯ мешуданд, чунки барои ин ба истилоҳ фармоиши давлатӣ лозим буд. Вале сиёсати давлат ингуна буд, ки ҳама чизи хуб бояд ба забони русӣ эҷод шавад, то ки, ба қавле, ба марказ – Маскав қобили фаҳм бошад.

Тарғибгари синамои тоҷикӣ

Дар чунин шароит, бархе мегӯянд, Борис Кимёгаров аз он яккатозони синамои тоҷик шуд, ки талош мекард беҳтарин сенарий, беҳтарин актерҳо, шароити муносибтарини кору эҷод ва сармоягузории ҳамаҷонибаро барои наворбардорӣ пайдо карда ва ба рӯи ӯ ҳама дарҳо боз мешуданд. Ӯро аз ин ҷиҳат ба коргардонҳои маъруфи рус ва ғарб шабоҳат медоданд, ки барои расидан ба ҳадаф ва анҷоми як кори хуб ҳамаҷониба талош мекард ва ба мақсад мерасид. Любов Қиёмова мегӯяд:

“Вай дар донишгоҳи давлатии кинематография дар Маскав шогирди коргардони бузург Эйзенштейн буд, ки филмҳои “Броненосетс “Потемкин”, “Иван Грозний” ва дигарҳоро бардоштааст. Филми “Иван Грозний” ба зеҳни ӯ таъсири хеле амиқ гузошта буд. Баъдан вай ҳамин сабки эҷодии Эйзенштейнро ҳам аз худ кард”.

Аксар ҳампешагони Борис Кимёгаров мегӯянд, вай як одами бонуфуз буд ва қариб ки танҳо нафаре дар синамои тоҷик буд, ки метавонист филмҳои худро дар саҳнаҳои калонтарини шӯравӣ ва берун аз он муаррифӣ кунад. Бисёриҳо дар ҳукумати давр ӯро эҳтиром мекарданд ва бисёриҳо аз ӯ метарсиданд. Любов Қиёмова мегӯяд, вай ба ҳалли ҳама масоил қодир буд, чунки, ба қавле, дари “калонҳоро” бо пояш боз мекард. Айни замон ба кори худ ҳам серталаб буд:

“Вай одамҳои нодону бесавод, танбалу фурсатталабро тоқати дидан надошт. Дар канори ӯ танҳо мутахассисон кор мекарданд: ҳамон ронанда, ё устои дуредгар, ё ороишгар – ҳама устоди касби худ буданд. Лозим шавад, худи ӯ онҳоро ёд медод. Дар баробари ин бисёр меҳмоннавоз буд”.

Ошиқи Тоҷикистон

Любов Қиёмова мегӯяд, Кимёгаров тамоми умр як зан – ҳамсару ҳаммаслакаш Анна Кимёгароваро дӯст медошт. Ӯ ҳам самимона ба кори шавҳараш кӯмак карда дар ҳама сафарҳои эҷодӣ дар канораш буд. Вале хеле зуд бар асари беморӣ аз дунё чашм мепӯшад.
Лилия Кимёгарова мегӯяд, ҳоло хеле афсӯс мехӯрад, ки падараш умри кӯтоҳ дид ва ӯ фурсати хеле каме дошт, ки аз сӯҳбату ҳузури вай лаззат бубарад. Инчунин афсӯс мехӯрад, ки ҳамроҳи падар ҳамкорӣ накардааст, чунки, мегӯяд вай, аз сиёсату сахтгириҳои падар метарсид. Лилия Кимёгарова гуфт, агар падар зинда буд, шояд ҳоло филме дар бораи равобити миёни ҳунарвару ҳукумат чизе эҷод мекард, чунки вазъи имрӯзаи мардуми андешавар – интеллигенсия, ки дар мақоми дуюмдараҷа қарор дорад, ӯро бетавофут намегузошт.
Хонум Лилия мегӯяд, падараш ошиқи Тоҷикистон буд:

“Вай ҳеҷ гоҳ Тоҷикистонро тарк намекард. Намедонам, аз рафтани мову Анна ба Исроил вай розӣ мешуд ё на, аммо мутмаинам, ки худи падарам ҳеҷ гоҳ намерафт”.

Кимёгаров бар асари беморӣ дар мизи ҷарроҳӣ даргузашт ва дар Душанбе ба хок супурда шуд. Оромгоҳи ӯро ҳоло дӯстони хонаводаии онҳо нигоҳубин мекунанд ва хонум Лилия мегӯяд, орзу дорад рӯзе аз манзили охирати падар дар ватан зиёрат кунад.