Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостори роҳандозии нахустин чархаи нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» то оғози фасли сармо шудааст. Ин нерӯгоҳ тавассути ширкатҳои эронӣ сохта мешавад ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз вазири энержии Эрон хоста, то дар ин амр мусоидат кунад.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Маҷиди Номҷӯ, вазири энержии Эрон, ки ҷиҳати ширкат дар иҷлоси камисюни ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвра дар Душанбе ба сар мебарад, мулоқот карда ва хостори шитоб бахшидан ба сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» тавассути мутахассисони эронӣ шудааст.
Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Маҷиди Номҷӯ инчунин мазӯъҳои дигари мавриди алоқаи ду ҷониб, иҷрои созишномаҳое, ки то кунун ба имзо расидааст, аз ҷумла сохтмони роҳҳо ва бунёди хати интиқоли барқ миёни ду кишвар низ баррасӣ шудааст.
Қаблан Шералӣ Гул, вазири энержии ва саноъати Тоҷикистон гуфта буд, мавзӯи пеш аз мӯҳлат, то 20 солагии ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон ба истифода додани нерӯгоҳи «Сангтуда-2» аз масъалаҳои меҳварии иҷлоси ин комиссиюни муштараки Тоҷикистон Эрон буда, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён гирифт.
Нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» бо сармоягузории Эрон сохта мешавад ва тибқи қарордоди имзошуда миёни ду ҷониб, пас аз 12 соли истифода ба нафъи Эрон, ин нерӯгоҳ дар ихтиёри Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт.
Ба иловаи ин, ширкатҳои эронӣ дар сохтмони туннелу ҷодаҳои Тоҷикистон саҳм доранд.
Ахиран ширкати «Собир»-и Эрон, ки сохтмони тунели "Истиқлол"-ро низ анҷом додааст, дар музоида дар сохтмони роҳи Шоҳон-Зиғар дар минтақаи Дарвоз баранда шуд. Ин сохтмон аз сӯи ниҳодҳои молии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ сармоягузорӣ мешавад.
Табодули мол миёни Эрон ва Тоҷикистон дар 8 моҳи соли равон беш аз 112 миллион долларро ташкил медиҳад, ки нисбат ба Чин ва Русия беш аз даҳ баробар камтар аст.
Дар тӯли 8 моҳ аз Тоҷикистон ба Эрон дар ҳудуди 30 миллион доллар коло содир шуда, дар ҳудуди 81 миллион доллар коло аз Эрон ба Тоҷикистон ворид шудааст.