"Ояндасоз" ҳаштсола шуд

«Ояндасоз»- гуфтори ҷавонони радиои Oзодӣ ҳашт сола шуд.Барномаи вижаи ҷавонони радиои Озодӣ барои аввалин бор соли 2002 якҷо бо як гурӯҳи журналистони ҷавоне, ки баъзеҳо ҳанӯз донишҷӯ буданд, фаъолияти худро оғоз кард ва тӯли ин муддат кӯшидааст ҳама паҳлӯҳои зиндагии ҷавононро инъикос намояд.
То ба имрӯз матолиби мухталифи «Ояндасоз» дар нашрияҳои дохилӣ ба табъ расида, борҳо дар озмунҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ғолиб омадаанд.

"Ояндасоз"- минбари озоди ҷавонон

Дар тӯли ҳашт сол, «Ояндасоз» қариб роҷеъ ба ҳама паҳлӯҳои рӯзгори ҷавонон, назири сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, беҳдошт, маориф, туризм, табиат ва амсоли инҳо гузоришҳои пажӯҳишиву таҳлилӣ, сӯҳбатҳои сари мизи мудаввар, мубоҳиса, мусоҳиба, вижагуфторҳои таҳлиливу сафарӣ таҳия ва дар шакли вижа ва дилкаш тақдими ҳамсолони гиромиаш мекунад.

Дар ҳамин замина, аксари шунавандаҳое, ки моро солҳои тӯлонӣ ҳамроҳӣ мекунанд мегӯянд, ба онҳо маҳз тарзи тақдими «Ояндасоз» бештар писанд аст.

Ба гуфти онҳо, гоҳе бо «Ояндасоз» механданд ва гоҳе ашк мерезанд ва ё ба сафарҳои тӯлонӣ ва пур аз ҳаводиси ҷолиб мебароянд.

Хулоса «Ояндасоз» зиндагии як гурӯҳи ҳамсолонамонро тавонистааст рангин кунад.

Саидаъзам, ҷавоне, ки як сол қабл дар бораи «Ояндасоз» аз дӯстонаш итилоъ гирифт ва акнун пайваста онро мешунавад, мегӯяд ин гуфтор то ҳадде халои итилоъотии ҷавононро ҳам дар дохил ва хориҷи кишвар пур месозад:

«Барномаи шумо ҷолиби диққат аст, бурду бохти ҷавононро дар бар мегирад. Аммо мутаъсифона дастраси аксарият, ба мисли радиоҳои «Имрӯз» ё «Садои Душанбе», ки дар мавҷи FM пахш мешаванд, нест. Аммо дар маҷмӯъ ба мо ҷавонон, «Ояндасоз» писанд аст ва фикр мекунам умрбод ин барнома мемонад. Ман «Ояндасоз»-ро, ки 8 сола мешавад табрик мекунам ва ҳамчунин кормандони Озодиро ба хотири чунин як барномаи ҷолиб доштанашон».

Дар ҳамин замина Умар Ёров, сокини вилояти Хатлон, нафаре ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввал, тайи ҳашт сол ҳамсафари «Ояндасоз» аст, мегӯяд, «Ояндасоз» яке аз барномаҳои дурахшонтарини радиои Озодӣ аст:

«Аввалан ташаккури худро ба ҳамаи кормандони радиои Озодӣ мерасонам, аз ҷумла ба хабарнигорони «Ояндасоз», ки ба ҳама ҷо сафар мекунанд, бо ҳама қаҳрамонҳои худ чи аз оилаи доро бошад ё камбизоат, аз наздик ошно мешаванду бо ҳар роҳу восита саҳифаҳои гуногунро ба шунавандаҳо пешкаш мекунанд. Мехоҳам, ки бештар дар бораи рӯзгори ҷавонони деҳ ва хориҷӣ кишвар иттилои бештар диҳанд. Мехоҳам, ки дар оянда «Ояндасоз» дар шакли видеоӣ дар телевизион пахш шавад. Бигзор «Ояндасоз» бо тарзе ояндасоз бошад».

Дар баробари ин ҳама, «Ояндасоз» барои хабарнигорони ҷавон як мактаби хуб ҳам буд.

"Ояндасоз"- мактаби рӯзноманигорони ҷавон

Дар ин муддат як гурӯҳи ҷавонон имкони таҷрибаомӯзӣ дар барномаи моро доштанд ва ё баъд аз ҳамкории тӯлонӣ тавонистанд роҳи минбаъдаи фаъолияташонро дар расонаҳои дигари бонуфузи дохилӣ идома диҳанд.

Расули Шодон, хабарнигори оҷонсии итилоотии «Азия плюс», ки қадамҳои нахустини худро дар саҳнаи журналистика бо «Ояндасоз» гузоштааст ва қариб се сол аз рӯзгори муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба шунавандаи азиз гузоришҳои мухталифро таҳия мекард, мегӯяд таҷрибаи аз «Ояндасоз» андӯхтааш то ҳоло барои пешравиҳои касбӣ барояш кӯмак мекунад:

«Бори аввал, ки ман кор омадам донишҷӯ будам ва соли 2004 буд. Ниёз ба омӯзиш ва ба як таҷрибаи корӣ доштам. Ин таҷрибаву омӯзишро ба ман «Ояндасоз» ва нафароне доданд, ки дар он кор мекунанд. То ҳоло дар расонаҳои дигар зимни фаъолияти корӣ аз таҷрибаи «Ояндасоз» истифода мебарам. Орзу дорам, ки боз ҳам «Ояндасоз» барномаи хубтар шавад ҳамкорони мо рушди бештар кунанд, нафарони ҷавон ҷалб шавад ва шахсони навро дар он бубинем. Орзу дорам, ки барнома васеътар ва соаташ низ зиёд мешавад».

Аксарият мегӯянд, сирри муваффақияти «Ояндасоз» дар муттаҳидии гурӯҳи корӣ ва фаъолияти бонизому пайваста тарҳрезӣ шудаи он аст. Дар ин самт роҳнамоии Соҷидаи Мирзо, Искандари Хоҷамирзода, Хиромон Бақозода, Мирзонабии Холиқзод ва дигар ҳамкорони собиқадорамон хеле муҳим арзёбӣ мешавад.

Солҳои зиёд Хиромон гардонандагии "Ояндасоз"-ро ба ӯҳда дошт ва акнун тайи се сол аст, ин вазифаро ба Фирӯз, Зарангез ва Шаҳло бовар мекунад. Хиромон «Ояндасоз»-ро чи гуна дидан мехоҳад?

«Муҳимтар аз ҳама ба назари ман, он таҷрибаи корие ҳаст, ки ин барнома ва ҳамкорони он андӯхтаанд. Корҳои хеле зиёд, хуб, пешрафта ва созандаеро то ин замон тими «Ояндасоз» анҷом додааст. Аз ҷумла дар амри пӯшиши мавзӯҳо ва масоили доғи сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷавонони Тоҷикистон. Аммо дар айни замон кори зиёдеро бояд дар оянда кард. Мо бояд бубинем, ки ҷавонони Тоҷикистон ҳоло дар баробари чолишҳои хеле сахт қарор доранд, чолишҳое ки ҳалли худро талаб мекунанд ва бояд ба он посух дода шавад. Аз ин хотир низ рисолати «Ояндасоз» ҳоло анҷомшуда нест ва аз ҳаводорони худ даъват мекунем, ки ба мо ҳамроҳ шавед то, ки мо ба ҷавонони Тоҷикистон дар баррасии объективона ва бетарафонаи масоили доғи рӯзгори онҳо мусоидат кунем».

Дӯсти азиз шумо «Ояндасоз»-ро чи гуна дидан мехоҳед? Назару андешаҳои худро зери матлабҳои ин гуфтор дар бахши ҷавонӣ ё "Ояндасоз"-и радиои Озодӣ, иброз доред.