Бурди мардон ва бохти занони тоҷик дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ

Дастаи мардонаи шоҳмоти Тоҷикистон дар даври ҳаштуми Олимпиадаи 39-уми ҷаҳонии шоҳмот, ки дар шаҳри Ханти-Мансийски Русия ҷараён дорад, бар тими Люксембург бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.
Соҳиб Ҷӯраев ва Рашид Ҳусейнов бар рақибонашон ғалаба карданд. Фаррух Амонатов ва Ҷамшед Исоев бошанд, бозиҳоро мусовӣ анҷом доданд.

Ҳамин тариқ, дастаи мардонаи Тоҷикистон бо 10 имтиёз (4 пирӯзӣ, 2 мусовӣ ва 2 бохт) дар байни 149 даста ҷои 38-умро касб кардааст.
Тоҷикистон дар ҳамин ҳол байни кишварҳои собиқи шӯравӣ аз дастаҳои мардонаи Литва, Қирғизистон, Молдова, Туркманистон ва Латвия пеш аст.

Вале дастаи занонаи Тоҷикистон дар даври ҳаштум аз тими Туркманистон бо ҳисоби 1,5-2,5 шикаст хӯрд. Дар ин бозӣ Надежда Антонова, Асила Мӯҳтоҷзода ва Мутрибаи Илҳом бозиҳоро мусовӣ карданд. Вале Марворид Насриддинзода, ки дар тахтаи аввал бозӣ кард, мағлуб гашт.

Дастаи занонаи Тоҷикистон баъди 8 бозӣ (3 ғалаба, 1 мусовӣ ва 4 бохт) бо 7 имтиёз дар байни 115 даста дар ҷои 71-ум қарор дорад. Тоҷикистон миёни дастаҳои занонаи кишварҳои собиқи шӯравӣ дар зинаи охирин ҷойгир шудааст.

Ба ин тартиб, пас аз ҷамъбасти ҳафт даври мусобиқот дар сабқати мардон дастаҳои Укроин (14 имтиёз), Русия-1 (13), Гурҷистон (13), Озарбойҷон (13) ва Маҷористон (13), дар сабқати занон дастаҳои Русия-1 (16), Сербия (13), Русия-2 (13), Чин (12) ва Гурҷистон (12) пешсафанд.

Имрӯз, 30-юми сентябр, даври нӯҳуми мусобиқот баргузор мешавад. Дастаи мардонаи Тоҷикистон бо тими Миср ва дастаи занонаи кишвар бо тими Ироқ рақобат мекунанд.