«Хонаводаамонро ба Русия меорем»

Нооромиҳо дар шарқи Тоҷикистон, куштан шудани 25 сарбоз ва идомаи амалиёти низомӣ, на танҳо сокинони кишвар, балки ҷомеаи муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷ аз Тоҷикистонро низ ба шиддат нигарон кардааст.
Тайи чанд рӯзи ахир, даҳҳо тан ба студияҳои Радиои Озодӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Прага занг зада ва ин ҳодисаро маҳкум карданд.

Абдулло Давлатов, раиси Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русия яке аз онҳоест, ки ба РО гуфт: «Мо ба шиддат ҳамла ба корвони сарбозону афсаронро маҳкум мекунем ва ҳатто муроҷиатномаеро низ дар сайти созмонамон ҷо додем, ки аз мардум даъват кардем, то фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳо нашаванд ва ақлу заковати худро ба кор баранд. Воқеан нооромиҳо мояи нигароии мост ва ҳар рӯз даҳҳо тан аз муҳоҷирон дафтари мо меоянд ва сабабу шарҳ мепурсанд, ки мо ҳам дар посух ба онҳо оҷизем. Бояд сулҳу оромиро аз даст надиҳем ва битавонем дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ кунем».

Бад ин тартиб он гуна, ки Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон низ ба Озодӣ гуфт, нерӯҳои давлатӣ на танҳо дар дараи Камароб, балки дар чанде мавзеъ аз минтақаи шарқи Тоҷикистон амалиёти густардаи низомиро алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ анҷом медиҳанд.

Қабл аз ҳодисаи Камароб, сокинони Раштонзамин аз ҳузури нерӯҳои давлатӣ дар ин минтақа нигарон буданд, аммо ҳамакнун муҳоҷирони тоҷик бар инанд, ки ҳузури густардаи нерӯҳои амниятӣ ва интизомӣ дар минтақа метавонад вазъро бесуботтар кунад.

Зиёратшоҳ, як муҳоҷири тоҷики зодаи Ғарм мегӯяд: «Охир ин чи гап аст, мо дар Ғарм падару модар, зану фарзанд ва хоҷагӣ дорем. Ҳукумат бурдааст шаш – ҳафт ҳазор сарбозу афсара дар онҷо партофтааст, боз чӣ мешавад, бесарусомонӣ, боз дуздӣ ва ҳамон солҳои 1992. Аз ҷанг ҳам хаста шудем, аз ҳамааш. Ин магар фишори давлат нест ва магар вазъ беҳтар мешавад?»

Қатъи робитаи телефонӣ бо Рашт муҳоҷиронро нороҳат кардааст

Аммо он чӣ бештар ба оташи хашму ғазаби муҳоҷирон «равған» рехтааст, қатъи иртиботи телефонӣ бо минтақаи Рашти аст.

Зеро дар канори дигар ҷавонони тоҷик, ҳазорҳо тан аз ҷавонони минтақаи Ғарми Тоҷикистон дар гӯшаву канори мухталифи Русия кору фаъолият доранд ва барои онҳо дар шароити феълӣ огаҳ будан аз сарнавишти падару модар, бародару хоҳар ва барои бисёриҳо зану фарзандашон муҳим аст.

Ин аст, ки даҳҳо тан аз муҳоҷирон ба студияҳои Озодӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Прага занг зада ва ҳатто тавассути паёмакҳо шарҳи ин амалкард, яъне қатъ шудани алоқаи телефонӣ ба Раштро ҷӯё мешаванд.

Фахриддин, аз шаҳри Читтаи Русия яке аз онҳост: «Як ҳафта шуд ҳамроҳи рафиқонам наметавонем ба Ғарм занг занем, аз ҳоли хонавода, ба хусус модари азизамон бохабар шавем. Ҳеҷ илоҷ надорем, фикр мекунам онҳо низ нигаронанд. Ман шахсан модарамро ёд кардам ва ба мо кӯмак кунед».

Кор ба ҷое расидааст, ки ба гуфтаи Фахриддин нооромии вазъ, монеи баргаштанаш ба зодгоҳаш Ғарм шудаааст, ҳарчанд модарашро хеле пазмон шудааст.

Онҳо қасди баргаштанро надорад

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Минҳоҷиддин Каримов, раиси ҷамияти тоҷикони мавсум ба «Сомониён» дар вилояти Новосибирск, бештари тоҷикони муҳоҷири ин вилоят, ки зодаи Ғарм ҳастанд, дигар қасди баргаштан ба ватанро надоранд, балки мехоҳанд бо ҳар роҳе, ки бошад падару модар ва ё хонаводаашонро назди худ биоранд:

«Дар вилояти Новосибирск ғармиҳо хеле зиёданд ва ҳатто 90 дар сади яке бозорҳои шаҳрро ғармиҳо ташкил медиҳанд. Онҳо агар 10 дар сад дар бораи тиҷорат фикр кунанд, 90 дар сади дигар дар бораи Ғарм- падару модар, хоҳару бародар ва зану фарзандашон фикр мекунанд. Ман инро барои он мегӯям, ки ман раҳбарии ду созмони тоҷиконро дар инҷо бар ӯҳда дорам. Аксарияти онҳо дар сӯҳбатҳо гуфта истодаанд, ки мераванд ва Худо хоста бошад хонавода - зану фарзандонашонро меоранд. Ман низ ростӣ дар фикрам. Аз соли 1992 дар Новосибирск ҳастам. Ҳарчанд хонаводаам дар шаҳри Душанбе аст, лекин бар ин фикрам, ки агар ҳодисаҳои Ғарм идома кунад, эҳтимол дорад ба дигар минтақаҳо, ҳатто Душанбе низ мумкин аст гузарад. Барои ҳамин дар андешаам, ки рафта онҳоро биорам».

Албатта сабабҳои қатъи иртиботи телефониро мақомоти давлатӣ идомаи амалиёти низомӣ ва тахриби таҷҳизоти иртиботӣ дар шарқи Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд.

Аммо он чи бештар мояи таассуф аст, ба гуфтаи Минҳоҷиддин Каримов, раиси ҷамъияти тоҷикони «Сомониён» дар вилояти Новосибирск, раванди муҳоҷират аз Тоҷикистон ба хориҷ ба маротиб афзоиш хоҳад ёфт.

Зеро маҳз ҷанги дохилии панҷсола дар аввалҳои даҳаи 1990 ва паёмадҳои он мунҷар ба он гардид, ки ҳоло дар хориҷ аз кишвар садҳо ҳазор нафар муҳоҷир бошанд.

Омори расмӣ теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷи кишварро беш аз 800 ҳазор нафар рақам мезанад. Аммо манобеи ғайрирасмӣ ин рақамро беш аз 1 миллион мехонанд.