Ҷиммӣ Картер ба бемористон интиқол ёфт

Раисиҷумҳури пешини ИМА Ҷиммӣ Картер ахиран дар бемористони шаҳри Кливленд бистарӣ шуд. Ба иттилоъи хабаргузориҳои маҳаллӣ, вазъи сарвари пешини кишвар дар ҳавопаймо бад шуд - Ҷиммӣ Картер мехост ба шаҳрҳои гуногуни Амрико сафар карда, китоби ёддоштҳояшро муаррифӣ намояд.
Намояндаи Картер баъдан иттилоъ дод, ки вазъи раисиҷумҳури собиқ каме беҳтар шудааст ва ӯ сафарашро ҳафтаи оянда аз сар мегирад. Ҷиммӣ Картер аз соли 1977 то соли 1981 президенти ИМА буд.