Завқи номгузории тоҷикон мазҳабитар шудааст

Бо таваҷҷуҳи бештари мардум ба дину мазҳаб, салиқаи номгузории мардуми тоҷик ҳам дигар шуда ва ба назар мерасад, ки бархе аз афроде, ки то имрӯз Суҳробу Рустам ё Ҷамшеду Ҷовид ном доштанд, акнун исми худро ба номҳои арабие чун Муҳаммаду Абубакр ё Абдуллову амсоли ин табдил кардаанд..
«Ман мехостам, ки номи ман дар қатори номҳои савобдор бошад. Ва ман фаҳмидам, ки доштани номи Муҳаммад, Абдуллоҳ ё дигар номҳое, ки дар худ «Абд» доранд савоб будааст, барои ҳамин тасмим гирифтам номамро иваз кунам.»

Исми ин ҷавон аз рӯзи таваллуд то як соли пеш Шоҳрух буд, вале ҳоло ӯ худро Муҳаммад муаррифӣ мекунад. Дӯстонаш, ки 7 сол ӯро ҳамчун Шоҳрух мешинохтанд, ба исми нави ӯ ба сахтё одат мекунанд.

Муҳаммад- маҳбубтарин ном дар байни ҷавонон

Муҳаммад мегӯяд, исми Шоҳрух, ки интихоби падараш буд, муҳтавои баде надорад, вале бо машварати дӯстонаш, ба хотири доштани номи сирф исломӣ, ӯ ба худ исми пайғамбар Муҳаммад (с.а.с) - ро интихоб кардааст, ки маънии назаркардаи Худоро дорад.

«Ҳамин тавр дар байни дӯстон оҳиста - оҳиста маро Муҳаммад гуфтанд ва дар хона ҳам номи навро хуб қабул карданд. »

Чанд рӯзи қабл, ҷое меҳмон шудем ва диққати маро суҳбати зане ҷалб кард, ки мегуфт писараш аз номи худ розӣ нест. Ӯ исми Ҷамшедро, ки барояш волидон интихоб карда буданд, ғайриисломӣ мехонад ва аз падару модар хоҳиш кардааст, ки дигар ӯро на Ҷамшед, балки Абдулло ном бубаранд.

Воқеан имрӯз тамоюли тағйири ном кардан дар миёни ҷавонони тоҷик зиёд ба мушоҳида мерасад, вале на ба он мақсаде, ки номҳои нозеб ё содда доранд, балки бархе аз Ҷамшеду Ҷовидҳо ва умуман онҳое, ки номҳои сирф форсӣ доранд, ҳоло бештар мехоҳанд, исми худро ба номҳои арабӣ иваз кунанд.

Дар ин миён интихоби онҳо бештар рӯи номҳое мисли Муҳаммад, Абдулло, Юсуф, Ёқуб, Абубакр, Умар ё Довуд меафтад. Руҳониён ҳам, тавре ба назар мерасад, асосан номҳои арабӣ ва ё ба истилоҳ китобиро ба пайравони худ тавсия медиҳанд.

Бархе аз ҷавононон мегӯянд, бо огоҳии ҳарчӣ бештар аз таърихи дини ислом, онҳо мехоҳанд аз ҳар ҷиҳат, худро чун як шахси мазҳабӣ муаррифӣ кунанд ва исмашон ҳам аз мусалмон будани онҳо дарак диҳад.

"Ҳоло, ки ҷавонҳо бештар ба ислом таваҷҷуҳ доранд, барои ҳамин мехоҳанд номҳои исломӣ дошта бошанд. Як дӯсти ман Ҷамшед, вақте аз таърихи номи худ огоҳ шуд, онро тағйир дод. Чунки мегӯянд, дар давраи Ҷамшед динӣ Зардуштӣ буд."

Ба ин тартиб агар як даҳсола пеш дар Тоҷикистон раванди маъруфият касб кардани исмҳои соф форсӣ густариш пайдо карда, гузоштани номҳо ба хусус аз Шоҳнома, мисли Таҳминаву Зарина, Рудобву Судоба муд шуда буд, ҳоло ба ҳамин суръат номҳои арабӣ ё мазҳабӣ маъруфият касб мекунад ва миёни навзодон, шумори Самираву Сумая, Осия Ойишаҳо афзудааст.

Бар фарзандон бояд номҳои некӯ гузошт

Таҳлилгари масоили диннӣ Саъди Юсуфӣ, мегӯяд, афзоиши таваҷҷуҳ ба омӯзиши дини ислом, мисли дигар паҳлуҳои зиндагии мардуми тоҷик ба раванди номгузорӣ ҳам бетаъсир намондааст.

Аз нигоҳи дини ислом, тағири номи номувоффиқ, ки боиси нороҳатии соҳибаш аст, ба номи беҳтар суннат аст, аммо меафзояд, оқои Юсуфӣ, ҳатмӣ нест, ки исм аз мусалмон будани шахс дарак диҳад ё мазҳабӣ бошад. Ин танҳо ба завқи инсонҳо вобастааст.

«Ин бештар як ҷанбаи завқӣ дорад. Аммо ҷиҳати динӣ доштанаш ҳам албатта мушкиле надорад, дар ин гуна номгузориҳо бештар як тарбияи ахлоқӣ дида мешавад. Пайғамбари Худо Муҳаммад (с.а.с) ташвиқ мекунад, ки ба фарзандон бештар номҳое гузорем, ки бо «Абд» - яъне банда шурӯъ шавад. Вале гуфта нашудааст, ки ин ҳатмӣ аст, тавре имрӯз мардум фикр мекунанд. Масалан, вақте худи пайғамбар наберадор шуд, ба онҳо номи Ҳасан ва Ҳусайнро гузошт, ки муҳтавои ин ду ном хушрӯву хушрӯяк аст.»

Аммо бархе аз таҳлилгарон аз он нигаронӣ мекунанд, ки ба ин тартиб, тамоюли нав дар чанд соли дигар метавонад мунҷар ба куллан аз миён рафтани номҳои тоҷикӣ — форсӣ шавад.

Коҳиши худшиносии миллӣ ё мазҳаби шудани ҷомеъа?

Таҳлилгари дигари тоҷик Фаррух Умаров, омили аслии рӯ овардан ба номҳои арабиро дар коҳиш ёфтани худшиносии миллӣ бозгӯ мекунад.

«Аксар ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, ба мазҳабҳои дигар мегараванд, ки ин мазҳабҳо бештар вижагиҳои арабӣ касб кардаанд. Ин номҳое, ҳам, ки аз онҳо чун ба истилоҳ номи китобӣ ёд мекунанд, аксаран исмҳои арабианд. Ҳарчанд мо ҷузви ислом ҳастем, аммо мо бояд бо симои миллӣ ва исмҳои хоси худ дар арсаи байналмилаллӣ фарқ кунем.»

Вале агар роҷеъ ба ному номгузорӣ аз нигоҳи равоншиносӣ сӯҳбат кунем, ин илм ба номгузорӣ диққати махсус медиҳад ва гузоштани номи хубу мувофиқро ба фарзанд як масъулияти бузурги волидон меҳисобад, зеро ба андешаи равоншиносон, исми инсон метавонад барои дорандаи он нақши сарнавиштсоз дошта бошад. Гулруз Абдураҳмонов равоншиноси тоҷик дар ин зимн гуфт:

«Дар мо мутаасифона баъзан номҳои бисёр соддаву дағал мисли Сангу Хоркашу дигару дигар гузошта мешавад, ҳарчанд одам номро зебо мекунад, вале табиист, ки ин гуна номгузорӣ метавонад ҳам ба руҳияӣ соҳиби он ва ҳам ба ба мавқеи ӯ дар миёни мардум таъсиргузор бошад.»

Дар воқеъ, ҳам аз нигоҳи динӣ ва ҳам арзишҳои инсонӣ ҳар як нафар ҳақ дорад соҳиби номи накӯ ва писандида бошад, то оянда ӯ аз ба забон овардани номи худ шарм накунад ва мавриди тамасхури хосу ом қарор нагирад.