Дипломатияи мардумӣ: Роҳи бозгашт ба оромӣ дар Рашт

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, ки нооромӣ дар минтақаи шарқи Тоҷикистон роҳи ҳалли мусаллаҳона надорад. Раҳбари ин ҳизб Раҳматулло Зоиров дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ки давлат бояд водии Раштро минтақаи дипломатияи халқӣ эълон кунад.

Раҳматулло Зоиров раиси ин ҳизб дар ин нишасти матбуотӣ ҳадаф аз ин пешниҳодро чунин тавзеҳ дод :

«Пешниҳоди мо ин аст, ки водии Рашт минтақаи дипломатияи халқӣ эълом шавад. Дар ин гуфтугӯҳо ҷомеъаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳо сиёсӣ, шахсиятҳои баобрӯ ширкат кунанд. Ва онҳо муайан кунанд, ки чи зиддиятҳо байни ҳукумат ва ин қувваҳо вуҷуд дорад. Дар ҳоли ҳозир ин қазия рӯшан нест. Дар ҳоли ҳозир иқдоми давлат ва аз сӯи дигар талоши гурӯҳҳои мусаллаҳ дар ин минтақа созанда нест ва бо роҳи ҷанг ин мушкилиҳо ҳал нахоҳад шуд.»

Аз сӯи дигар дар ҳоле, ки давлат ин гурӯҳҳои номаълумро террорист мехонад ва онҳоро ба халалдор кардани амнмяту субот дар кишвар муттаҳам кардааст, оё дипломатияи мардумӣ метавонад дар ҳали ин қазия муваффақ бошад.

Мардуми Ғарм дар ин ҳодисаҳо шарик нест

Иброҳим Усмонов таҳлилгари умури сиёсӣ ва яке аз шахсиятҳои саршиноси Тоҷикистон, ки дар гузашта ҳамчунин равандҳои сиёсиро таҷриба кардааст гуфт, дар даврони ҷанги шаҳрванди дар навоҳии Ғарму Тоҷикободу Ҳоит дар солҳои 1995-96 , инчунин дар воқеъаҳои Хуҷанд дар соли 1996, дар Бадахшон то соли 1997 аз дипломатияи халқӣ истифода шуда буд ва ин натиҷа дошт.

Вай афзуд, воқеъаҳое, ки имрӯз дар Рашт мегузарад ҷанги шаҳрвандӣ набуда мардуми Ғарм низ дар ин ҳодисаҳо шарик нест.Ҷаноби Усмонов афзуд:

« Агар фарз кардем дар Рашт қувваи зидди ҳукуматие пайдо шуда бошаду мардуми Рашт низ зидди ҳукумат сухан гуфта бошад ва ки будани ин гурӯҳҳо аён шуда бошад, албатта истифодаи дипломатияи мардумӣ ба маврид аст. Вале ҳоло як гӯруҳи номаълум ки намедонам то чи андоза ба мардуми Рашт иртибот дораду дар онҷо пайдо шудааст ва ҳукумат алайҳи он меҷангад дар ин ҳолат ман тасаввур намекунам, ки ин дипломатҳои халқӣ ба куҷо раванд ва ба кӣ гуфтугӯ кунанд. Ман дар инҷо муқобил гузории мардуми минтақаи Рашт ба ҳукуматро ҳатто тасаввур намекунам.»

Бо вуҷуди ин, ҷаноби Усмонов аз тариқи дипломатияи мардумӣ гаравиш ба сулҳу оромиро беҳтарин роҳ хонд ва гуфт:

«Дипломатияи халқӣ метавонад ва ин роҳи беҳтарин нисбат ба он аст ки муқобили онҳо ҷанг кунед. Лекин бояд аввал муайан кард, ки ин гурӯҳҳо киҳоянд ва онҳоро ҳамчун ғармиҳо муаррифӣ кардан даркор нест».

Иқдоми давлат мухолифонро муттаҳид мекунад

Нигаронии ҳизби сотсиал демократ низ аз ҳамин аст, ки иқдоми давлат метавонад гурӯҳҳои мухталифро алайҳи давлат муттаҳид кунад.
Раҳматулло Зоиров дар ин бора гуфт :

«Дар водии Қаротегин гурӯҳҳое ҳастанд ки ҳадафи онҳо ба якдигар мутобиқат намекунад вале дар ҳоле, ки ба муқовимати давлат дучор шудаанд роҳи дигаре ҷуз якҷояшави алайҳи давлат надоранд»

Ба гуфтаи ҷаноби Зоиров дар ин қазия кӯтоҳии давлат низ ҳаст, ки фаъолияти аҳзоб сиёсии мухолифи худро маҳдуд карда майдонро барои гурӯҳҳои ҷиноӣ боз кардааст. Ва ба гуфтаи ӯ мусаллам аст, ки гурӯҳи саввум аз ин гурӯҳҳои ҷиноӣ барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ истифода мебаранд.

Ба қавли Зоиров ҷамоъати таблиғ ва ё ҳизбуттаҳрир қувваи саввум нест. Инҳо мухолифони идеологӣ ҳастанд.

Ҳамчунин Мирзохуҷа Аҳмадов ва дигарҳо низ қувваи саввум нест.

Ба гуфтаи Зоиров қувваи саввум дар дохили сохторҳои давлат аст, ки ҳам сармоя ва ҳам бо хориҷ робита доранд. Зоиров мефзояд, ки маҳз ҳамин гурӯҳ метавонанд афроди мусаллаҳро ба манфиъати худ истифода кунанд.