Дар ҳоле, ки ҷустуҷӯи гурӯҳҳои ситезаҷӯй дар минтақаи Камароб идома дорад ва хабаре аз боздошту пирӯзӣ пахш намешавад, як исми тозае дар Тоҷикистон вирди забонҳост - Мирзохӯҷа Аҳмадов.
Мардум аз якдигар мепурсанд, ки Аҳмадов кист – фармондеҳи ҷангиёни шӯришӣ ва ташкилкунандаи ҳамла ба нирӯҳои давлатӣ ва ё ҷангие, ки солҳо пеш силоҳ замин гузошта ба зиндагии мулкӣ баргашт?
Изҳороти телевизионии сохторҳои қудратии Тоҷикистон оиди даст доштани Аҳмадов дар ҳуҷуми ахир ба корвони нирӯҳои давлатӣ бисёриҳоро дар ҳайрат гузошт. Ва бархе ҳам шубҳа карданд, ки Мирзохуҷа Аҳмадов бо лақаби "Белгӣ", шояд фармондеҳи дигар бошад?
Аммо Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон шоми чаҳоршанбе дақиқан ҳамон Мирзохӯҷа Аҳмадовро ба терроризм муттаҳам кард ва гуфт:
“Дар рафти бурдани корҳои фавриву ҷустуҷӯӣ, ҳамчунин амалиёти махсус муайян карда шуд, ки Мирзохӯҷа Аҳмадов, бо тахаллуси “Белгӣ”, ки қаблан аз ҷониби роҳбари давлат афв карда шуда буд ва ӯ савганд ёд карда буд, ки барои оромии Тоҷикистон, халалдоршавии вазъи ҷиноӣ дар ҷумҳурӣ таъсир намерасонад, вале дар паи бурдани корҳои ҷустуҷӯӣ муайян гардид, ки роҳбарии ҳамин гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ки дар куштори 25 нафар сарбозону афсарони вазорати мудофеа худи Мирзохӯҷа Аҳмадов даст доштааст”.
Иттиҳоми Аҳмадов
Дар баробари иттиҳоми ҳуҷум ба корвони нирӯҳои давлатӣ мақомот ҳамчунин Аҳмадовро ба таъсиси тамрингоҳи террористӣ ва ҷалби ҷавонон айбдор карданд. Телевизиони давлатӣ бо пахши як сюжет аз бинои ношиносе дар минтақаи Рашт, ки гуфта мешуд гӯё тамрингоҳи террористии Мирзохӯҷа Аҳмадов бошад, саҳнаи бозпурсии Ҳалим Исоевро намоиш дод. Дар сюжет гуфта мешуд, ки Исоев тамриндидаи мактаби Аҳмадов буда боз 8 тани дигар дар ҳамин ҳавели ба сар мебурдаст. Ҳамчунин гуфта мешуд, ки Аҳмадов дар манзилаш ба Мулло Абдулло паноҳ додааст.
Пас Мирзохӯҷа Аҳмадов кист ва дар ин рӯйдодҳо чӣ нақш дорад?
Онҳое, ки Аҳмадовро мешиносанд, мегӯянд, ӯ тақрибан 50 сол дорад ва қабл аз гаравидан ба нирӯҳои мусаллаҳи мухолифини пешин дар зодгоҳи худ чандон маъруф набуд, саводи саводи сиёсиву низомӣ надошт ва дар мактаби олӣ ҳам таҳсил накарда буд. Аҳмадов механизатор ва бригадири совхози Дӯстии ноҳияи Рашт будааст.
Парвандаи норушани Захарченко
Исми Мирзохӯҷа Аҳмадов феврали соли 2008 баъди ҳодисаи ҳамлаву куштори фармондеҳи нерӯҳои зудамал ё ОМОН-и вазорати умури дохила Олег Захарченко шинохта шуд.
Дар он ҳодиса чунон, ки гуфта мешуд, Захарченко бо фармони Маҳмадназар Солиев вазири дохилӣ дар соли 2008, бо қасди боздошти Аҳмадов ба Рашт омад. Аммо дар як типарронии мармуз, ки гиреҳи он то ҳол боз нашудааст, гуфта мешавад, ки Аҳмадов Захарченкоро аз байн бурд. Аҳмадов ҳеҷ гоҳ гуноҳи ин кушторро эътироф накардааст. Онҳое, ки ин қазияро медонанд, мегӯянд, амри боздошти Аҳмадов дар ҳоле содир шуд, ки гурӯҳи таҳти раҳбарии ӯ дар шӯъбаи ҷиноёти созмонёфтаи Рашт ба дуздии ангишти Назарайлоқ муттаҳам шуданд.
Дар зимн Аҳмадов аз шумори ками фармондеҳони собиқ аст, ки бо матбуот равобити хуб бунёд кардааст. Баъди ҳодисаи куштор Захарченко ӯ тавонист бо пахши изҳоротҳои матбуотӣ таҳдиди боздоштро аз худ дур кунад ва дар рӯйдодҳои Тавилдара, ки ба қатли Мирзо Зиёев анҷом шуд, ҷон ба саломат бударад.
“Ӯ инсони сулҳхоҳ буд”
Мирзохӯҷа Низомов, фармондеҳи пешини нирӯҳои мухолифин бо таъкиди авлавияти сулҳ барои тамоми фармондеҳони собиқ аз Аҳмадов ҳамчун инсони сулҳхоҳ ситоиш мекунад ва мегӯяд, Мирзохӯҷа Аҳмадов аз шумори ками фармондеҳони водии Қаротегин буд, ки дар солҳои ҷанг ва баъд аз он қаламарви водиро тарк накард. Баъди имзои созишномаи сулҳи миёни ҳукумат ва оппозитсиюн дар соли 1997, Аҳмадов бо пешниҳоди Низомов, ки он вақт узви Комиссиюни оштии миллӣ буд, фармондеҳи баталйони вазорати умури дохила дар Рашт таъйин шуд. Мирзохӯҷа Низомов мегӯяд:
“Мирзохӯҷа одами компромис аст. Вақте ки вай мақсаду маромро фаҳмид, яъне мақсад ҳамон беҳбудии кор асту барои ҷамъияту мардум аст, вақте ки ман бо вай сӯҳбат мекардам, ҳеҷ вақт аз гуфтаҳои мо берун намебаромад”.
Омили хатарзо барои ҳукумат
Коршиноси тоҷик Саймуддин Дӯстов мегӯяд, бо вуҷуди дурӣ аз сиёсат, Аҳмадов аз илми "дипломатия" бохабар аст:
“Ман фикр мекунам, ки дар миёни Мирзохӯҷа Аҳмадов ва ҳукумати Тоҷикистон ҳаргиз ҳеҷ гуна равобите вуҷуд надошт. Вале аз нигоҳи баъзе марказҳои тасмимгирӣ дар ҳукумати Тоҷикистон Мирзохӯҷа Аҳмадов чун як омили хатарзо арзёбӣ мешуд. Зеро вай дар қазияи Олег Захарченко нишон дод, ки назар ба қумандонҳои овозадори дигар метавонад аз худ дифоъ кунад ва ҳамчунин ӯ тавонист, ки ҳукуматро ба гуфтушунидҳои бисёр мураккаб, чи дар соли кушта шудани Захарченко, чи баъдтар моил гардонад. Фикр мекунам, дар ин нирӯи ӯ омили психологӣ албатта бисёртар буд ва омили низомӣ шояд панҷ дар сади онро ҳам дар бар нагирад”.
Вале баъзе таҳлилгарони дигар мегӯянд, даъвои ҳукумат бо Мирзохӯҷа Аҳмадов на бар сари тиру камон ва терроризм аст, ин даъво бештар аз тасаллути Аҳмадов ба водии Қаротегин маншаъ мегирад. Ин гурӯҳи таҳлилгарон мегӯянд, нуфузи беандозаи як ҷангсолор дар минтақае, ки солҳо таҳти назари ҳукумат набуд ва роҳу пайроҳаи он барои гуруҳои ситезаҷӯ росту ҳамвор шудааст, орӣ аз таҳдидҳои амниятӣ нест.
Рашид Ғанӣ, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд: “Такя ба имконоти молӣ хоху нохоҳ гоҳо ба он оварда мерасонад, ки он шахсе, ки ингуна такягоҳе дорад, метавонад рӯзе ба сараш як фикре ояд. Давлат ҳаракат мекунад, ки нуфузи худро ба ҳама ҷо сад фоиз тавсеа диҳад ва нагузорад, ки нирӯе, сохторе ё шахси алоҳидае берун аз нуфузи он бошаду ба давлат шарту шароити худро дикта кунад”.
"Шикор"-и Аҳмадов
Бархе аз таҳлилгарон бар инанд, ки "шикор"-и Аҳмадов аз тарафи нируҳои ҳукуматӣ барои худи Аҳмадов ҳодисаи ғайриинтизор набуд. Ӯ Ин гуна гардишро чашмдор буд ва чанд дафъа таъкид кард, ки чунин фишорҳо фармондеҳони собиқро ба иқдоме таҳрик хоҳанд дод.
Мирзохӯҷа Низомов мегӯяд, ки ин фармондеҳи собиқ дар ҳама сӯҳбатҳояш, ҳатто ду моҳ пеш дар маъракаи хокcупории бародари Низомов дар Ғарм гуфтааст, ки аз сарнавишти худ нигарон аст. “Ман гуфтам, ки агар президент афв карда бошад, туро касе даст нахоҳад кофт”, гуфтааст Низомов.
Мирзохӯҷа Низомов мегяд, ки ҳануз ҳам ба иртиботи ҳамномаш бо Мулло Абдулло бовар надорад, ба ин хотир, ки аз назари ақидатӣ онҳо дар сангарҳои мухолиф қарор доштанд.
Охирин изҳороти Аҳмадов
Рӯзи 21 сентябр дар яке аз охирин сӯҳбатҳояш бо Озодӣ Мирзохӯҷа Аҳмадов гуфт, ки ҳузури афзояндаи нирӯҳои ҳукуматӣ дар минтақа, кофтукови манзилҳои размандаҳои пешин боиси афзоиши асабонияту нороҳатии онҳо мешавад ва бисёри онҳо бо тарс аз пайомадҳои нохуши ин амалиёт ба кӯҳҳо фирор мекунанд:
“Аз ҳамин рӯз сар карда, бачаҳое, ки бо мо буданду бо мо мегаштанд, ҳозираш, ки гуфтанд, ки дар хонаҳоятон беташвиш зиндагӣ кунед, лекин афсӯс, ки субҳи соати 8 ин бачаҳо бо мо буданд, амалиётҳо сар шуданд, лекин афсӯс, ки ба фикрам кор аз дасти қувваҳои ҳукуматӣ безеб шуда истодааст”.
Бисёриҳо ин изҳороти Аҳмадовро чун таҳдид ба ҳукумат арзёбӣ карданд. Ҳарчанд худи ӯ батакрор гуфтааст, ки ҳама силоҳашро баъди афви раиси ҷумҳурӣ супурдааст.
Олга Тутубалина, хабарнигори Азия-Плюс шояд аз охирин хабарнигороне буд, ки бо оқои Аҳмадов рӯзи сешанбе қабл аз фирор ӯ сӯҳбат кардааст
“Мо дар бораи Мулло Абдулло гап задем. Вай хуб медонад, ки муносибати ҳукумат ба ӯ чи гуна аст. Барои ман ногаҳонӣ буд, ки фардои он рӯз, яъне баъди танҳо чанд соат маҳз ҳамин одамро гунаҳгор карданд. Аз тарафи дигар, ҳама медонад, ки ӯ дар ин минтақа нуфуз дорад, ӯ пешво аст, яъне ҳама медонад, ки дар ин минтақа чизе бидуни огаҳии ӯ рӯй намедиҳад. Ҳодисаи куштори корвони нирӯҳоро ҳам пурсидам, ҳарчанд гуфт, намедонам, вале ҳама медонад, ки ӯ хеле хуб огоҳ аст”.
Ӯ мегӯяд, дар ин сафар барояш нуктаи тааҷубовар тарзи рафтору бархӯрди Аҳмадов ба ҳодисаҳо буд.
“Бароям аҷиб намуд, ки вақти расидани мо дарвозаи хонаи ӯ боз буд. Вай дар бораи рафтани мо хабар надошт. Вазъ хеле мушкил, шаҳр холӣ аст. Бозор кор намекунад, мардум асабониву нигаронанд. Дар наздикиҳо амалиёти ҷангӣ мегузарад. Ва дар ҳамин шароит дарвоза боз асту муҳофизоне ба чашм намехуранд. Мо наздик шудему наздамон муҳофизонаш баромаданд. Якеаш туфанг дошт. Умуман нӯҳ-даҳ нафари дигар бо либоси мулкӣ дар даруни ҳавливу атроф мегаштанд. Аввал ёвараш Олим Одилов гуфт, ки Мирзохӯҷа нест. Аммо баъд худаш наздамон баромаду мо тақрибан ним соат сӯҳбат кардем. Тааҷҷубовар ин буд, ки ӯ хеле ором ба назар мерасид, гӯё чизе нашудааст. Сӯҳбати мо дар беруни ҳавлӣ сурат гирифт, намедонам чаро ӯ моро ба дохил даъват накард”.
Олга Тутубалина мегӯяд, аз ҳамин сӯҳбат огоҳ шуд, ки Мирзохӯҷа Аҳмадов ду ҳамсар доштааст ва ҳамсари бузургаш тобистони ҳамин сол аз дунё гузаштааст. Оқои Аҳмадов дар ин мулоқот гуфтааст, ки Шоҳ Искандаров, фармондеҳи дигари собиқи оппозитсиюн ба кӯҳҳо фирор карда худи ӯ ҳам чунин ният дорад.