Хабарҳои зиддунақиз аз Камароб

Аз дараи Камароб, мавзеи даргириҳои ахири нерӯҳои ҳукуматӣ бо гурӯҳҳои ситезаҷӯ хабарҳои зидунақиз пахш мешавад. Бунгоҳи хабарии Интерфакс аз қавли як манбаъи наздик ба амалиёт гуфт, ки рӯзи ҷумъа дар пайи як даргирӣ се сарбози ҳукуматӣ захмӣ ва се тан аз ҷангиён кушта шуданд.
Аммо Тоҳир Норматов, раиси ситоди нируҳои вазорати дифоъи Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо хабаргузории Азия плюс ин хабарро такзиб кард ва гуфт, ки вазъ дар минтақа ором аст ва корҳои маъмулии ҷустуҷӯи идома доранд.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухунгӯи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, низ гуфт, тайи шабонарӯзи гузашта даргирие бо мухолифини ҳукумат ба вуқӯъ напайвастааст:

«Амалиёти зиддитеррористии алайҳи гурӯҳҳои ҷинояткор ва террористии Мирзохӯҷа Аҳмадов, Абдулло Раҳимов ва Аловуддин Давлатов идома дорад. Вазъи ҷиноӣ ва умуман вазъият дар водии Рашт таҳти назорати нерӯҳои ҳукумати Тоҷикистон аст».

Нақли сокинони Рашт

Сокинони минтақаи Рашт дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки эҳтимолан амалиёт дар дараҳо ҷараён дорад, вале манотиқи аҳолинишин ороманд. Саид, як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Рашт гуфт:

«Чор шабонарӯз навбатдор будам. Дар ГАИ кор мекунам. Дар Ғарм оромист. Ин ҳама овоза аст. Артиш меравад ба сӯи дараҳо. Миёни мардум нест».

Ҳомид, яке дигар аз ҳамсӯҳбатони мо, ки ҳамсояи Мирзохӯҷа Аҳмадов будааст, хабари тахриби манзили фармондеҳи мухолифинро таъйид карда, афзуд: «Худаш нест. Агар дар кӯҳҳо ӯро пайдо накунед, дар хонааш нест»

Онҳо хабари кушта шудани ягон нафар дар манзили Аҳмадовро таъйид накарданд.

Дар ҳамин ҳол, Бобои Сафар, як сокини деҳаи Шулмаки Камароб, наздик ба маҳалли шурӯъи даргириҳо дар водӣ мегӯяд, тамоми дара пур аз сарбозҳои ҳукуматист:

«Ҷанг дар даруни деҳаи мо ҳам бошад, ҳоло оромист. 300 сарбоз деҳаро иҳота карданд. Дирӯз бо раиси ноҳия маҷлис шуд. Гуфтанд, ки ягон тир шавад, ҳамаи ҳамин хонаҳо нест мешаванд. Ҳама қабул карданд. Ӯ муҷоҳид гапи ману туро мегирад? Нигоҳ карда нишастааст, ки кӣ чӣ кор мекунад».

Симоҳои нав дар гурӯҳҳои ситезаҷӯ

Дар ҳамин ҳол як сарбозе, ки ҳамин рӯз аз Камароб баргаштааст, дар суҳбат ба Озодӣ гуфт, ки дар ибтидо низомиён дар масъалаи теъдоди мухолифин, шакку гумон доштанд. Вале ба қавли ӯ, баъдан маълум шудааст, ки теъдоди гуруҳи шӯришгар бузург набудааст.

Ӯ афзуд "шӯришгарон танҳо як имтиёз доранд, ки дар саргаҳи дара, дар ҷои аз ҳама баландтарин мавқеъ ҷо гирифтаанд ва ин мавқеият саркӯб кардани онҳоро мушкил кардааст». Ин манбаъ гуфт, "муҳим ин аст, ки нирӯҳои ҳукуматӣ ба якҷошавии ҷангиёни Мулло Абдулло ва Аловуддин Давлатов бо Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Сайриддин роҳ надоданд."

Ба қавли ӯ, Шоҳ Искандаров ва Аҳмадбек Сафаров, фармондеҳони собиқи ИНОТ аз минтақаи Ҳоит ба гурӯҳҳои дигар ҳамроҳ нашудаанд.
Сокинони Рашт мегӯянд, дар қиёс бо рӯзҳои аввали даргирӣ равуо, бахусус ба қисмати Ғарму Ҳоити водӣ бидуни мушкил сурат мегирад. Дар посгоҳҳо мошинҳоро тафтиш мекунанд. Аммо тадобири амниятӣ дар қисмати Навободу Камароб, дар қиёс бо манотиқи дигар, шадидтар шудааст.