Тарғибгари адабиёти форсӣ дар Қирғизистон

Шоистаи Равшан

Шоистаи Равшан аз бонувони маъруфи тоҷик дар Қирғизистон аст, ки намунаҳои осори бисёре аз адибони классикии форсу тоҷикро ба русиву қирғизӣ тарҷума ва пешкаши муштариён кардааст.
Шоистаи Равшан, зодаи деҳаи Варганзаи вилояти Қашқадарё, воқеъ дар Ӯзбакистон, аст. Вай тайи ҳашт соли ахир дар Бишкек ба сар мебарад. Шоистаи Равшан баъди хатми донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев ба пажӯҳиши осори фалсафии адибони классики форсу тоҷик рӯй овардааст.

Маҳз натиҷаи ҳамин пажӯҳишҳост, ки Шоистаи Равшан баъди муҳоҷират ба Бишкек чанд рисолаи илмиву адабӣ ва публитсистӣ низ ба нашр расонд. «Бозгашт ба муҳаббат», «Рӯдакӣ-одамушшуаро», «Оғозе, ки анҷом надорад» ва «Ҳамоҳангии рӯҳ» аз ҳамин қабиланд, ки дар чор соли ахир ба забонҳои русиву тоҷикӣ рӯи чопро дидаанд.

Ахиран маҷмӯаи панду андарзҳои Шоистаи Равшан таҳти унвони «Мӯҳраҳои андеша» ба забони русӣ дар Бишкек мавриди чоп қарор гирифт. Гуфта мешавад, ин андарзҳо дар зиндагӣ ва ҳаёти рӯзмарраи муаллиф ҳосил шудаанд.

Шоистаи Равшан мегӯяд: «Имрӯз ҷаҳони муосир пеш аз ҳама ба бӯҳрони маънавӣ рӯбарӯст. Ва хушбахтона, адабиёти ғании форсӣ муҳаббат ба инсон ва расидан ба камолоти маънавиро талқин мекунад. Маҳз тарбият дар чунин фазо боис шуд, ки андарзҳоро рӯи коғаз орам ва онро ба дигарон бирасонам».

Устоди Донишгоҳи байнулмилалии Қирғизистон

Ба гуфтаи Шоистаи Равшан вай заҳмати худро ба хотири беҳбуди вазъи маънавии инсон равона кардааст ва зимни иҷрои вазифа ба ҳайси устоди Донишгоҳи байналмилалии Қирғизистон низ донишҷӯёнро ба роҳи рост даъват мекунад. Вай афзуд, ки дар ин маврид ҳамин панду андарзҳо барояш кумак мерасонанд.

Аз саҳифагардон кардани маҷмӯаи «Мӯҳраҳои андеша» бармеояд, ки ҳар як фаслу боби он ба мавзӯҳои мухталиф бахшида шудааст. Аз Шоистаи Равшан пурсидам, ки ин тақсимбандӣ аз чӣ маншаъ гирифт?

Вай гуфт: «Дар китоби андарзҳо вай ба масъалаи ишқ ба инсон, рафтору гуфтори шоистаи ӯ, шафоқату меҳр ва камолоти хуби инсонӣ таваҷҷӯҳро ҷалб кардааст ва онро ба хислатҳои бади одамӣ, чун нотавонбинӣ, ҳасаду дурӯғ, худхоҳӣ, рашк ва амсоли он, ки ба камолоти инсон халал мерасонанд, муқобил гузоштааст».

Фарзанди академики маъруф

Шоистаи Равшан аз аслу насаби шодравон академик Абдулғанӣ Мирзоев мебошад. Ба гуфтаи ӯ, аз машварати ин марди бузург ва осори ғании вай баҳраҳо бурдааст. Шоистаи Равшан мегӯяд, бобояш Абдулғанӣ Мирзоев аз хурду калон даъват мекарданд, ки ба омӯхтани илму фарҳанг рӯй оваранд, то ки дар зиндагӣ комёб бошанд.

Ба гуфтаи Шоистаи Равшан маҷмӯаи «Мӯҳраҳои андеша» ба забони тоҷикӣ дар Душанбешаҳр низ интишор хоҳад ёфт.

Ба таъкиди ҳамсӯҳбати мо дар ҳоли ҳозир иншои як повест дар арафаи анҷом додан аст, ки сӯҳбати онро мо ба вақти дигар мавқуф мегузорем.