Пизишкон мегӯянд, дар ҷангҳо миёни мусаллаҳони исломӣ ва нерӯҳои давлат дар Могадишу, пойтахти Сомалӣ, ба камияш 19 нафар кушта ва 70 тани дигар захмӣ шудаанд. Мақомоти Сомалӣ мегӯянд, гурӯҳи Ал-Шабоб, ки марбут ба Ал-Қоида дониста мешавад, ахиран ҳамлаҳояшро ба ҳукумати мавриди пуштибонии Созмони Милал густариш додааст. Зиёда аз 7 000 посдори сулҳи Иттиҳоди Африқо дар як маҳдудаи хурди пойтахт танҳо бо ҳимояи аъзои ҳукумат машғуланд.