Бо ширкати ҳунарпешагони Голливуд Диана Крюгер, симои шинохта аз филми «Троя» ва Ҷимон Хунсу бозигари филми «Гладиатор» ба наворгирии як филми синамосозони фаронсавӣ дар Бадахшон оғоз гардид.
Диана Крюгер, бозингари нақши журналисти фаронсавӣ бо тарҷумонаш ба дасти толибони Афғонистон асир меафтанд. Аммо асорат ба хубӣ меанҷомад.
Филмбардори 30 рӯз идома хоҳад ёфт
Зеро барои озод намудани журналист ва тарҷумонаш, гурӯҳи таъиноти махсуси Фаронса бо сарварии ҳунарпешаи шинохтаи Ҷимон Хунсу мешитобанд ва дагириву талошҳо ахиран ба дӯстии ин ду қаҳрамон анҷом мешавад.
Диана Крюгер ба хабарнигори «Озоди» гуфт, ки вай аз манзараи зебои Тоҷикистон ба ваҷд омадааст ва агарчанде шароити корро нисбати Голливуд дар Помир хеле сахт дарёфтааст, вале бовар дорад, ки филми шавқангезеро ба бинандагон пешкаш хоҳанд кард.
Диана афзуд, ман ваҳшат дорам аз воқеъияте, ки журналистон ба он дар филм рубарӯ мешаванд , ман ба ин масъала хеле ҳассосам ва барои иҷрои нақш ба хотири он розӣ шудам, ки мехоҳам бинандагон душвории асоратро эҳсос кунанд.
Қаҳрамони артиши Ҷимон Хунсу мегӯяд, ки вай худро дар қаторкӯҳҳои Бадахшон хеле озод ҳис мекунад.Ҷимон Хунсу аллакай ба бисер нафароне дар Хоруғ, ки вайро аз филми «Гладиатор» мешиносанд, соядаст тақдим кардааст.
Ба наворгиирии филм дар ноҳияои Рӯшону Ишкошим ва шаҳри Хоруғ бештар аз 30 рӯз давом мекунад. Филмро як ширкати маъруфии синамосозии фаронсавӣ бо номи « Моменто» ба навор мегирад.
Ба гуфтаи коргардони филм Стефан Рибожад, онҳо кӯшиш мекунанд ин филмро, ки аз даҳшатҳои ҷанг ва ғалабаи некӣ бар бадӣ нақл мекунад, баҳори соли оянда ба намоиш дароранд.
Теъдоде аз ҷавонони маҳаллӣ кори муваққатӣ пайдо кардаанд
Бо шарофати филм, теъдоде аз ҷавонони бекор ҷойи кори муваққати пайдо карданд. 50 нафар ришдорон аз ҳисоби ҷавонони маҳаллӣ, ки дар кастинг интихоб шуданд, нақши толибонро бозӣ мекунанд.
Фахриддин Дилошодов, яке аз ришдорон мегӯяд, ки кормандони идорааш бо шӯхи вайро толиби бадбахттаарин мешуморанд, ки дар рӯзи аввали наворгирӣ, тибқи сенария парронда мешавад. Фахриддин афзуд, вале вай ба хотири фоидаи молиявӣ мехоҳад, ки то навори охирин толиби намиранда бошад.
Ба гуфтаи Мақсад Қадамов, як бозигари дигар барояшон бо симоҳои шинохтаи Голливуд ширкат намудани дар филм таассуротбахш мебошад.
Аз сӯи дигар, ба фикри Мақсад, ҷавононе, ки нақши толибонро бозӣ мекунанд, ба ҷанг ва зарар расондани ба инсони дигар нафрат пайдо мекунанд.
Гуфта мешавад, ки мавзуъи толибон мавриди таваҷҷуҳи ҳар чӣ бештари синамосозони мамолики ғарбӣ қарор мегирад ва дар сурати муваффақ шудани филм, маҳаллоти кӯҳистонии Тоҷикистон метавонанд, барои наворбардории чунин филмҳо дар оянда интихоб шаванд.