22-юми сентябр сиюмин солгарди оғози ҷанги Эрону Ироқ аст. Ин ҷанг, ки бо пешрафтҳои нисбии ду ҷониб, мудохилаи абарқудратон ва истифодаи таслиҳoти навин 8 сол идома кард, бидуни пирӯзии ҳеҷ яке аз тарафҳо, бо қатъномаи 7598-и Шӯрои Амнияти СММ ба поён расид.
Дар натиҷаи он наздик ба 1 миллион нафар кушта, якуним миллион нафар захмӣ ва як миллион нафари дигар паноҳанда шуданд.
Тифлон низ қурбонии ин даргирӣ буданд
Сарнавишти ҳазорон нафар аз бенишоншудагони ду ҷониб то ҳанӯз номаълум аст ва чанд соли охир байни ду кишвар борҳо табодулаи асирон ба вуқӯъ пайваст.
Беҳтарин давраи умри Фарин Осимӣ ба бадтарин давраи ҳаёти ватанаш -- Эрон дуруст омад. Тифли сесола буд, ки ҷанги Ироқу Эрон сар шуд.
Он ҳам пас аз ихтилофҳои парокандаи сарбозон дар марз ва хусуматҳои шахсию маҳзабии оятуллоҳ Хомайнӣ ва Саддом Ҳусейн. Вақте ҷанг тамом шуд, Фарин 11- сола буд. Надонист, кӯдакию бачагияш кай ва чӣ гуна гузашт.
Вай мегӯяд, ними бештари он давронаш дар паноҳгоҳҳо ва бо тарсу ҳароси инфиҷори бомбу мушакҳо гузаштааст:
"Хотираҳои хуше аз он айём надорам. Ожир баланд мешуд ва ҳамаро дастур медод, ба паноҳгоҳҳо раванду то поёни бомбаборон он ҷо бошанд. Зери замин. Интизории риққатовар. Чеҳраҳои гирифтаи падару модарам ва гиряи хоҳарам, ки нав ба дунё омада буд. Якмоҳа ё думоҳа буд."
Ҳама медонистанд, ки кишвар дар ҳоли ҷанг аст. Раҳбари Ироқ, Саддом Ҳусейн рӯзи 22-юми сентябри соли 1980, бархилофи созишномае, ки панҷ сол пеш байни Эрону Ироқ ба имзо расида буд, нерӯҳои кишварашро ба фазо ва хоки Эрон фиристода буд.
Вай мегуфт, дар як ҷанги кӯтоҳ Эронро торумор хоҳад кард. Ҳавопаймоҳои шӯрависохти Ироқ ба бомбаборони шаҳрҳои Теҳрон, Бохтарон, Аҳвоз, Урумия, Ҳамадон ва Ободон сар карданд.
Ҳамзамон нерӯҳои пиёданизоми Ироқ дар се ҷабҳа вориди хоки Эрон шуданд ва то 8 километр дарун рафта, дар як рӯз наздик ба 1 ҳазор километри мураббаъ аз қаламрави Эронро ишғол карданд.
"Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем..."
Эрон, ки як сол пеш шоҳиди инқилоби хунини исломӣ шуда буд, ҳоло маҷбур буд, садҳо ҳазор нафар аз ҷавонони худро ба ҷабҳа фиристад.
Ҷунбиши мардумии "Ҷонбозон" як ҳаракати худҷӯше буд, ки ҳазорон нафар аз ҷавонони Эрон навори сабзе бо сураҳои Қуръон дар ҷабини худ мебастанд ва мегуфтанд, омодаанд, ҷони худро нисор кунанд.
Фарин мегӯяд, дар роҳ ба мактабхона чунин ҷавононро зиёд вомехӯрд: "Ҳар рӯз онҳоро медидам. Писарон мерафтанд ва худро номнавис мекарданд, ки ба ҷанг раванд. Онҳо медонистанд, ки дигар барнамегарданд."
Дар ҳоле, ки бомбаборони шаҳрҳои Эрон тақрибан ҳамарӯза идома дошт ва пешрафти ироқиҳо ба онҳо имкон медод, ки акнун ҳатто Теҳронро мушакборон кунанд, дифоъ аз сарзамини Эрон барои эрониҳо дар ивази қурбониҳои бузурге мумкин мегашт.
Дар ду моҳи ҷанг, ироқиҳо ба Ободон ва Хуррамшаҳр расиданд. Вале танҳо дар Хуррамшаҳр онҳо 6 ҳазор кушта доданд, ки дар ивази шумораи аз ин ҳам бузургтари талафоти эрониҳо ба вуқӯъ пайваст.
Ин замоне буд, ки ироқиҳо наворе аз қаламрави Эрон бо паҳнои 48 километрро ишғол карда буданд ва артиши Эрон дар ҳоли даступохӯрдагӣ буд. Бисёре аз нозирон он вақт гумон карданд, ки дар ин ҳамлаи барқосо Ироқ пирӯз омадааст.
Раҳбари Ироқ, Саддом Ҳусейн ба ин бовар буд, ки 3 миллион арабтабори Эрон нерӯҳои Ироқро бо нону намак пешвоз хоҳанд гирифт ва ба сафи он хоҳанд пайваст.
Аммо онҳо баракс ба артиши Эрон ҳамроҳ шуданд. Оятуллоҳ Хумайнӣ даъвати ом кард ва эълом дошт, артиши 20-миллионнафарӣ созмон хоҳад дод. Вай гуфт, "мавҷи одамиро" ба сӯи ишғолгарон хоҳад фиристод. Дафни шаҳидон ба маъракаҳои бузурги таблиғ табдил меёфт.
Дар соли чаҳоруми ҷанг маълум шуд, ки ду тараф ба як бунбасти хунин афтодаанд. Дар муҳорибаҳои шадид гоҳ Эрон ва гоҳе Ироқ пешрафт мекарданд, ҳар яке аз тарафҳо зери номҳои баланд амалиёт оғоз менамуданд ва шикаст мехӯрданд, аммо аз ин ҳама ба ғайр аз кушташудагону захмиёни зиёд ба чизе даст намеёфтанд. Падарону модарони сарбозон дар ҳарду кишвар яксон мегиристанд.
Фарин мегӯяд, ҷавонон аз ояндае, ки барояшон танҳо маргро дастовез дошт, фирор кардан мехостанд:
"Даврае расид, ки як ҳисси танаффур ба ҳукумат пайдо шуд. Махсусан, замоне ки ин ҳукумат метавонист, ҷангро ба поён барад, аммо бознаистод ва идома дод, ки дар натиҷа одамони бештаре кушта шуданд."
Ҷанге, ки пирӯз надошт
Моҳи марти соли 1986 Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Ҳавйер Перес де Куеллар Ироқро ба истифодаи силоҳи кимиёӣ дар ҷанг бо Эрон айбдор кард. Қудратҳои ҷаҳонӣ аз Ироқ мурооти Қатъномаи манъи истифода аз силоҳи кимиёиро талаб карданд.
Ин даврае буд, ки нерӯҳои Ироқ ақиб нишаставу дар хатти ҷабҳа иншооти даромуддати мудофиавӣ бино карданд. Нерӯҳои Эрон тавонистанд, дар поёни соли 1986 хатти дифоъи ироқиҳоро дар Басра рахна кунанд. Аммо талошҳо ба ишғоли Басра натиҷа надоданд ва дар ҷанг бунбасти комил ба миён омад.
Ниҳоят 20-уми августи соли 1988 Эрон шартҳои Қатъномаи 598-и Шӯрои Амнияти Созмони Милалро пазируфт. Фарин дар ёд дорад, ки он рӯз раҳбари Инқилоби исломии Эрон, оятуллоҳ Рӯҳулло Хумайнӣ дар телевизион зоҳир шуд ва гуфт, қабули ин шарт монанди ошомидани ҷоми заҳр аст.
Маълум набуд, ин барои Эрон пирӯзӣ буд ё шикаст. Барои Фарини Осимӣ ва бисёриҳо ин яке аз хунинтарин ва шояд бемаънитарин низоъҳои садаи 20 буд.