Бонуи Шамсия: "Мулло Абдулло шахси бадхашм набуд..."

Шамсия Раҳимова, ҳамсари мулло Абдулло

Шамсия Раҳимова, ҳамсари Абдулло Раҳимов, маъруф ба Мулло Абдулло, собиқ фармондеҳи нерӯҳои мухолифон, ки нооромиҳои ахир дар шарқи Тоҷикистонро ба номи ӯ пайванд медиҳанд, мегӯяд, даҳ сол боз аз вуҷуди ӯ иттилое надорад.
Хонум Шамсия ҳоло аз бемории буғумдард азият мекашад ва наметавонад роҳ гардад.

Хонаводаи мулло Абдулло аз даҳ сол ба ин тараф аз ӯ хабаре надоранд

Вай мегӯяд, Мулло Абдулло дар оғози солҳои 2000-ум аз кишвар берун рафта, дигар ба манзили худ барнагаштааст ва барои фарзандонаш низ кӯмаке нафиристодааст.



Мегӯянд, ки дар Тавилдара аст. Лекин як бор ҳамроҳи мо гап назад. Дар ҳамин ҷо бошад, як бор телефон намекунад? Ман беморам, мӯҳтоҷам, ки як нафар нигоҳубин кунад, кӯмак кунад. Дар ҳамин ҷо бошад, наход нафаҳмад, ки беморам ва барои мо чизе бифиристад?”,-афзуд ӯ.

Шамсия Раҳимова соли 1975 Мулло Абдулло (Абдулло Раҳимов)-ро барои ҳамсарӣ интихоб карда, оиладор шудааст.

Вай дар сӯҳбат ба мо “мисли Лайливу Маҷнун будем”-ро низ ёдоварӣ кард, ки ҳосилаш 7 фарзанд, 5 писар ва 2 духтар, будааст. Аммо ӯ гуфт, писари калонияш - Оятуллоро дар охири солҳои навадум гурӯҳе номаълум куштаанд.

Абдулло Раҳимов
Шамсия Раҳимова: "...бадхашм набуд"


Хонум Шамсия ҳоло дар як кулбаи оддие дар маҳаллаи Камонгарони Поён дар ҳудуди ноҳияи Ваҳдат зиндагӣ мекунад. Кулбае, ки ба гуфтаи ӯ 15 сол зиндагии муштараки ӯ бо Мулло Абдулло дар ин ҷо гузаштааст.

Шамсия Раҳимова мегӯяд, аммо Мулло Абдулло дар зиндагӣ шахсияте набуд, ки он тавре дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳоло муаррифӣ мешавад.

Ба нақли хонум Шамсия, ҳамсари ӯ то оғози даргириҳои дохилӣ дар Ромити Боло ба унвони барқчӣ кор карда, зиндагии орому осудае доштааст.

“Аз аввал мулло буд. Кӯча мебаромад, бо касе кор надошт. Намепурсид, ки чаро сарат луч ё чаро намоз намехонӣ. Масҷид мерафт, намозашро мехонду меомад. Истироҳат мекард, ғизояшро мехӯрду кор мерафт. Ҳамроҳи фарзандон низ муомилааш хуб буд. Бадхашм набуд...”, -илова мекунад хонум Шамсия.

Шамсия Раҳимова мегӯяд, бо вуҷуди ин ки онҳо хонаводаи Мулло Абдуллоянд, ҳамсояҳо ва ақрабои ҳамсараш муносибати хуб ва равуо доранд. Вай мегӯяд, ҳоло бародари Мулло Абдулло ба онҳо кӯмак мекунад. Ҳоло ягона писари ӯ Бадриддин устоди фанни забони англисӣ буда, духтаронаш оиладоранду ҳар кадоме соҳиби фарзанд.

Аммо фарзандони хурдии Мулло Абдулло аз ӯ ҳеч хотирае надоранд. Духтари кӯчаки ӯ, ки дар замони даргириҳо ба дунё омадааст, то ҳол акси падари худро надида ва ҳам намедонад, ки падараш чӣ сурате дорад.

Шамсия Раҳимова низ мегӯяд, Мулло Абдулло аз оғоз аксбардориро хуш надошт ва аз ин рӯ аксе барои хотира ҳам нагузоштааст.

Танҳо аксе, ки ӯ доштааст, мақомот бо худ бурдаанд, то барои ҷустуҷӯйи ӯ дар сатҳи байналмилал истифода кунанд. Аксе, ки акнун дар қатори даҳҳо афроди мавриди пайгард дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе насб шудааст.

Масҷиди деҳаи Камонгарони Поёни ноҳияи Ваҳдат
Мардуми маҳал мулло Абдуллоро намешиносанд


Дар кӯчаҳои Камонгарони Поён вақте номи Мулло Абдуллоро ба забон мегиред, ба ҳайрат нигоҳ мекунанд.

Насли ҷавони ин маҳал мегӯянд, аслан Мулло Абдулло барои онҳо шахсияти ношинос аст ва намедонанд, ки марде бо ин ном дар маҳалли онҳо зиндагӣ карда ё на.

Ин номро аз забони шумо шунидам. Дар деҳаи мо ин хел одам нест. Аз замоне ки ба дунё омадам, ин хел одамро дар ин ҷо надидам”, -ҷавоб дод яке аз ин ҷавонҳо.

Насли нисбатан калонсони Камонгарони Поён аз Мулло Абдулло хотираҳое доранд.

Онҳо мегӯянд, Мулло Абдуллоро бештар дар масҷид ҳангоми ибодат дидаанд: “Як вақтҳо буд. Дида будам. Ҳолo намедонам дар куҷост. Одами хуб буд. Ба ҳич кас кор надошт. Баъд аз ин ки аз ин ҷо баромад, дигар намедонам.”

Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба Мулло Абдулло, ки ҳоло ба синни 60 расида, чор бародару панҷ хоҳар дорад, солҳои навадум ба нерӯҳои мухолифин пайваст.

Соли 1997, замоне ки ҷонибҳо созишномаи сулҳро имзо карданд, ӯ ба хилофи ҳамсангарони худ аслиҳаашро ба замин нагузошта, вориди Ҳаракати исломии Узбакистон шуд ва соли 2002 ба Афғонистон рафт.

Мақомоти Тоҷикистон аз соли 2005 ба ин сӯ Мулло Абдуллоро дар пайгарди қонунӣ қарор додаанд.

Мулло Абдуллое, ки ба гуфтаи Шамсия Раҳимова қисме аз шушу як гурдааш набуд, вале ногаҳонӣ аз хонаводаву зиндагии осудаи худ бурида, ба ҷангу кӯҳу дара пайваст. Муллое Абдуллое, ки ҳама аз ӯ мегӯянду вале ӯ сукут кардааст. Маълум нест, ки ӯ зинда ё мурда.