Калонтарин корхонаи Тоҷикистон ба далели камбуди нахи пахта дар остонаи аз фаъолият бозмондан қарор дорад. Анвар Суннатов, раиси бахши иқтисодӣ ва ба нақшагирии ин корхона гуфтааст, ки нахи пахтаи дар анбори корхона буда барои чанд моҳ кифоят мекунад.
Ба қавли Анвар Суннатов дар ҳоле, ки қимати нахи пахта боло рафтаасту қимати маҳсулоти аз нахи пахта тавлид шуда бетағир боқӣ мондааст, корхонаҳоро муфлисшавӣ интизор аст.
Нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ боло рафтааст
Матову либос ва бастаи рахти хоб, ки дар ин корхона тавлид мешавад ба Русия ва дигар кишварҳои ҳамсуд содир мешавад. Сабаби аслии ба бозори давлатҳои ҳамсуд роҳ ёфтани моли Тоҷикистон дар арзон будани нарх он аст. Шаҳрвандони Тоҷикистон низ маҳсулоти арзони ин корхонаҳоро хуш доранд. Вале агар як басти рахти хоб аз 150 сомон бештар шавад дар он сурат харидорон ба моли Чин рӯ меоранд.
Исмоъил Қаландаров, директори корхонаи муштараки нассоҷии «Неку»-и Эрон-Тоҷикистон, имкони ба муфлисшавии корхонаҳои нассоҷӣ дар шароити боло рафтани қимати нахи пахта дар бозорҳои ҷаҳониро чунин тавзеҳ дод:
«Барои мисол агар имрӯз катировкаи қимати нахи пахта дар биржаи Ливерпул 108 шуд , фарз кардем қимати нахи пахта 2350 доллар шуд аммо нархи ришта ва ё колоҳои пахтагӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ якбора боло намеравад. Ба ин далел, мо маҷбурем колоҳоро бар зиён бифурӯшем ва ё интизор шавем, ки кай қимати колоҳо боло меравад».
Ба гуфтаи ҷаноби Қаландаров, корхонаи «Неку» ришта истеҳсол мекунад ва онро ба бозори Туркия ва Русия мебарорад ва дар ҳоли ҳозир дар бораи содирот ба далели болоравии нарх бо ин кишварҳо қарордоде имзо нашудааст. Ва агар маҳсулот арзон ба фурӯш равад, корхона маҷбур аст аз ҳисоби коҳиши коргар моҳона ва ғайра ин нуқсро ҷуброн кунад.
Давлат бояд дар дохил захираи нах дошта бошад
Ба гуфтаи бархе аз раҳбарони корхонаҳои нассоҷӣ, давлат бояд бо дарназар гирифтани пасту баландшавии қимати нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ, як захираи нах дар дохил дошта бошад то дар замони қимматӣ ба нархи қобили қабул ба корхонаҳо бифурӯшад. То корхона, коргар ва иқтисоди кишвар зарар набинад.
Ба гуфтаи Алиҷон Ҳайитов, директори корхонаи нассоҷии «Бофанда», ки бо Лаҳистон ё Полша корхонаи муштаракеро бо номи «УниТексПол»ташкил кардаанд, тарафи Лаҳистон ба далели болоравии қимати нахи пахта, ҳамкориро қатъ карда аз Тоҷикистон хориҷ шудааст.
Аммо вазорати энержӣ ва саноӣ ба ин иддаоҳо розӣ нест. Ба гуфтаи Акрам Султонов, муовини вазир, дар инҷо масъалаҳои мавриди баҳс миёни Лаҳистон ва мақомоти корхонаи нассоҷии Тоҷикистон ва корхонаи « Бофанда « вуҷуд дорад ва ин моҷаро дар гуфтугӯҳо ҳал хоҳад шуд.
Ба гуфтаи коршиносон, ранҷиши Лаҳистон ё Полша риоя нашудани қавоиди фаъолият аз сӯи Тоҷикистон аст ва ин моҷаро ба қимати нахи пахта робитае надорад. Вале масъалаи камбуди нахи пахта воқеъият дорад.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи вазорати энержӣ ва саноӣ, дар соли гузоашта 296 ҳазор тонна пахтаи хом истеҳсол шуд, ки аз он 93 ҳазор тонна нахи пахта ба даст омад. Ва аз ин, 50 ҳазор тоннааш ба бозори ҷаҳонӣ ироа шудааст.
Корхонаҳо хостори имтиёзанд
Насимҷон Каримов, директори корхонаи «Текстил Сити»-и вилояти Суғд дар бораи хариду фурӯши нахи пахта ва имтиёзи корхонаҳо гуфт:
«Тибқи қонуни Тоҷикистон, нахи пахта дар дохил ва хориҷ бар асоси қимати таъиншудаи биржаи Ливерпул хариду фурӯш мешавад, вале барои корхонаҳое , ки аз нахи пахта либос тавлид мекунанд давлат як каме имтиёз қоил шудаааст»
Ҳаҷми ин имтиёз барои хариди як тонна нахи пахта барои корхона 100 доллар арзонтар аз биржаи Ливерпул аст.
Вале Исмоил Қаландаров, директори корхонаи нассоҷии «Неку» ин имтиёзро эҳсос накарда сиёсати хариду фуруши нахи пахтаро бар зарари корхонаҳои нассоҷӣ медонад.
Ҷаноби Қаландаров афзуд :«Далели аввал, болоравии нахи пахта аст. Дуввум, қиммати нахи пахта дар бозори дохилӣ гаронтар нисбат ба бозори хориҷӣ аст, аз ин рӯ мо пахта дорем вале харида наметавонем. Зеро имтиёз надорем».
Имтиёз ба корхонаҳое дахл дорад, ки либос тавлид мекунанд
Акрам Султонов, муовини вазири энержӣ ва саноии Тоҷикистон гуфт, ки имтиёз ва назорати вазорат танҳо ба корхонаҳое рабт дорад, ки аз нахи пахта либос тавлид мекунанд.
Вай афзуд : «Ҳукумат ва вазорат талош дорад раванди даври охирон, яъне аз нахи пахта тавлиди либосро ба роҳ монад ва ин колоҳо дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир бошад .»
Вазорати энержӣ ва саноӣ, ягона роҳи ба нахи пахта таъмин кардани корхонаҳои нассоҷиро дар зиёд кардани кишти пахта медонад.
Ва ба эътиқоди муовини вазир, ин вазорат барои ҷилавгирӣ аз содироти бештари нахи пахта ба бозорҳои ҷаҳонӣ ба давлат пешниҳод кардааст, ки дар содироти нахи пахта боҷи гумрукӣ таъин кунанд. Ва ё дар сурати дигар, давлат бояд содироти нахи пахтаро манъ кунад.
Ба гуфтаи муовини вазир то ба ҳол дар ин бора аз сӯи давлат иқдоме сурат нагирифтааст.