Баргузории конфронси бахши бадахшонии ҲНИТ бо сабабҳои номаълум ба таъхир афтодааст. Ба гуфтаи иҷрокунандаи вазифаи раиси бахши вилоятии ҳизби наҳзат Сабзали Мамадризоев, вакилон ба манзури ширкат дар маросими ёдбуди раиси собиқи ҳизб Сироҷиддин Калонов, рӯзи шанбе, 18-уми сентябр ба маҳалли Язгуломи ноҳияи Ванҷ сафар кардаанд.
Қарор буд, ки пас аз зуҳри рӯзи 18-уми сентябр, дар маркази ноҳия конфронси ҳизб баргузор гашта ва раиси нав интихоб шавад.
Раиси ҲНИТ ва раёсати ҳизб Бадахшонро оҷилан тарк кардаанд
Вай гуфт, ки раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва аъзои раёсати ҳизб пас аз ширкат дар марсими ёдбуд, маҳалли Язгуломро оҷилан ба қасди Душанбе тарк кардаанд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ҳизб афзуд, онҳо гуфтанд, ки конфронс баъдтар баргузор мешавад, аммо дар мавриди сабаби ба таъхир афтодани он тазаккур надоданд.
Ба гуфтаи иҷрокунандаи вазифаи раиси ҳизб, шояд нигаронӣ аз ташаннуҷи авзоъ дар минтақаи Рашт, сабаби тасмими лағви баргузории конфронс гардид.
Кӯшиши тамос гирифтан бо аъзои садорати марказии ҳизб натиҷае надод.
Аммо бархе аз манбаъҳо дар ҳизб гуфтанд, ки манзур аз сафари раиси ҲНИТ ва аъзои раёсати олии он ба ноҳияи Ванҷ, танҳо ширкат дар маросими ёдбуд будааст.
Раиси собиқи ҳизби назҳати ислом дар Бадахшон ва вакили маҷлиси ноҳиявӣ Сироҷиддин Калонов ду моҳ қабл дар синни 38 солагӣ, нобаҳангом вафот кард.
Ба гуфтаи масъулини бахши вилоятии ҳизб, бар асари бурузи як бемории мармузи ногаҳонӣ, собиқ раиси ҳизб дар бемористони ноҳияи Ванҷ бистарӣ шуда дар натиҷа аз дунё даргузаштааст.
Чаро баргузории конфронс лағв шуд?
Дар ҳамин ҳол коршиносон лағви баргузории конфронси ҳизбиро ба омилҳои дигар низ рабт медиҳанд.
Ба гуфтаи онҳо, бинобар зодаи ноҳияи Ванҷ будани раиси ВМКБ ва дар робита бо ташаннуҷи авзоъ дар манотиқи назди Помир, мақомоти ноҳия бо роҳи фишори дипломатӣ, монеъи баргузории конфронси ҳизби назҳат дар маркази ноҳия мешуд ва садорати ҲНИТ бо дарки ин эҳсос, баргузори конфронсро ба таъхир андохтааст.
Теъдоди аъзои ҲНИТ дар Бадахшон ҳудуди 2,5- 3 ҳазор арзёбӣ мешавад.
ҲНИТ бештар аз ҳама дар ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз, Ишкошим ва Хоруғ фаъол будааст.