Лағви ваколати бародари фармондеҳ Алии Бедакӣ

Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт имрӯз дар як ҷаласаи изтирории худ, салоҳиятҳои вакилии узви ҲНИТ, Ҳусниддин Давлатовро лағв намуда, роҳро барои ҳабси ӯ ҳамвор кард. Ин тасмим дар ҳоле гирифта мешавад, ки Давлатов ҳанӯз 10-уми сентябр боздошт шуда буд.
Вай бародари фармондеҳ Аловуддин Давлатов аст, ки ҳоло бо гурӯҳе аз пайравонаш ба нерӯҳои ҳукумат дар Рашт муқовимат мекунад. Вазорати дифоъи Тоҷикистон ӯро масъули ҳамла ба нерӯҳои ҳукуматӣ медонад, ки бар асари он 25 сарбозу афсар кушта ва 8 тани дигар захмӣ шудаанд.

Қаблан ҲНИТ аз мақомоти амниятии Тоҷикистон шарҳи боздошти узви ин ҳизб Ҳусниддин Давлатовро талаб мекарданд ва гуфта мешуд, вакили маҷлиси ноҳия дар ҳоле боздошт шудааст, ки аз дахлнопазирии вакилӣ бархӯрдор буд.

Шаби гузашта вай аз тариқи телевизиони Тоҷикистон ба даст доштани худ ва бародараш дар рӯйдодҳои Камароб иқрор кард.

Боздошти бидуни шарҳ

Ҳусниддин Давлатов, узви маҷлиси маҳаллии вакилони мардумии Рашт, рӯзи 10 сентябр дар маҳаллаи Зарафшони Душанбе боздошт шуда буд. Наздиконаш мегӯянд, баъд се рӯзи ҷустуҷӯ дарак ёфтаанд, ки ӯ дар раёсати амнияти шаҳри Душанбе қарор дорад.

Ҷавоне бо исми Рустам, аз наздикони Давлатов гуфт, ӯ дар зодгоҳаш як мағозае дорад ва барои бурдани мол ба Душанбе омада буд. Ин ҷавон афзуд, вакили дифои ӯ ду маротиба бо ордер ба раёсати амният рафта, натавонистааст нафари таҳти ҳимояташро бубинад:

«Аз Ҳизби наҳзати исломӣ ва тариқи факс аз ноҳияи Рашт мактуб гирифтем, ки ӯ узви маҷлиси халқи ноҳия аст. Вакили дифоъ имрӯз ин ҳамаро гирифта ба раёсати амният рафт».

Бархе аз таҳлилгарон боздошти Ҳуснидди Давлатовро ба бародари ӯ Аловуддин Давлатов рабт медиҳанд, ки яке қумондонҳои собиқи нерӯҳои мухолифин дар ноҳияи Рашт буд .

Бародари собиқ қумандони мухолифин

Дар ҳамин ҳол, Олим Одилов, яке аз собиқ размандагони Иттиҳоди мухолифини тоҷик мегӯяд, Ҳусниддин Давлатов бародари Аловуддин Давлатов, маъруф ба Алии Бедакӣ, қумондони собиқ гурӯҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов будааст. Вай афзуд:

«Мумкин инҳо барои он бародари ӯро дастгир кардаанд, ки Алӣ иқдоме алайҳи ҳукумат кунад. Ҳусниддин, вакили маҳаллӣ аз Ҳизби наҳзат аст. Бояд ин ҳизб садо баланд кунад».

Раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломӣ бар нақзи ҳуқуқи Ҳусниддин Давлатов, ки вакили маҷлиси маҳаллӣ аз ин ҳизб аст, таъкид мекунанд.

Воҳидхон Қосиддинов, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, ҳангоми боздошти узви маҷлиси халқӣ дахлнопазирии ӯро, ки қонун замонат додааст, кормандони зидахл нақз кардаанд:

«Аз дигарон риояи қонунро талаб мекунанд. Аммо худ онро риоя намекунанду поймол мекунанд».

Боздошти хилофи қонун?

Ҷунайдулло Фозилов, коршинос дар умури ҳуқуқ мегӯяд, тибқи қонуни Тоҷикистон «Дар бораи статуси вакилони халқи маҷлиси вакилони халқи Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ва вакилони халқи шаҳрӣ, ноҳиявӣ» аз 13 декабри соли 1996, моддаҳои 20, 21 ду ҳолати боздошти вакил пешбинӣ шудааст:

«Вакилони маҷлисҳо дар ҳоле дастгир карда мешаванд, ки ҳангоми содир кардани ҷиноят ягон нафар шоҳид бошад. Мақомот дарҳол метавонанд ӯро дастгир кунанд. Агар ҷиноят қаблан содир шуда бошад, бо иҷозаи ҳамон маҷлисе, ки он нафар узваш аст, ӯро дастгир мекунанд».