Нуфусшуморӣ дар Тоҷикистон оғоз шуд

Имрӯз, 21 сентябр дар Тоҷикистон маъракаи саросарии барӯйхатгирии аҳолӣ оғоз шуда то рӯзи 30 сентябр идома мекунад. Оҷонси омори Тоҷикистон мегӯяд, барои пешбурди ин маърака 30 ҳазор нафар ҷалб шуда ва ҳазинаи он 27 миллион сомонӣ муайян шудааст.
Нуфусшумории қаблӣ дар Тоҷикистон 10 сол пеш анҷом шуда, ҷамъи аҳолии кишварро 6 миллиону 127 ҳазор нафар баршумурда буд.

Зебо Исмоилова, сарвари раёсати барӯйхатгирии аҳолии Оҷонси омори Тоҷикистон гуфтааст, ин 30 ҳазор нафар, ки маъракаи шумориши аҳолиро пиёда хоҳанд кард, асосан рӯшанфикрон ва донишомӯзоне ҳастанд, ки курсҳои омӯзиширо хатма карда, муваққатан машғули баҳисобгирӣ хоҳанд шуд: «Шахсоне ҳастанд, ки дар ин маъракаҳо қаблан ҳам иштирок кардаанд ва метавонанд, ки варақаҳои пурсишро пур кунанд».

Суоли нав дар пурсишнома


Хонум Исмоилова афзуд, ба фарқ аз нуфусшумории қаблӣ ба пурсишномаҳо як суоли нав илова шуда, шумори онҳо ба чаҳор расидааст. Суоли аввал ба шумори аъзои хонаводаҳо рабт дорад.

Суоли дуввум инфиродист ва маълумот дар бораи исму номи падар, синну сол, миллату забони рӯйхатшавандаҳоро дарбар мегирад. Пурсишномаи севвум дар бораи шароити зисти мардум, аз ҷумла дастрасии онҳо ба интернет, телефонҳои мобил ва шабакаҳои моҳвораист.

Суоли чаҳорум, ки имсол илова шудааст, фонди манзил ном дорад ва иттилоъ дар бораи таърихи ҳар як манзил, масоҳат ва масолеҳи сохтмонии онро фароҳам мекунад.

Хонум Исмоилова имкони истифода шудани чунин маълумот алайҳи шаҳрвандонро рад кард ва гуфт, махфияти иттилоъро қонунгузории Тоҷикистон замонат медиҳад: «Ин маълумотро ба ягон мақомоти зидахли дигар нишон намедиҳем. Онҳо дар дохили худи Оҷонс хулоса мешаванд ва хулоса ба ҷомеа пешкаш мешавад. Маълумот дар Оҷонс маҳфуз мемонад».

Ақаллиятҳои миллӣ ва шумориши аҳолӣ

Дар ҳамин ҳол ба иддаои Салим Эргашев, раиси ҷамъияти узбакҳои вилояти Хатлон, дар натиҷаи шумориши аҳолӣ дар соли 2000 теъдоди намояндагони ин миллат кам нишон дода шудааст, дар ҳоле ки соли 1989 шумораи узбакҳо 1 миллиону 200 ҳазор нафар гуфта мешуд:

«Соли 2000 худи ҳукумати Тоҷикистон барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронд. Теъдоди ӯзбакҳо ба 860 ҳазор фароварда шуд. 96 қавми ӯзбак ҳаст. Аммо мақомот эълом карданд, ки дар Тоҷикистон 15 қавми ӯзбак ҳаст».

Зебо Исмоилова коҳиши теъдоди ӯзбакҳоро таъйид карда гуфт, тайи солҳои ахир намояндагони дигар миллатҳо низ ба маротиб коҳиш ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, теъдоди украиниҳо аз 37 ҳазори қаблӣ ба 3 ҳазор нафар кам шудааст.

"Миллати худ ва фарзандонамро тағйир додам"

Як ҳамсӯҳбати ӯзбаки мо, ки сокини Душанбе аст гуфт, замони ҷанги дохилӣ ба Ӯзбакистон фирор кардааст, аммо ӯро маҷбур кардаанд, ки ба Тоҷикистон баргардад. Вай гуфт, дар Тоҷикистон шароит барои омӯзиш бо забони тоҷикӣ беҳтар аз ӯзбакӣ аст ва аз ҳамин хотир миллати худ ва фарзандонашро «тоҷик» сабт кардааст.

Сарвари раёсати саршумории аҳолии назди раёсатҷумҳур гуфт, ҳангоми шумориши аҳолӣ ҳар шаҳрванд соҳибихтиёр аст, ки худро намояндаи ҳар миллат, дин ё забон унвон кунад. Вай афзуд, онҳое, ки пурсиш мегузаронанд, ҳуҷҷат талаб нахоҳанд кард.

Мақомот мегӯянд, аҳамияти барӯйхатгирӣ дар он аст, ки ҳукумати кишвар баъди ба даст овардани маълумоти дақиқ дар бораи саршумор ва зарфиятҳои иҷтимоиву иқтисодии аҳолӣ имкони роҳандозии барномаҳои мушаххаси рушдро пайдо мекунад.

Заъфи ҳамкориҳо бо мардум

Дар ҳамин ҳол, коршиносон ба заъфҳои ҳамкориҳои мардум бо ҳукумат ҳангоми барӯйхатгирии аҳолӣ таъкид мекунанд. Татяна Борзикова, сарвари Бунёди таҳқиқотии «Панорама», мегӯяд, дар маъракаи пешин бархе аз сокинони Душанбе шикоят карданд, ки аз мақомот касе ба онҳо муроҷиат накардааст. Ҳамчунин бештари сокинони деҳот аз ироаи маълумоти дақиқ ҳарос доранд ва гумон мекунанд, ки аз онҳо андози бештар хоҳанд гирифт.

Зебо Исмоилова, сарвари раёсати барӯйхатгирии аҳолии назди раёсатиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, итминон дорад, ки мардум дар ҷараёни маъракаи нуфусшуморӣ фаъол хоҳанд буд ва маълумоти дақиқ ироа хоҳанд кард.