Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба манзури иштирок дар Саммити сарони кишварҳои ҷаҳон дар Ню-Йорк ба сар мебарад. Дар чаҳорчӯби иҷлосияи Маҷмаи кулли СММ дар Ню-Йорк, аз 20-ум то 22-юми сентябр, Саммити сарони кишварҳои ҷаҳон бахшида ба татбиқи Ҳадафҳои рушди ҳазорсолаи СММ доир мегардад.
Дар ин ҳамоиш сарони қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла президентҳои Украина, Фаронса, Туркманистон, Эрон, Узбакистон, Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ хоҳанд кард.
Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар нишасти вижаи СММ суханронӣ мекунад
Мушаххас шуда буд, ки ҳадафҳои рушди ҳазорсолаи СММ бояд то соли 2015 татбиқ шавад ва то ин муҳлат ҳамагӣ панҷ соли дигар боқӣ мондааст.
Раҳбарони давлатҳо дар ин ҳамоиш дар бораи пешравиҳои кишварҳои худ гузориш медиҳанд ва Тоҷикистон низ истисно намебошад.
Тавре, ки Сироҷиддин Аслов, намояндаи Тоҷикистон дар СММ ба радиои Озодӣ гуфт, дар нимаи дуввуми рӯзи 20-уми сентябр, Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти вижа бахшида ба Тоҷикистон дар бораи комёбиҳои кишвараш дар татбиқи Ҳадафҳои рушди ҳазорсола сӯҳбат хоҳад кард.
Ба роҳбарияти СММ ва мутахассисон, гузориши “Пешрафти Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои рушди ҳазорсолаи СММ” муаррифӣ хоҳад шуд.
Ҳадафҳои рушди ҳазорсола, соли 2000 қабул шуда аз ҷумла коҳиши сатҳи камбизоатӣ, бемориҳо, гуруснагӣ ва маргу мири модарону кӯдаконро дар бар мегирад.
Тоҷикони Амрико бо раиси ҷумҳур вохӯрдан мехоҳанд
Ду сол қабл, ҳангоми боздидаш аз Ню-Йорк, Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯёни тоҷик ва тоҷикони муқими Амрико вохӯрда буд. Соли ҷорӣ дар бораи доиршавии чунин вохӯрӣ ягон иттилое пахш нашудааст.
Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ, Фотеҳ Мухторов варзишгари тоҷик, ки ҳоло дар Амрико ба сар мебарад дар бораи омадани Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки аз шунидани ин хабар ҳамаи тоҷикони Амрико хурсанд шудаанд аммо намедонанд, ки оё раиси ҷумҳур бо онҳо низ мулоқот хоҳад кард ё на? :
“Ман шахсан дар пазироии расмии нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов дар мақари СММ дар таърихи 22-и март бахшида ба иди Наврӯз ширкат кардам. Ҳоло, ки ҳама бетоқатона омадани раиси ҷумҳурро интизор буданд, афсус бачаҳо намедонанд, ки дар Вошингтон бо раиси ҷумҳур вохурӣ мешавад ё ин ки дар Ню-Йорк. Хуб мешуд, ки моро пешакӣ огаҳ мекарданд. Ҳама интизоранд, ки ҳукумати Тоҷикистон шаҳрвандони худро, ки дар хориҷа ва Амрико зиндагӣ мекунанд фаромӯш намекунад”.
Мулоқоти Раҳмон бо сарони кишварҳо дар назар аст
Бино ба иттилои расмӣ, раиси ҷумҳури Тоҷикистон беш аз як ҳафта дар Амрико боқӣ хоҳад монд ва чанд мулоқот ва суханрониҳои ӯ дар нақша гирифта шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон 20-уми сентябр дар Саммити сарони кишварҳои ҷаҳон бахшида ба татбиқи ҳадафҳои ҳазорсолаи СММ ва рӯзи 23-юми сентябр дар маҷмаъи умумии СММ дар мавзӯи «Гуфтугӯи мазҳабҳо ва ҳамкориҳо ба хотири сулҳ» суханронӣ хоҳад кард.
Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар Ҳамрохон Зарифӣ- вазири корҳои хориҷӣ, Эркин Раҳматуллоев -мушовири давлатии президент дар масоили сиёсати хориҷӣ ва Абдулло Юлдошев-муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ ҳамроҳӣ менамоянд.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ҳошияи ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбари Созмони Конфронси исломӣ Акмалиддин Эҳсоноғлу, амири Қатар Ҳамад бин Халиф ат-Танӣ, дабири кулли НАТО Андерс Фог Расмуссен ва вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон дидор ва гуфтӯгӯҳо анҷом хоҳад дод.