Поп Бенедикти XVI, раҳбари католикҳои ҷаҳон зимни сафари худ ба Бритониё аз «масоиби бузурге», ки ба далели озори ҷинсии кӯдакон аз сӯи кашишҳои католик ба вуҷуд омадааст, ибрози таассуф кард. Вай гуфт «ман дар фикри масоиби бузурге, ки аз озори кӯдакони ношӣ шуда ба вижа дар калисо аз сӯи кашишон ҳастам».
Раҳбари католикҳои ҷаҳон ҳамчунин ибрози умедворӣ кард, ки калисо битавонад худро аз «гуноҳон» -и кашишҳояш пок кунад ва тааҳҳуди худро барои парвариши ҷавонон эҳё намояд.
Норозигии мардум аз наҳваи бархурди поп ба масъала
Расвоии ҷинсии баъзе аз кашишон бар сафари расмии чаҳоррӯзаи баландпоятарин мақоми калисои католик ба Бритониё соя афкандааст ва он тавре, ки назарсанҷиҳо нишон медиҳад, бисёре аз мардуми кишвар аз наҳваи бархурди поп бо ин масъала норозӣ ҳастанд.
Поп Бенедикти шонздаҳум ҳамгоми сафар ба Бритониё тасдиқ кард, ки калисо натавонистааст ба таври муассир ҷилави ин гуна корҳоро бигирад.
Бо ин ҳол, бисёре аз хонаводаҳои қурбониён ҳамчунон норозӣ ҳастанд ва хостори он шудаанд, ки Ватикан иттилооти вобаста ба кашишони мухталифро мунташир кунад ва ба ҷои маҳкумияти лафзӣ, иқдоми амалӣ алайҳи онҳо анҷом диҳад.
Дар ҳамин ҳол, яке аз аъзои гурӯҳе, ки алайҳи кӯдакозории ҷинсии кашишон фаъолият мекунад, бо судури баёнияе гуфтааст: «Мо попе намехоҳем, ки аз ҷароим нороҳат аст, мо попе мехоҳем, ки ҷилави ҷароимро бигирад».
Тадобири шадиди амниятӣ дар ростои сафари поп ба Бритониё
Аз сӯи дигар, дар ҷараёни ин сафари раҳбари католикҳои ҷаҳон ба Бритониё, пулиси зидди терроризми ин кишвар эълом кард шаш нафарро ба гумони тарроҳии як ҳамла дастгир кардааст.
Дар ҳоле, ки шабакаи “Sky News” ба нақл аз манобеъи худ эълом кард ин шаш нафар алҷазоирӣ ҳастанд, аммо пулис ҳозир ба изҳори назар дар ин маврид нашуд.
Шабакаи Би-Би-Си низ дар хабаре гуфта буд, ки ин шаш нафар «таҳдиди эҳтимолӣ барои поп» ба шумор меомаданд, аммо пулис дар ин маврид низ ҳозир ба изҳори назар нашуд. Ин афрод пас аз як рӯз озод шуданд.