Дар Тоҷикистон таҷдиди идорӣ ва сохтории Академияи илмҳо оғоз шудааст. Ин иқдом бар асоси қарори ҳукумат сурат мегирад. Ислоҳот коҳиши шумори аъзои раёсати Академия, теъдоди кормандони он ва ҳамчунин муттаҳид кардани пажӯҳишгоҳҳои илмиро дар назар дорад.
Иқдоми давлат барои таҷдиди сохторӣ ва идории Академияи илмҳои Тоҷикистон дар ҳоле амалӣ мешавад, ки ин мавзӯъ ҳанӯз дар охири соли гузашта дар мулоқоти раисиҷумҳури кишвар бо аҳли илму зиё матраҳ шуда буд. Президент Раҳмон ислоҳоти идорӣ ва сохтории Академияи илмҳои Тоҷикистонро дар шароити феълии замони муосир як амри зарурӣ ва муҳим арзёбӣ кард:
«Академияи илмҳои Тоҷикистон, ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ мутобиқ ба шароиту имкониятҳои он давра таъсис ёфта буд, то ба имрӯз фаъолияти худро дар ҳамон шакли сохторӣ пеш мебарад ва самаранокии он солҳои охир кам эҳсос мешавад. Ин моро водор месозад, ки дар бораи ислоҳоти сохторӣ ва усули пешбурдии корҳои илмӣ ва тадқиқотии ин муассисаи илмӣ ба таври ҷиддӣ андеша намоем».
Бад-ин тартиб аҳли Академияи илмҳои Тоҷикистон аз таваҷҷӯҳи ҳукумат ба фаъолияти ин ниҳоди илмӣ истиқбол карданд ва Маҳмадшо Илолов, раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон таҷдиди идорӣ ва сохтории Фарҳангистони улумро ба мавқеъ арзёбӣ кард. Ҷаноби Илолов мӯътақид аст, ки ин амр ба хотири наздик кардани илм бо истеҳсолот ва дар ниҳоят рушди он бо дар назардошти пешрафтҳои илмиву технологии ҷаҳон аст.
Фаъолияти камранги Академияи улум
Таҳлилҳо низ собит мекунад, ки муддати 19 соли истиқлоли Тоҷикистон Академия ва муассисаҳои илмӣ ва таҳқиқотии он дар сатҳи байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррасе даст наёфтаанд. Маҳмадшо Илолов, раиси Академияи илмҳо, низ набуди ҳамкории зич миёни илм ва истеҳсолотро таъкид мекунад: «Мутаассифона, солҳои ахир аслан саноат, саноати хоҷагии қишлоқ ба илм таваҷҷӯҳ намекунад ва ман инро дар назди раҳбарони корхонаҳо ва хоҷагиҳо низ метавонам бигӯям. Албатта мушкилоти молӣ сабаби аслӣ аст ва ҳар қадар мабалғгузорӣ аз ҳисоби буҷа бештар шавад, пешрафти илму истеҳсолотро ноил шудан мумкин аст».
Бар асоси барномаи ислоҳоти сохториву маъмурии Академияи улуми Тоҷикистон, шумори аъзои Раёсати ин ниҳоди илмӣ аз 11 то 9 нафар коҳиш ёфта, теъдоди кормандони дастгоҳи Академия аз 70 то 50 нафар пойин оварда хоҳад шуд. Тибқи ин ислоҳот қарор аст, Пажӯҳишгоҳи заминшиносӣ бо Пажӯҳишгоҳи зилзилашиносӣ, Пажӯҳишгоҳи наботот бо Пажӯҳишгоҳи физиологияву генетика ва Пажӯҳишгоҳи ҳуқуқ бо Пажӯҳишгоҳи фалсафа муттаҳид карда шаванд. Ҳамчунин Пажӯҳишгоҳи забону адабиётро бо Пажӯҳишгоҳи ховаршиносиву мероси хаттӣ ва Пажӯҳишгоҳи иқтисодро бо Пажӯҳишгоҳи нуфусшиносӣ як хоҳанд кард. Ин ислоҳот таъсиси Куммиссиюни олии аттестатсионӣ (ВАК) ба манзури дифоъ аз рисолаҳои номзадиву докториро низ дар назар дорад.
Академик: Ин иқдоми хуб аст
Аслан ба бовари бархе аз соҳибназарон, мавзӯи ислоҳоти идорӣ ва сохтории Академияи илмҳо маҳсули дидорест, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо академик Акбари Турсун дар ҷараёни сафар ба Амрико дар шаҳри Ню–Йорк дар тобистони соли гузашта дошт. Ин дар ҳолест, ки Акбари Турсун, донишманди тоҷики муқими Амрико, низ ба Радиои Озодӣ ироаи пешниҳод дар робита ба ислоҳоти Академия ба президентро таъйид карда буд.
Дар робита ба талоши давлат барои ислоҳи сохтори Академияи улум Акбари Турсун дар як сӯҳбати телефонӣ гуфт, «албатта ин ба фоидаи кор аст ва он чӣ ҳам, ки шудааст, кори хуб аст. Дар мулоқот бо президент Эмомалӣ Раҳмон дар соли гузашта ман пешниҳодҳои мушаххасе ва амиқтареро дар робита ба мавзӯъҳо, равишҳои тадқиқот ва масоили кадрҳои илмӣ ва ғайра карда будам, аммо ба ҳамин ҳам шукр. Ин қадами аввал аст ва ҳукумат кори хуб кардааст, зеро баъд дар оянда ҳамин тарҳро ба назар гирифта такмил додан мумкин аст. Чунки он мавзӯъҳои хурду реза ва чор кас болои як кас хуҷаин ин илм намешавад. Масъалаи мутаҳҳид карданро низ ман пешниҳод карда будам ва ҳам акнун ин кор сурат мегирад ва маоши кормандон зиёд мешавад ин қарор комилан дуруст аст».
Профессор Карим Абдулов мегӯяд, ҳукумат бояд кайҳо ба ислоҳоти ҷиддӣ дар ин ниҳоди илмӣ даст мезад: «Ислоҳоти сохторӣ ва идории академияро борҳо ман гуфтаам ва иқдоми раиси ҷумҳурро низ сад дар сад дастгирӣ мекунам. Фақат тарзе корро ташкил кардан даркор, ки масъулияти фаъолияти шӯъбаҳои академия, академикҳо ва раҳбарияти ин муассисаи илмӣ эҳсос шавад. Синну соли худи раҳбарияти академия 70–80 рафтааст. Ҷавонҳоро пешниҳод кардан даркор. Имрӯз илм ба ҷавонҳо мӯҳтоҷ аст. Мутаасифона, ҷавонҳоро роҳ намедиҳанд. Охир, Мусо Диноршоев, дӯсти ман аз 70 гузашт, Хуршед Каримов, ноиби президент ҳатто аз 80 гузаштаст. Бояд ки ҷавонҳоро дастгирӣ кунем ва роҳ диҳем. Чунки бе ин намешавад. Имрӯз мутасифона дар Академияи улум ошнобозй, хешутаборчигӣ ҳукмрон аст, на дӯстиву рафоқати илм».
Олими ҷавон: Сохтори феълии академия беҳтар аст
Аммо Дилшод Раҳимов, олими ҷавон ва ҳамзамон мудири шӯъбаи фолклори Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, мутаҳҳид кардани ду пажӯҳишгоҳи илмиро бо ҳам ба нафъи пешрафти илм намедонад, балки мегӯяд, «агар ҳар қадар ихтисосҳои гуногунро ба ҳам мутаҳҳид кунанд, ҳамон қадар дар илм амиқравӣ дар илм камтар мешавад, балки умумигӯӣ зиёд мешавад. Ба ин хотир ман фикр мекунам, сохтори феълӣ беҳтар аст».
Дар ҳамин ҳол бар асоси барномаи ислоҳоти сохторӣ ва идории Академия маоши кормандони ин ниҳоди илмӣ бознигарӣ хоҳад шуд. Афзун бар ин тибқи пешниҳоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз соли 2011 оғоз карда, маблағгузории давлатии муассисаҳои илмӣ ва тадқиқотӣ аз рӯи натиҷа ва самаранокии корҳои анҷомдодаи онҳо амалӣ хоҳад шуд ва дар ҳолати мавҷуд набудани натиҷаҳои назарраси тадқиқоти илмӣ ва татбиқи онҳо маблағгузорӣ ба ин гуна сохторҳо қатъ хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки ҳамакнун тибқи иттилоъи масъулони Академияи илмҳо, бештари ҷавонон ба иллати поин будани маош, хоҳиши кор кардан дар муассисаҳои илмӣ ва тадқиқотиро надоранд.
Акадимияи илмҳои Тоҷикистон дар соли 1951 дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ таъсис шуда ва ҳоло беш аз 20 пахӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотиро дар бар мегирад. Академик Маҳмадшо Илолов аз соли 2005 ин ҷониб раёсати ин ниҳоди илмиро бар дӯш дорад.