Додгоҳи Аврупо шикояти Искандаровро баррасӣ мекунад

Интизор меравад, ки Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо дар шаҳри Страсбург ҳафтаи оянда шикояти Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби Демократии Тоҷикистонро алайҳи давлати Русияро баррасӣ кунад. Бино ба иттилои додгоҳ, шикояти Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, рӯзи 23 сенятбр баррасӣ мешавад.
Искандаровро бо дархости мақомоти Тоҷикистон моҳи декабри соли 2004 дар Русия боздошт ва моҳи апрели соли 2005 раҳо карданд. Аммо баъди чанд рӯз ӯ дубора ғайб зад ва ба таври асророомез мақомоти Тоҷикистон аз пайдо ва боздошт ӯ, гӯё дар наздикии Душанбе, хабар доданд.

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров мегӯяд, маъмурони амниятии Русияро ӯро рабуда ва ба мақомоти Тоҷикистон супурданд, ки ин “муносибати ғайриинсонӣ ва таҳвиномез” ва нақзи “ҳуқуқ ба озодӣ ва амният” аст.

Анна Ставитская, вакили дифоъи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров мегӯяд: "Мо шикоят бурдем, ки Искандаров ғайри қонунӣ дар қаламрви Русия боздошт шуд, ғайри қонунӣ дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ шуда ва ҳамчунон ба сурати ғайриқонунӣ ба ихтиёри мақомоти Тоҷикистон дода шуд".



Ба гуфтаи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ӯ баъди интиқолаш ба Тоҷикистон барои андешаҳои сиёсиаш мавриди таъқиб қарор гирифтааст.

Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо дар соли 2008 -ум дар робита ба истирдоди мармузи Муҳммадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, аз Маскав ба Душанбе ба мақомоти Русия дархост ирсол карда, хостори посух ба ин масъала шуда буд.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар иддаъои Русия, ки худро дар ин ҳодиса беҷурм меҳисобад, бебунёд аст, чунки, ба гуфтаи ин ҳуқуқдодон, дар амалиёти рабудани Искандаров на нерӯҳои амниятии Тоҷикистон, балки маҳз Русия иштирок кардаанд.

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров яке аз фармондеҳони саршинос ва бо нуфузи қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди собиқи нерӯҳои мухолифи давлати Тоҷикистон буд, ки дар соли 1997 шароити Сулҳи умумиро пазируфт ва аз муборизаи мусаллаҳона даст кашид.



Ӯ тибқи саҳмияи сидарсадӣ нахуст ба унвони раиси кумитаи умури изтирорӣ ва ба думболи он раиси хадамоти саросарии шаҳрии Тоҷикистон ё "Тоҷиккоммунсервис" таъйин шуд. Ва баъдтан, вақте идораи "Тоҷикгаз" таъсис шуд, Искандаров ба унвони раиси ин идора таъйин гашт.

Додгоҳи олии Тоҷикистон Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро, ки раиси собиқи ширкати давлатии “Тоҷикгаз”, раиси кумитаи умури изтирорӣ ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон буд, 5 октябри соли 2005 бо иттиҳоми ғорати амволи давлатӣ, ташкили дастаҳои низомӣ, терроризм, роҳзанӣ ва ғайра ба 23 соли зиндон маҳкум кард.