«Осмони Иттиҳод» дар Душанбе

Рӯзҳои 17 ва 18 сентябр дар шаҳри Душанбе барои нахустин бор ҷашнвораи мусиқии овозхонони ҷавони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо номи "Небо Содружество" ё «Осмони Иттиҳод» баргузор мешавад.
Дастандаркорони ин ҷашнвора мегӯянд, «Осмони Иттиҳод» ба ҷойи фестивали «5 ситора-Интервидение» доир мегардад, ки қарор буд баҳори соли 2009 дар Душанбе баргузор шавад, вале баъдан ба таъхир уфтод. Дар ҷашнвораҳунармандон вориди сабқат намешаванд. Ин танҳо консерти дастаҳои машҳур ва истеъдодҳои ҷавони кишварҳои ҳамсуд хоҳад буд.

Юлия Марозова, раҳбари ҷашнвораи мусиқии «Небо содружестово» ё «Осмони Иттиҳод», дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷашнвораистеъдодҳои кашфношудаву дастнохурдаи кишварҳои узви собиқ Иттиҳоди Шӯравиро муаррифӣ ва бо ҳам ошно мекунад.:

«Кореро, ки фарҳангҳо мекунанд, ягон сиёсате карда наметавонад. Дар ин замони пурбалову пурмоҷаро, ки мо зинадагӣ мекунем, ҳадафҳое дунбол мешаванд, ки камтар ба манфиати мардуми оддӣ ё фарҳангиву зиёиянд. Ва ҳамин суруду оҳанг ё дар маҷмӯъ фарҳанг аст, ки сарҳад надорад ва бо осонӣ метавонад марзи қалбҳоро дар саросари олам убур кунад ва мардумонро ба ҳам орад. Мусиқӣ метаовнад мардумро қаринтар кунад ва иттиҳоди маҳкаму ногусатаниеро ба вуҷуд орад».


"Осмони Иттиҳод" ба ҷои "5 ситора"

Юлия Морозова, раҳбари фестивали "Осмони Иттиҳод"
Хонум Марозова афзуд, маҳз дар Душанбе баргузор шудани аввалин фестивали «Осмони Иттиҳод» бесабаб нест: «Ҷавонони соҳибистеъдоди Тоҷикистон чандест, ки интизори баргузории «5 ситора. Интервидение» дар кишварашон буданд, ки афсус интизориашон барҳадар рафт. Ва мо кӯшиш мекунем, ки фестивали «Осмони Иттиҳод» беҳтару пуршукӯҳтар аз «5 ситора. Интервидение» баргузор шавад ва дар хотирҳо боқӣ бимонад».

Юлия Марозова гуфт, ба консерти фестивал, ки тайи ду рӯз дар Душанбе баргузор мегардад, аз тамоми кишварҳои шӯравии собиқ ҳунармандони ҷавони шинохта ва низ ношинохта даъват шудаанд.

Масъулини вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯянд, онҳо талош доранд, ки намояндагони ҳамаи кишварҳои ҳамсоя бо шумули Узбакистонро, ки ахиран муносибати он бо Тоҷикистон ба сардӣ печидааст, ба ҷашнвора даъват кунанд. Толиб Норов, масъули бахши равобити байналмилалии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар ин замина гуфт:

«Аз Узбакистон дастаи ҳунарии «Искандар» дар ин фестивал ҳунарнамоӣ мекунад. Барои мо дастандаркорони ин ҳамоиши дӯстӣ масоли сиёсӣ вуҷуд надошт ва мо ба хотири ҳамгироӣ ва сулҳу дӯстӣ ин чорабиниро доир карданием».

Таҳмина Ниёзова, барандаи озмуни байнулмилалии "5 ситора. Интервидение"
Таҳмина Ниёзова: "Мусиқӣ моро ба орзуҳо хоҳад расонд"

Бояд гуфт, дар фестивали байналмилалии мусиқии «Осмони Иттиҳод» ҳунармандони ҷавону умедбахши тоҷик ба монанди Таҳмина Ниёзова, барандаи озмуни «5 ситора. Интервидение-2008», Ален Абилфайзов, ғолиби даври аввали ин озмун ва дастаҳои ҳунарии «Шамс» ва дигарон ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Таҳмина Ниёзова, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шод аст, ки суруди ӯ дар ин фестивали дустӣ садо дода, қалбҳои ҳамсолонашро дар тамоми кишварҳои минтиқа ва саросари олам ошнотару ба ҳам қаринтар мегардонад. Вай мегӯяд, ба иқтидору тавоноии мусиқӣ ва фарҳанг бовар дорад:

«Бисёр орзу дорам, ки як рӯзе фаро расад ва мо ҷавонони ҳунарманд бе ягон виза ва мушкилоти дигар ба кишварҳои ҳамдигар равуо кунем, бо ҳам дӯстҳои қарин бошем. Ва мардумонамон бо ҳам наздику дӯст бошанд. Ман боварӣ дорам, ки суруду оҳанг ҳатман моро ба орзуву ҳадафҳоямон мерасонад».