Боздошти яке дигар аз маҳбусони фирорӣ

Алӣ Алиев, яке дигар аз маҳбусони фирорӣ аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ, зимни амалиёти вижаи нерӯҳои амнитӣ ва интизомӣ дар ҳудуди ноҳияи Ваҳдат боздошт шудааст. Ин хабарро масъули дафтари матбуотии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ тайид кард.
Алӣ Алиев, яке аз 25 нафар маҳбсест, ки рӯзи 23 август аз боздоштгоҳи Кумитаи амияти миллии Тоҷикистон фирор намуда буданд. Ӯ шаҳрванди доғистонитабори Русия аст, ки барои ширкат дар нооромиҳои соли гузашта дар шарқи Тоҷикистон боздошт ва аз сӯи Додгоҳи олӣ маҳкум ба зиндон шуда буд.

То кунун 7 нафар аз маҳбусони фирорӣ аз боздоштгоҳ тавассути нерӯҳои амниятӣ дубора боздошт шудаанд. Аммо 18 нафари дигар аз ин фирориён ҳамчунон мавриди таъқиб қарор доранд ва боздошт нашудаанд.

Суханони Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ дар мавриди амалиёти боздошти маҳсуби фирориро ин ҷо бишнавед:



Идомаи ҷустуҷӯи 18 нафари дигар

Ҳамин тариқ аз 25 маҳбусе, ки рӯзи 23-юми август баъд аз куштори 5 нозир аз боздоштгоҳи тафтишоти пешакии Кумитаи амнияти миллӣ фирор карда буданд, 7 нафар дастгир шудаанд. Рӯзи 2 сентябр ниҳодҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Иброҳим Насриддинов, яке аз се муттаҳамони ташкили фирор аз боздошгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро дар ноҳияи Файзобод боздошт карда ва баъдтар Абдурасул Мирзоев, бародари фармондеҳи собиқи Горди милии Тоҷикистон Ғаффор Мирзоевро дастгир кардаанд.

Ба ин тартиб, то ҳол ду нафар аз ташкилкунандагони фирор - Иброҳим Насриддинов ва Магомед Аҳмадов, ки низ шаҳрванди Русия мебошад, дубора боздошт шудаанд.

Тағйироти кадрӣ дар пайи фирори маҳбусон

Як ҳафта пас аз фирор Раёсати умури ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон камбудиҳои ҷиддии вазъу шароит ва низоми мавҷуда дар боздоштгоҳи тафтишоти пешакии Кумитаи давлатии амнияти миллиро сабаби асосии фирори 25 зиндонӣ аз ин маҳбас шуморид.

Сухангӯи Муасcисаи ислоҳии раками 1-и Вазорати адлияи Тоҷикистон, Парвин Ализода гуфта буд, воқеаи мармуз аст, ки сарварони боздоштгоҳи Кумтаи амният ахиран маҳбуси пешини Гуантанамо Иброҳим Насриддиновро бо сабабҳои номаълум аз маҳбаси Қӯрғонтеппа ба ин боздоштгоҳ интиқол ва барояш имтиёзҳо додаанд.

Рӯзи 2-юми сентябр, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон фармони барканории Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро ба имзо расонд. Ба ҷои ӯ Саймумин Ятимов таъин шуд, ки то кунун муовини раиси ин кумита будааст.