Малика Саидова аз ҳунармандони маҳбуби Тоҷикистон аст, ки ибтидои солҳои навадуми қарни 20 ба саҳнаи ҳунари тоҷик пайваста, ҳоло бо таваҷҷуҳи бештар ба тоату ибодат, аз саҳна дур шудааст. Малика Саидоваро он замон як шеъри шоири маъруф Гулрухсор ҳамчун ҳунарманди ҷавону соҳибистеъдод муаррифӣ кард.
Малика дар тӯли тақрибан 20 соли ахир ҳамасола як албоми сурудҳои худро нашр мекард.
Аммо ба якборагӣ буридани ӯ аз касб ва пайвастани ӯ ба ҷодаи дигар, ҳамтоҳову мухлисонашро ҳам ба ҳайрат овард ва ҳам маҳзун кард.
Малика Cаидова суруди охирини худро тақрибан як сол пеш сурудааст. Аз он вақт то кунун Малика дигар таронае эчод накард ва маълум нест, ки барномаҳои эҷодияш дар оянда таҳия хоҳанд шуд ё не.
Ин овозхони шинохта ҳоло дунёи комилан дигар дорад ва мегӯяд матни як таронаи мазҳабӣ маҷрои зиндагии уро ба самти дигар бурд. Ӯро бештар ба Худо наздик кард ва зиёрати Каъбаи муқаддасро насибаш кард.
Малика саҳнаву тамрину таронасароиро ба дӯкони хурде дар яке аз кӯчаҳои Душанбе иваз кардааст.
Баъди бозгашти Малика Саидова аз зиёрати хонаи Каъба мо бо ӯ суҳбате доштем ва ӯ ишораҳое кард, ки ин зиёрат арзишҳои қаблиро дар назари ӯ камрангтар кардааст:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад