Дидори ҷавонони эронӣ аз Суғд

Як гурӯҳи ҷавонон аз Ҷумҳурии исломии Эрон тайи як сафар, аз устони Суғд дидан намуданд. Ин ташрифи онҳо дар чаҳорчубаи ҳафтаи дӯстии ҷавононитоҷик ва эронӣ сурат гирифтааст. Зимни ин сафар, ки интизор меравад то рӯзи 16-уми сентябр давом кунад, онҳо ба вазъу шароит ва фаъолияти ҷавони тоҷик шинос хоҳанд шуд.
Рӯзҳои 12 ва 14-уми сертябр онҳо ба шаҳрҳои Хуҷанду Қайроққум ва атрофии он сафар карда, ҳамроҳ бо ҷавонони маҳҳалӣ барномаҳои муштараки фарҳангӣ доир намудаанд.

Зимнан рӯзи 15 сентябр, ин гурӯҳи ҷавонон ба шаҳри Душанбе низ сафар карда, бо ҳамсолони худ табодули назар хоҳанд намуд.

Ҳамкори «Ояндасоз» Қамари Аҳрор дар Хуҷанд бо чанде аз ҷавонони эронӣ перомуни бахшҳои мухталифи ҳаёти ҷавонон сӯҳбате оростааст.

Ояндасоз : Қаблан ташрифи Шуморо ба шаҳри бостонии Хуҷанд хуш омадед мегӯям !

Сипосгузорем !

Ояндасоз: Ин сафари Шумо, дар чаҳорчуби ҳафтаи дӯстии ҷавонони эронӣ дар Тоҷикистон сурат гирифтааст, бигӯед, чӣ тафовуте дар миёни зиндагии ҷавонони эрониву тоҷик мушоҳида кардаед?

Гурӯҳи ҳунарии ҷавонони эронӣ
Амирӣ Беҳманиш овозхони дастаи «Фирдасӣ»
: - Боиси хушнудист, ки тӯли се чор рӯз мо дар кишвари ба мо дӯсту ҳамзабони Тоҷикистон қарор дорем. То ин муддат бо ҷавонони бисёр бо ангеза ва андешаманди тоҷик бархурдем. Тафовуте, ки миёни ҷавонони эронӣ ва тоҷик дар тӯли ин чанд рӯз ман дидаам, аз назари истеъдод ва аз назари дарк, ҷавонони ҳарду кишвар дар як сатҳ ҳастанд, аммо мутаасифона, як миқдор аз лиҳози имконият, ҷавонони тоҷикро дар маҳдудият дидем. Боиси шигифт ва таъаҷҷуби ман шуд, ки бо ин ҳама имконоти кам, ҷавонони тоҷикӣ дар сатҳи хеле баланд қарор доранд, чӣ аз назари фарҳангӣ ва чӣ аз назари илмӣ. Умеди инро дорам, ки имконоти бештар барои ҷавонони тоҷик даст медиҳад ва онҳо дар роҳи рушди кишвари маҳбуби мо Тоҷикистон саҳм хоҳанд гузошт.

Ояндасоз: Масоили таълиму тадриси ҷавонон дар Эрон чи гуна гуна аст? Барои таҳсили ҷавонон дар донишгоҳҳо чӣ шароитҳо мавҷуд ҳастанд ?

Саҳандӣ Матинзода узви гурӯҳ: - Дар Эрон шароити таҳсил барои ҷавонон хеле фаровон аст, ҳам дар хусуси илмӣ ва ҳам дар ҷодаи фарҳанг. Ҷавонони зиёде дар донишгоҳҳо таҳсил мекунанд. Масалан як нафаре, ки дар ҷодаи ҳунар ба таҳсил фаро гирифта мешавад, метавонад бе ҳеҷ мушкиле бо андак маблағ созҳои мусиқиро харидорӣ кунанд ва фаъолияти ҳунариашро шурӯъ намояд. Дар Эрон донишгоҳҳои зиёд фаъолият мекунанд ва бо асбобу фанновариҳои муосир, муҷаҳҳаз карда шудаанд. Ҳеҷ мушкиле дар ин ҷода вуҷуд надорад.

Ояндасоз: Шумо ягона хонумед, ки дар ин гурӯҳ навозадагӣ мекунед, бигӯед, ки дар Эрон барои духтарҳо чи гуна имтиёзҳо ҳаст, манзурам дар ҷодаи кору таҳсил ?

Гулнора Абдуллопур- ҳунарманди ҷавони эронӣ
Гулнора Абдуллопур, ғижжакнавози гурӯҳ
: -Дар заминаи таҳсил ва кор хунумҳоии Эрон ҳеҷ маҳдудияте надоранд ҳама кор мекунад ва дар донишгоҳҳо таҳсил мекунанд. Баръакси он чизе, ки хеле аз дунё фикр мекунанд, ки духтарҳои Эрон хеле баста ҳастанд ва кореро анҷом дода наметавонанд, актив нестанд, аслан ин тур нест. Хонумҳо бо вуҷуди фишоре, ки дар рӯяшон бошад, талош мекунанд ва хеле муваффақ шудаанд. Онҳо чун мардҳо дар ҷодаи кору зиндагӣ озоданд ва ҳеҷ фишоре наметавонад, онҳоро маҳдуд созад. Мо ҳама барои муваффаққият талош меварзем.
Ояндасоз: Оё дар Эрон ҳамаи ҷавонҳо ба хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд?

Саҳандӣ Матинзода- узви гурӯҳ : - Бале, дар кишвари мо ҷавонҳо, ки таҳсилашон дар мактабҳо ба охир мерасад, ҳама ба хизмати сарбозӣ мераванд ва дар он омӯзишҳои низомии лозимро дар муддати хосе мегузаронанд. Истисное ҳам вуҷуд дорад, ки баъзеи ҷавонҳо, бо далели ин, ки маҳдудиятҳо дар зиндагии шахсиашон ҳаст, муваққатан даъваташон ба таъхир гузошта мешавад. Дар хонаводаҳое, ки волидони писарон синнашон аз 59 гузашта бошад ба хизмат ҷалб карда намешаванд ва ё дар хонаводаҳое, ки як ё ду фарзандашон дар хизмати аскарӣ қарор дошта бошанд, вагарна, ҳама ба хизмат мераванд ва ҳадди ақал аз 17 то 24 моҳ хизмати сарбозиро ба иҷро мерасонанд. Сарбозон дар қисмҳои низомӣ бо шароитҳои хуб таъмин ҳастанд.

Ояндасоз: Дар Тоҷикистон ҷавонон ҳарчӣ бештар ба ислом рӯ меоранд. Ва ин аст, ки сафи мардуми намозхон тайи солҳои охир ба маротиб бештар шудааст. Шумо дар ин бора чи назар доред?

Шаҳрӯзи Шуоӣ-доиранавози гурӯҳ: - Воқеан дар канори бозори марказии Хуҷанд, ки он ҷо Масҷиде ҳам ҷойгир шудааст, ҷавонони зиёдеро медидем, ки ҳама ба кору бори худ машғул буданд, ва намозашоро дар вақташ ба иҷро мерасониданд. Ин нишон медиҳад, ки маънои воқеии дин дар Тоҷикистон тавассути мардум дарёфт шудааст ва дин ҳеҷ маҳдудиятеро ҳам барояшон эҷод намекунад.

Саҳанди Матинзода : - Дар замони Шӯравӣ намоз гузоштани барои ин мардум хеле мушкил буд ва ҳоло онҳо бо ин роҳ мехоҳанд зиндагии худашонро пеш баранд. Мо аз коре, ки мардумро дар роҳи ҳақ мерасонад, хеле хушҳол ҳастем. Ин хеле хуб аст.

Ояндасоз: ташаккур барои сӯҳбат !
Мамнунем !