Баҳои мусбати СБП ба вазъи иқтисоди Тоҷикистон

Тод Шнайдер, раҳбари маъмурияти СБП дар Тоҷикстон

Сандуқи байнулмилалии пул мегӯяд, вазъи иқтисоди Тоҷикистон дар шаш моҳи гузашта мусоид ба назар мерасид.
Тод Шнайдер, раҳбари маъмурияти СБП дар Тоҷикистон, пас аз дидору гуфтугӯ бо раисиҷумҳур дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: «Мо бо як ҳайат барои баррасии вазъи иқтисоди Тоҷикистон вориди ин кишвар шудем ва пас аз ду ҳафтаи таҳлилу баррасӣ дар бораи фаъолияти давлат дар бахши иқтисод барои шаш моҳи оянда ва соли оянда пешниҳодҳои худро ироа хоҳем кард».

Ҷаноби Шнайдер афзуд: «Мо масъалаи рушдро, ки дар шаш моҳи гузашта мусоид ба назар мерасид ва давлат рушди ҳаҷми маҷмаи маҳсулоти нохолиси дохилиро беш аз 7 дарсад муаррифи кард, рушди баланд мешуморем ва ин масъаларо бо мақомот баррасӣ хоҳем кард».

ХУШБИНИҲО ДАР БОРАИ ИҚТИСОДИ ТОҶИКИСТОН

Аксел Шпрингер, раиси ҳайати СБП
Моҳи апрели соли равон ҳайати Сандуқи байнулмилалии пул баъди ошноӣ бо вазъи Тоҷикистон тахмин карда буд, ки дурнамои рушди иқтисодии Тоҷикистон мусбат буда, шояд соли 2010-ум маҷмаи нохолиси миллӣ ба 4 дарсад баробар шавад.

Моҳи апрели соли равон Аксел Шиммелфенинг, раиси ҳайати СБП, гуфта буд, ки ирсоли маблағ аз тарафи муҳоҷирони кории тоҷик ба ватан афзоиш ёфта, ҳамзамон мизони содироти ҷумҳурӣ рӯ ба афзоиш аст. Бар илова ӯ таъкид карда буд, ки таъмини хуби аҳоливу корхонаҳо бо нерӯи барқ дар моҳҳои аввали соли 2010-ум ба рушди иқтисодии Тоҷикистон мусоидат кардааст.

РУШДИ ВОҚЕӢ Ё ОМОРӢ?

Вале вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҳаҷми рушди ВВП ё ҳаҷми Маҷмаи Маҳсулоти Нохолиси дохилиро аз ҳисоби дар шаш моҳи сипари боло рафтани қимати колоҳо дар бозорҳои дохили 7,4 дарсад таъин карда, инро рушди воқеӣ хондааст.

Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдо, дар нишасти матбуотии ахираш дар рушди воқеиро чунин тавзеҳ дода буд:

«Агар рушди реалиро гирем 7,4 фоиз, яъне 107,4 аст . Яъне мо нархҳои имрӯзаро ба нархҳои нимсолаи соли гузашта муқоиса кардем ва 7,4 дарсад зиёд шуд. Ин рушди воқеии иқтисод аст ва даромади аҳоли нисбат ба соли гузашта 14 фоиз зиёд шудааст».


ИСТИҚБОЛ АЗ ҚАТЪИ ТАШВИҚИ ФУРӮШИ САҲМИЯҲО

Зимнан моҳи июн Сандуқи байнулмилалии пул дар Вашингтон натиҷаи арзёбии аввал ва дуюми вазъи Тоҷикистон ба анҷом расонида, ваъда дод, ки имкони тавсеаи қарзгирии ҷумҳуриро ҳаллу фасл хоҳад кард. СБП изҳори қаноатмандӣ кард, ки ҷумҳурӣ ташвиқу тарғиби фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи обу барқи Роғунро хотима бахшидааст. Ба қавли кормандони СБП, фурӯши аз ҳад зиёди саҳмияҳо метавонист ба вазъи макроиқтисодии кишвар таъсири манфӣ расонад.

Сандуқи байнулмилалии пул кӯшишҳои истиқлоли энергетикии Тоҷикистон, аз ҷумла бунёди нерӯгоҳи Роғунро дастгирӣ намуда, ба Тоҷикистон машварат дод, ки ҳамроҳ бо Бонки ҷаҳонӣ экспертизаи обанбори онро такмил намояд. Билохира муовини аввали мудири иҷроияи СБП Ҷон Липский таҳкими назорат ва аудити Бонки миллии Тоҷикистонро қадрдонӣ намуд буд.

МУҲОҶИРОН - ПОЯИ ИҚТИСОДИ ТОҶИКИСТОН

Таҳқиқоти Сандуқи байнулмилалии пул аксаран бар пояи он иттилое дода мешавад, ки аз ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд. Тибқи ин омор, даромади аҳолии Тоҷикистон дар соли равон 14 дарсад боло рафтааст.

Ба гуфтаи Раҳматулло Валиев, коршиноси минтақа, зиёд шудани даромади мардум танҳо аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ аст. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи раиси Бонки миллӣ, интиқоли пул аз сӯи муҳоҷирони корӣ зиёд шудааст. Дар шаш моҳи гузашта танҳо муҳоҷирони кории Тоҷикистон аз Русия аз тариқи бонкҳо 1 миллиарду 700 миллион доллар интиқол додаанд.