Ин хабари кӯтоҳ аз як хонандаи торнамои "Озодӣ" бо номи Вафои Ҷӯрахон, аз шаҳри Кӯлоб, ба воситаи Facebook ба дасти мо расид. Ифтитоҳи маркази навро табрик мегӯем ва умедворем торнамои мо аз тариқи он хонандаи бештар пайдо хоҳад кард.
Дар шаҳри Кӯлоб бо дастгири Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази омӯзиши компютерӣ ва интернети ройгон кушода шуд. Маркази мазкур бо компютерхои навин муҷаҳҳазонида шуда, хар рӯз ҷавонони зиёде дар ин марказ аз шабакаи ҷаҳонии интернет истифода мебаранд.
Маркази Интернети ройгон дар муддати 4 моҳ бо дастгирии молиявии Кумита амал мекунад. Дар оянда боз сарпарастон ва имдодрасонҳои дигарро ҷалб намуда, фаъолияти худро густариш медиҳад.
Лоиҳаи ин маркази интернетиро намояндагии Иттиҳодияи ҷамъиятии «Ҷавонони асри 21»-и шаҳри Кӯлоб пешниҳод кард. Созмони мазкур аз пайравии суханҳову фармонҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ақиб намонда, ин пойгоҳро дар соли «Маориф ва фарҳанги техникӣ» ташкил намуд.
Дар маркази нав ҳамзамон зиёда аз бист нафар метавонанд, аз шабакаи ҷаҳонии итернет истифода кунанд.
Дар ин марказ донишчуёну хонандагони синфҳои болоӣ метавонанд аз сомонаҳои маърифатӣ ва омӯзишии гуногун истифода баранд, дар баҳсҳои илмӣ иштирок кунанд. Муассисони маркази нави компютерӣ ва интернетӣ нақша доранд, ки дар давоми 4 моҳ зиёда аз 5000 ҷавонони минтақаи Кӯлобро бо давраҳои таҳсилии кӯтоҳмуддат фаро бигиранд. Инчунин онҳо ҳамарӯза даҳҳо нафарро бо тарзи истифода аз шабакаи интернет ва почтаи электронӣ шинос мекунанд.