Ёдбуди қурбониёни ҳодисаи 11-уми сентябр

Барак Обама, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, мардуми кишварашро ба ваҳдату ягонагӣ даъват кард. Паёми навбатии Барак Обама ба мардуми Амрико, дар нӯҳумин солгарди ҳамлаҳои террористӣ ба шаҳрҳои Ню-Йорк ва Вошингтон пахш шуд.
Сарвари ИМА гуфт, ки ҳоли ҳозир кишварамон давраи душворро паси сар мекунад. Ва тавре дар ҳамин гуна лаҳзаҳо иттифоқ меуфтад, афроде пайдо мешаванд, ки бо эҳсоси одамон бозӣ мекунанд, мехоҳанд моро ҷудову кӯр бисозанд ва ба ин хотир бештар рӯи фарқ миёни мо тамаркуз мекунанд ва на ба он омилҳое, ки моро бо ҳам мепайванданд. Аммо маҳз ҳоли ҳозир мо бояд беҳтарин сифатҳои худро намоиш диҳем, ба доми ин гуна найрангҳо наафтем.

Обама мардумро ба иттиҳод даъват кард

Борак Обама дар идома суханаш афзуд"Мо бояд ҳамроҳ бошем, бояд паҳлӯ ба паҳлӯ мубориза барем. Мо намегузорем, ки сари мо тарс ҳукмрон бошад, мо онро бо умед ба фардо ва нақшаҳо бо хонаводаҳои худ, бо мардуми худ, бо фардои беҳтар барои худамон иваз хоҳем кард"

Қарор аст, ки Барак Обама имрӯз дар маросими ёдбуди қурбониёни ҳамлаҳои террористии рӯзи 11 сентябри соли 2001 дар Пентагон иштирок мекунад.

Дигар маросими ёдбуд дар шаҳри Ню-Йорк, дар макони биноҳои бар асари бархӯрди ҳавопаймоҳо харобшудаи Маркази ҷаҳонии тиҷорат, баргузор хоҳад шуд.

Қарор аст, ки дар ин ҷо ному насаби тақрибан се ҳазор қурбонии ҳамлаҳои террористӣ ба Ню-Йорк ва Вошингтон қироат шавад. Дар маросим, ноиби раиси ҷумҳур Ҷо Байден ширкат хоҳад кард.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар Ню-Йорк намоиши ҷонибдорон ва мухолифини бунёди масҷид дар дар ҷойи биноҳои фурӯрехтаи Созмони ҷаҳонии тиҷорат доир мешавад.

Рӯҳияи зиддиисломӣ дар ИМА боло рафтаст

Рӯзи ҷумъа Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, зимни суханронӣ дар Вошингтон, аз амрикоиҳо даъват кард, ки аз ҷудоиандозиҳои мазҳабӣ парҳез кунанд.


Дар ҳамин ҳол созмони Афви байнулмилалӣ ё Амnesty International аз афзоиши хушунат алайҳи мусалмонҳо ва боло рафтани рӯҳияи зиддиисломӣ дар Амрико изҳори нигаронӣ кардааст.

Як намунаи ин гуна рӯҳия, изҳороти ахири Терри Ҷонс, як рӯҳонии амрикоӣ дар бораи ба оташ афкандани нусхаҳои Қуръони маҷид аст.

Ахиран Терри Ҷонс эълом дошт, ки нияти худро бознигарӣ кардааст ва барои музокирот бо роҳбарони ҷамои мусалмонҳо дар мавриди бунёди масҷид ба Ню-Йорк меравад.

Эътирозҳо алайҳи Террӣ Ҷонс идома доранд

Ва аммо бо вуҷуди бознигарии тасмими рӯҳонӣ Террӣ Ҷонс, эътирозҳо алайҳи изҳороти пешини ӯ идома дорад.

Рӯзи шанбе издиҳоми бузурги аз тасмими сӯзонидани Қуръони маҷид бахашмомада, як постгоҳи полис ва чанд мағозаро ба оташ кашиданд.

Динмуҳаммад Дарвеш, як мансабдори маҳаллӣ гуфт, ки кормандони полис ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳамлаи издиҳом ба хонаи волии Лугар сӯи ҳаво тир андохтанд. Ба гуфтаи ӯ дар ин ҳодиса ба касе осеб нарасидааст.

Рӯзи ҷумъа, бар асари ҳамин гуна намоиши эътирозӣ дар канори пойгоҳи низомии Олмон дар шимоли Афғонистон, дасти кам се нафар маҷрӯҳ шуда буданд.

Ёдовар мешавем, 11 сентябри соли 2001, гурӯҳе чанд ҳавопаймои мусофирбарро рабуда, онҳоро ба биноҳои мӯҳташами Созмони ҷаҳонии тиҷорат ва Пентагон заданд.

Як ҳампаймои дигари рабудашуда дар аёлати Панселвания суқут кард.

Мақомоти ИМА дар ин ҳамлаҳо гурӯҳҳои ифротгарои исломӣ, аз ҷумла, созмони “Ал-Қоида”-ро айбдор карданд ва амалиёти зиддитеррористӣ алайҳи ин гурӯҳ ва ҷунбиши “Толибон”-ро дар Афғонистон шурӯъ намуданд.