Эъломи рӯзи мотам дар Осетияи Шимолӣ

Имрӯз дар ҷумҳурии Осетияи Шимолии Русия рӯзи мотами миллӣ аст. Дирӯз бар асари ҳамлаи маргталабонае дар Владикавказ, 17 нафар ҷони худро аз даст дода даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуданд. Бар тибқи иттилои табибон, ҳоло барои наҷоти ҷони як маҷрӯҳи дигар мубориза меравад, ки дар ҳолати шадидан вазнин қарор дорад.
17 ҚУРБОНИИ ҲАМЛАИ ИНТИҲОРӢ

Дар рӯзи мотами миллӣ дар ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ ҳама парчамҳо поин оварда шуданд. Шумори қурбониёни ҳамлаи интиҳории ахир дар Владикавказ ба 17 нафар расида, ҳоло табибон барои наҷоти ҷони як зани дигари шадидан маҷрӯҳшуда мубориза мебаранд. Як бахши қурбониҳоро рӯзи ҷумъа ба хок супурданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Suicide Bombing Rocks North Ossetia



Сокинони Осетияи Шимолӣ, ки аксарият аз ҳодисаи рухдода ҳанӯз ба худ наомадаанд, дар назди дарвозаи аслии бозор, маҳалли таркиши пурқурбонии мошини бомбгузоришуда гулдаставу шамъҳои фурӯзон мегузоранд. Хабарнигори бахши русии радиои Озодӣ Алан Тсхурбаев аз Владикавказ чунин гузориш медиҳад:

“Таркиш чунон сахт буд, ки тирезаҳои сохтмони воқеъ дар масофаи ду километр аз саҳнаи таркиш ларзид”.

Ҳоло ҳудудан 100 нафар дар шифохонаҳо буда аз миёни онҳо 11 нафар захми хеле зиёд доранд. Ин беморҳоро бо ҳавопаймо ба Маскав интиқол додаанд. Аз миёни панҷ нафаре, ки ҳолаташон хеле сангин мебошад, як тифли сесола ҳам мебошад. Бародари 18-солаи ӯ дар таркиши рӯзи панҷшанбе куша шуд.

НАҚЛИ ШОҲИДОНИ ҲОДИСА

Як тоҷири бозор бо номи Зара, ки дар таркиш хоҳарашро аз даст додааст, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт:

“Вай мурд. Дар наздаш як кӯдаки хурдсол буд, ки аз пояш ҷудо шуд, зинда монд. Ду ҷавон ӯро баъд бардошта ба мошини ёрии таъҷилӣ бурданд. Он ҷо як марду як зани кӯҳансол буданд, ки ҷон доданд”.

Як мард бо номи Артур, ки дар наздикии бозор зиндагӣ мекунад, гуфт, ки баъди таркиш мардум барои интиқоли маҷрӯҳон ба касалхонаҳо кӯмак мекарданд:

“Ҳар кас кӯмаке, ки аз дасташ меомад, мекард. Ман дидам, ки панҷ маҷрӯҳро ба аробаҳои боркашонӣ шинонда мебурданд”.

МАСКАВ ҲАМЛАРО МАҲКУМ КАРД

Ҳодисаи ахирро раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев дафъатан маҳкум кард ва ба хонаводаҳои қурбониҳо тасаллият гуфт. Вай гуфт, ба “авбошҳо гапи зиёд нашояд, онҳо бояд нобуд шаванд”. Нахуствазир Владимир Путин гуфт, ки ҳадафи ҳамлагарон ҷанг андохтани сокинони Русия будааст. Александр Бортников, раҳбари хадамоти амнияти федеролӣ гуфт, гумонбаршудагони ин ҳодиса боздошт шудаанд. Бо дастури Медведев Бортников ба Владикавказ сафар кардааст.

Дар заминаи тафсилоти ҳодисаи таркиш мақомот мегӯянд, мошини таркида ба хоки Осетияи Шимолӣ аз Ингушистон ҳамагӣ 30 дақиқа пеш аз таркиш ворид шудааст. Ин хунбортарин ҳодиса баъди таркиши дугонае дар моҳи март аст, ки дар метрои Маскав рух дод ва ҷони 40 нафарро гирифт.

Таркиши ахир бори дигар аз нотавониҳои Кремлин дар баробари мавҷи афзояндаи шӯришиён дар Қафқоз гувоҳӣ медиҳад. Аксар мақомоти маҳаллӣ ва гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, ки фақру нодорӣ, фасод ва хилофкориҳои нирӯҳои амниятии Русия боиси афзоиши эҳсоси норизоият аз ҳукумати марказӣ мешавад.

Осетияи Шимолӣ танҳо ҷумҳурии қафқозист, ки аксари сокинонаш масеҳӣ буда назар ба дигар манотиқ камтар шоҳиди хушунатҳои хунин шудааст. Вале айни замон, ҳодисаи гаравгонгирии мактаббачаҳои Беслан сентябри соли 2004, ки ҷони 330 кудаку калонсолро гирифт, аз даҳшаттарин кори гурӯҳҳои террористӣ унвон мешавад.