Раҳбари калисои пентекосталии Dove World Outreach Center Pentecostal рӯзи панҷшанбе эълон карда буд, ки маъракаи оташ задани нусхаҳои Қуръонро лағв кардааст, зеро раҳбари тарҳи баҳсбарангези бунёди маркази исломӣ дар наздикии маҳалли Маркази Ҷаҳонии Тиҷорат, ки дар 11 сентябри соли 2001 ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифт, ҷиҳати ба як макони дигари кӯчондани ин сохтмон тааҳҳуд кардааст. Аммо имоми масъули тарҳи бунёди ин тарҳ дар Ню-Йорк гуфт, ки кадом муомилае дар заминаи ба ҷои дигар кӯчондани ин маркази исломӣ сурат нагирифтааст. Ба дунбол, Ҷонс гуфт, ки акнун дигарбора фикр дорад, ки “Рӯзи байналалмилалии оташ задани Қуръон"-ро амалӣ кунад ё хайр.
Ташаббуси оташ задани Қуръон дар рӯзи нуҳумин солгарди ҳамлаҳои террористӣ болои шаҳрҳои ИМА аз ҷониби президенти ИМА Барак Обама танқид шуд. Ӯ гуфт, ки ин амал як ҷоиза барои басиҷ ба гурӯҳҳои террористии шабеҳи Ал-Қоида мебошад.
Шоми панҷшанбе роҳиб Ҷонс гуфт, барномаи оташ задани Қуръон лағв шуд, зеро муаллифони тарҳи масҷид дар канори Маркази Ҷаҳонии Тиҷорат ризоят додаанд, ки маркази мусулмонон ба ҷои дигар кӯчонида шавад.
"Имом розӣ шуд, масҷидашро ба ҷои дигар барад. Мо ҳам нақшаи оташ задаи Қуръонро лағв кардем. Ман рӯзи шанбе ба Нюйорк меравам, то бо ӯ мулоқот кунам."
Вале Файсал Абдуррауф раҳбари лоиҳаи бунёди масҷид дар Нюйорк изҳороти Ҷонсро рад кард ва афзуд, ки ба тағйири макони масҷид мувофиқат накардааст.
Дар паи он Ҷонс иброз дошт, ки як имом дар Флорида ба ӯ иттилои нодуруст дода буд ва ӯ қарорашро бознигарӣ мекунад. Ҷонс дар сӯҳбат бо телевизионҳои маҳаллии ИМА гуфт, маъракаи оташ задани Қуръон на лағв, балки мутаваққиф шудааст.
Нақшаи оташ задани Қуръон мавриди интиқоди раҳбарони сиёсиву динии кишварҳои мухталифи олам қарор гирифт.
Вазорати мудофиаи ИМА мегӯяд, ки қабл аз нашри изҳороти Ҷонс вазири мудофиа Роберт Гейтс дар як сӯҳбати телефонӣ аз роҳиби калисои Dove World Outreach Center дархост намуд, нақшаи оташ задани Қуръонро лағв кунад.
Президент Обама иброз дошт, ки оташ задани Қуръон Афғонистон ва Покистон барин кишварҳоро ноором мекунад. Ҳамзамон раҳбарони кишварҳои исломии амсоли Индонезия, Малайзия ва Ҳиндустон аз президент Обама тақозо карданд, ки ба иҷрои нақшаи Ҷонс имкон надиҳад.
Калисои Dove World Outreach Center ҳамагӣ 50 пайрав дорад. Ҷонс ду сол инҷониб сарварии ин калисоро бар дӯш гирифтааст. То он замон Ҷонс роҳиби яке аз калисоҳои инҷилӣ ё худ евангелистҳои Олмон будааст, ки аз тарафи худи ӯ дар солҳои ҳаштодуми қарни гузашта бунёд шуда буд.
Соли 2008-ум раҳбарони калисои Олмон Ҷонсро аз мақомаш барканор намуданд, зеро ӯ ба " суханрониҳои нодурусти динӣ ва парастиши шахсияташ" роҳ дода буд. Аъзои калисои шаҳри Кёлни Олмон мегӯянд, дар давраи пешвоии Ҷонс калисои ин шаҳрро " фазои хавф ва назорат" фаро гирифта буд.
.